Бахшҳо

Тавсияи Бонки миллӣ барои аз кор озод кардани саррофоне, ки “камбудиҳои ҷиддӣ” доранд

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи санҷишҳои муштарак бо Оҷонсии зидди коррупсия “камбудиҳои ҷиддии 12 нуқтаҳои мубодилаи асъор”-ро ошкор кардааст.

Аз дафтари матбуоти ин ниҳоди молӣ иттилоъ доданд, ин санҷишҳо, ки рӯзҳои 3 ва 4 декабр гузаронида шуд, маълум кард, кормандони бархе саррофиҳо бо фармоиши саридораи ташкилотҳои қарзӣ аллакай фаъолияти худро боздоштаанд: “Бо вуҷуди он ки дар ин рӯзҳо шумораи ҳолатҳои бешомаду камомади маблағҳои пулӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор кам гардида бошад ҳам, камбудиҳо дар фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори “Ориёнбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”, “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк”, “Агроинвестбонк”, “Соҳибкорбонк” ва ТАҚХ “Васлат” аз қабили мавҷуд набудани дафтари сабти хариду фурӯши асъор, худсарона муайян намудани қурби хариду фурӯши асъор, набудани китоби бақайдгирии санҷишҳои саридораи бонк, ҷой доштани фарқ байни қурбнома ва фармоиши саридора ба қайд гирифта шуданд”.

Манбаъ мегӯяд, корманди нуқтаи мубодилаи асъори “Тоҷиксодиротбонк”, воқеъ дар даромадгоҳи бозори “Варзоб” Абдуллоев Ф., дар ҳолати доштани асъори хориҷӣ ба хотири ҳаннотӣ аз фурӯши асъор бо қурби муқарраршуда ва қонеъ кардани талаботи мизоҷон худдорӣ мекардааст: “Дар робита ба ҳолатҳои ошкоршуда аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон нисбати “Ориёнбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”, “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк”, “Соҳибкорбонк”, “Агроинвестбонк” ва ТАҚХ “Васлат” чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ андешида шуда, ба ин ташкилотҳои қарзӣ тавсия дода шуд, ки кормандони он нуқтаҳои мубодилаи асъор, ки ба камбудиҳои ҷиддӣ ҷой додаанд, аз кор озод намоянд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)