Бахшҳо
07 дек 2015 11:10Тоҷикистон / Сиёсат

Ирсоли тарҳи қонуни “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” барои қабул ба парлумон

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 7 декабр лоиҳаи қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро баррасӣ ва онро барои қабул ба ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон ирсол кардааст.

Муҳамадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, лоиҳаи қонуни мазкурро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода баррасӣ намуда, гуфтааст, "лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи гуруҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар ҷиҳати ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ атрофии ғояҳои созандаю бунёдкорона, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, таҳия ва пешниҳод гардидааст”.

Ба иттилои манбаъ, ин лоиҳа аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, дар он мафҳуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, салоҳиятҳо, орден ва ҷоизаи давлатӣ, дахлнопазирӣ ва кафолатҳои амнияту таъминоти иҷтимоии Пешвои миллат ба низом дароварда шудаанд.

Оқои Султонов афзуд, Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро баъд аз баррасӣ ба иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон даъвати панҷум, ки рӯзи чоршанбе (9 декабр) баргузор мегардад, пешниҳод намудаанд.

23 моҳи рафта низ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” баррасӣ гардида буд. Он вақт гуфта шуд, лоиҳаи мазкур барои хулосабарорӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ирсол гардидааст.

Пешниҳоди пешвои миллат унвон додани Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли равон аз сӯи Носир Салимӣ, раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон садо дода буд. Онҳо дар як матлаб ба арзёбии нақш ва рисолати пешво дар тӯли таърих пардохта, шахсиятҳое аз қабили Рузвелт, Дэн Сяопин, Ли Куан ва Махатхир Муҳаммадро пешвоҳои муваффақи миллӣ хонда, Эмомалӣ Раҳмонро ҳам аз қабили онҳо донистаанд: “Саргузашти пешвои мо дар оғоз ба ҳолати сиёсии роҳбарони миллии муваффақ, ки зикрашон гузашт, шабеҳаст. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки рисолати асосии пешво – ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои миллӣ мебошад”.

Баъди чанд рӯз, як гуруҳ аз донишмандон, бо шумули Бобоҷон Самиев, Рамазон Назариев докторҳои илми фалсафа, Зикров Ҳ, ва Р. Давлатов номзадҳои илми фалсафа бо дастгирӣ аз матлаби Носир Салимӣ ва Холмаҳмад Самеъ дар мақолае бо номи “Пешво ифодагари ваҳдату қудрати давлат аст”, иддао карданд, Эмомалӣ Раҳмон шоистаи пешвои миллат ном гирифтан мебошад.

Аммо Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон он замон дар матлабе, ки “Дурнамои идеяи “пешвои миллат” дар Тоҷикистон” унвон дошт, ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат кард. Пажуҳандагони ин Маркази Академияи илмҳо гуфтанд, тарҳи мавзӯи “Пешвои миллат” метавонад дар раванди демократикунонии ҷомеа саддеро ба вуҷуд оварда, ояндаи давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро зери суол гузорад: “Зеро дар ҳеч як кишвари демократӣ чунин масъалагузорӣ дурнамои рушди ҷомеаро муайян накардааст ва нахоҳад кард, чунки ҳар давлати демократӣ такя ба мардум мекунад ва ҳукуматҳои ин гуна давлатҳо аз иродаи мардум сарчашма мегиранд”.

Ахиран, Ҳаким Абдуллоҳ Раҳнамо, як масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ дар матлабе таъкид кард, “мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ боварӣ ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан табиӣ пешвои миллат будан”. Ӯ афзуд, бо таваҷҷуҳ ба ин пешвои миллӣ будани раисиҷумҳур мавзӯи савол ва баҳс нест, балки як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист.
Мӯҳр
Рузвелт
Рузвелт - president bud na peshvo!!!!!!!!!!

Охир ман хайронам авалаш ин ки бо он одамхое ки сулх кардан барои чи террорист эълонаш кардан? Дуюм ин ки дар давлатхои демократии пешвои миллат гуфтан ин худ диктатори мешавад. . Депутатони мухтарам шумо авалан фикри халкро кунед вакте мардум осуда бошад хеч кас фаромуш намекунад ки Раиси чумхур хизмат кардааст мардум кариб 50% камбагалона Зинаги мекунанд. Бас будагист чаноби Оли пешвои миллат ё начотбахши милат... Начотбахш як Холик аст

ачаб кору боре
"...мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар..." ???
Харрро хандааш омад...

Аз кор набудана ин депутатхои мухтарам ва номухтарами мо чи кор карданашонро намедонанд.
Шумо проблемахои дигарро бинед ба монанди Долар барои чи боло рафта истодааст. Патенти мухочирон се маротиба боло рафт ва гайра
ин гуна масъалахоро дидан лозим на ин ки лаганд бардориро.

ОЗОДАГОН илтимос чон кун!

падхалим
Офарин ба Арманистон, дируз интихоботи озоду демократи гузаронида тасмим доранд шакли президентиро бархам дода тарзи идораи парлумониро ташкил медиханд ва ба ин васила кишварашон тараки карда адолату конуният тантана мекунад ва халк осуда мешавад.

Baroyi peshvoyi millat,Padari millat, Sulh ofaru sulh parvari millat...........!

Илох умри Ту аз умри Хизр бештар гардад.
Нихоли коматат аз сарви чаннат пурсамар гардад
Ба хар чое кадам мони, пайи пойи ту зар гардад.
Кучое душманат бошад, илохо куру кар гардад.

(омин, омин, оми)...!

Дермократия
Бхур бчар бгард. Озодагон як чахон ташаккур

Хахахаха то чоли 2020 дар Точикистон одам намемонад , хама шахрвандии Россияро мегирад , Пешвои Миллат бо депутатхояш мемонаду бас! Чоп кунед хохишмандамхохишмандам!

Хоркаш
Пештар ман гуфта будем, боз як бори дигар мегуям, ин "ташаббусҳо" танҳо барои як чиз аст. Ана ин қисмате аз қонуни қазоқистонро бинед ки депутатҳои "ташаббускори" мо онро як ба як нусхабардорӣ кардаанд. Ба ҷое Казахстан таджикистан монед шуда рафтан мегирад.
Озодагон чоп кунетон.

Статья 3. Неприкосновенность Первого Президента Республики Казахстан - Лидера Нации
....
Неприкосновенность распространяется на все имущество, принадлежащее на праве частной собственности Первому Президенту Республики Казахстан - Лидеру Нации и совместно прожи­вающим с ним членам его семьи, а также на используемые ими жилые и служебные помещения, служебный транспорт, средства связи, переписку, принадлежащие им документы.

На имущество, принадлежащее на праве частной собственности Первому Президенту Республики Казахстан - Лидеру Нации и совместно проживающим с ним членам его семьи, не могут быть наложены какие бы то ни было ограничения.

Гарантируются банковская тайна и неприкосновенность банковских счетов Первого Президента Республики Казахстан - Лидера Нации и совместно проживающих с ним членов его семьи.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)