Тайланд, Ветнам, Тайван ҳарифони мунтахаби футзали Тоҷикистон шуданд
Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии сабқати қаҳрамонии Осиё-2016 муайян гардиданд.
Тавре Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, дар пайи қуръакашӣ мунтахаби футзали Тоҷикистон ҳамроҳ бо тимҳои миллии Тайланд, Ветнам ва Тайван шомили гуруҳи “С” шудааст. Бозии ин дастаҳо аз 10 то 21 феврали соли 2016 дар пойтахти Узбакистон -- шаҳри Тошканд баргузор хоҳад гашт.
Ба иттилои манбаъ, тими футзали Тоҷикистон дар ҳоли ғолибият бар ҳамдастаҳояш бо ғолиби тими “D”, ки дар он дастаҳои Ҷопон, Австралия, Малайзия ва Қатар шомиланд, рақобат мекунад.
Панҷ дастаи беҳтарини мусобиқоти футзали Осиё-2016 барои иштирок ба чемпионати ҷаҳон-2016, ки 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор мегардад, роҳхат мегиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |