Шаҳраки донишҷӯёни Хоруғ як сол барвақтар мавриди истифода қарор мегирад (АКС)
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти Бадахшон моҳи сентябри соли 2017 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин нуктаро Грант Робертсон, раҳбари иншооти сохтмонии донишгоҳи мазкур имрӯз 4 декабр изҳор доштааст.
Ӯ ҳангоми суханронӣ дар маҳалли сохтмон гуфтааст, “аз аввал анҷоми марҳилаи нахустини сохтмонро дар соли 2018 ба нақша гирифта будем, вале ҳоло мақсад дорем, шаҳраки донишҷӯёнро як сол пештар, яъне дар соли 2017 ба истифода диҳем".
Ба иттиллои Грант Робертсон, 95 дарсади корҳои сохтмонии донишгоҳро сокинони маҳаллӣ анҷом медиҳанд. Ӯ гуфта, ки як ширкати маҳалии Хоруғ тибқи қарордод 600 сохтмончиро бо хурок таъмин мекунад.
Сармояи умумии сохтмони марҳилаи аввали шаҳраки донишҷӯёни Хоруғ 94.4 миллион доллар гуфта шудааст, ки 64,4 миллион доллари онро Ташкилоти Оғохон оид ба рушд ва 30 миллиони дигарро Корпоратсияи сармоягузории хусусии хориҷӣ, (КСХХ), муассисаи рушди молиявии Ҳукумати ИМА медиҳанд.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) соли 2000 таъсис шуда, раисиҷумҳурони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Шаҳзода Оқохон зери “Шартномаи байналмилалии муассисон ва Низомномаи Донишгоҳи хусусӣ-дунявӣ” имзо гузоштанд. Ин санад аз ҷониби парлумонҳои ин кишварҳо ба тавсиб расида, дар Созмони милали муттаҳид ба қайд гирифта шудаст.
“Омӯзиши замину муҳит” ва “Иқтисодиёт” риштаҳои аввалини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар дар бинои шаҳри Хоруғ мебошанд, ки донишҷӯёнро соҳиби дараҷаи бакалавриат мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |