Бахшҳо

Қабули қонун дар бораи Пешво баъди шеърхониҳо ва баромади наздики 30 вакил

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 9 декабр лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат"-ро ба тасвиб расонд ва расман ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур унвони Пешвои миллатро дод.

Ба ҳимоят аз ин қонун наздики 30 вакил баромад карданд. Зафар Исмоилзода пуштибонии худро бо шеъри Муҳаммад Ғоиб, ки ба Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, баён кард. Ориф Ҳакимов низ бо қироати як шеъри узбакӣ аз эълони Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллат ҷонибдорӣ намуд.

Абдураҳим Холиқзода, вакили парлумон ва собиқ раиси Кумитаи дини Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” изҳор дошт, он аз 16 модда ва 33 қисм иборат аст. Ба иттилои Холиқзода, ба моддаи як аломатҳои сиёсӣ ва хизматҳои таърихии пешвои миллат ворид шуда, моддаҳои 3, 4 ва 11 салоҳият ва рамзҳои пешвои миллатро фаро мегиранд: "Аз ҷумла пешвои миллат ҳуқуқ дорад, ба мардуми кишвар ва мансабдорҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳим муроҷиат кунад". Моддаи 8 дахлнопазирии пешвои миллатро пешбинӣ кардааст.

Холиқзода афзуд, моддаҳои 6, 9, 12 ва 13 механизмҳои мусоидат ба фаъолияти пешвои миллатро муайян намудаанд: “Аз ҷумла сухан дар бораи таъмин бо нақлиёт, хизматрасониҳои тиббӣ, таъмини манзил ва ғайра меравад”.

Ба гуфтаи ӯ, моддаҳои 14-15-16 масоили маблағугзориҳою хароҷот ва мавриди амал қарор гирифтани ҳамин лоиҳаро фаро гирифтаанд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аснои муаррифии лоиҳаи қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”, изҳор дошт, он мухолифи арзишҳои демократӣ набуда, ҳадафи лоиҳаро ҳифзи корҳои нек, муттаҳидсозии мардум, нигоҳ доштани давлати демокративу ҳуқуқбунёд гуфт.

Оқои Зуҳуров афзуд, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки доштани пешвои миллат шарт ва зарур аст. Ӯ дар идома гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат қаҳрамон аст ва дар ӯ сифатҳои зиёди инсонӣ дида мешавад.

ВИДЕОРО ИНҶО БУБИНЕД

Саидҷаъфар Исмонов, вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон низ аз лоиҳаи қонун ҳимоят карда, афзуд, доштани пешвои миллат тақозои замону эҳтиёҷоти миллии мардуми Тоҷикистон мебошад. Исмонов бузургии Эмомалӣ Раҳмонро дар он донист, ки гуруҳҳоеро сари идеяи миллӣ ҷамъ овард, ки якдигарро чашми дидан надоштанд. Раиси демократҳо тамоми муваффақиятҳо дар сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистонро дастоварди Эмомалӣ Раҳмон хонд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 9 декабр лоиҳаи қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро баррасӣ хоҳанд кард. Ин лоиҳа рӯзи 7 декабр дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд ва барои қабул ба ҷаласа палатаи поёнӣ ирсол гардид.

Муҳамадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, лоиҳаи қонуни мазкурро дар шӯро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ -- Абдураҳим Холиқзода баррасӣ намуда, гуфтааст, "лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи гуруҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар ҷиҳати ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ атрофии ғояҳои созандаю бунёдкорона, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, таҳия ва пешниҳод гардидааст”.

Ба иттилои манбаъ, ин лоиҳа аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, дар он мафҳуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, салоҳиятҳо, орден ва ҷоизаи давлатӣ, дахлнопазирӣ ва кафолатҳои амнияту таъминоти иҷтимоии Пешвои миллат ба низом дароварда шудаанд.

23 моҳи рафта низ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” баррасӣ гардида буд. Он вақт гуфта шуд, лоиҳаи мазкур барои хулосабарорӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ирсол гардидааст.

Пешниҳоди пешвои миллат унвон додани Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли равон аз сӯи Носир Салимӣ, раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон садо дода буд. Онҳо дар як матлаб ба арзёбии нақш ва рисолати пешво дар тӯли таърих пардохта, шахсиятҳое аз қабили Рузвелт, Дэн Сяопин, Ли Куан ва Махатхир Муҳаммадро пешвоҳои муваффақи миллӣ хонда, Эмомалӣ Раҳмонро ҳам аз қабили онҳо донистаанд: “Саргузашти пешвои мо дар оғоз ба ҳолати сиёсии роҳбарони миллии муваффақ, ки зикрашон гузашт, шабеҳаст. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки рисолати асосии пешво – ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои миллӣ мебошад”.

Баъди чанд рӯз, як гуруҳ аз донишмандон, бо шумули Бобоҷон Самиев, Рамазон Назариев докторҳои илми фалсафа, Зикров Ҳ, ва Р. Давлатов номзадҳои илми фалсафа бо дастгирӣ аз матлаби Носир Салимӣ ва Холмаҳмад Самеъ дар мақолае бо номи “Пешво ифодагари ваҳдату қудрати давлат аст”, иддао карданд, Эмомалӣ Раҳмон шоистаи пешвои миллат ном гирифтан мебошад.

Аммо Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон он замон дар матлабе, ки “Дурнамои идеяи “пешвои миллат” дар Тоҷикистон” унвон дошт, ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат кард. Пажуҳандагони ин Маркази Академияи илмҳо гуфтанд, тарҳи мавзӯи “Пешвои миллат” метавонад дар раванди демократикунонии ҷомеа саддеро ба вуҷуд оварда, ояндаи давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро зери суол гузорад: “Зеро дар ҳеч як кишвари демократӣ чунин масъалагузорӣ дурнамои рушди ҷомеаро муайян накардааст ва нахоҳад кард, чунки ҳар давлати демократӣ такя ба мардум мекунад ва ҳукуматҳои ин гуна давлатҳо аз иродаи мардум сарчашма мегиранд”.

Ахиран, Ҳаким Абдуллоҳ Раҳнамо, як масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ дар матлабе таъкид кард, “мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ боварӣ ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан табиӣ пешвои миллат будан”. Ӯ афзуд, бо таваҷҷуҳ ба ин пешвои миллӣ будани раисиҷумҳур мавзӯи савол ва баҳс нест, балки як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист.
Мӯҳр
Хамаи хамин модахоро Э.Рахмон дошт боз чи лозим буд кабули ин хаму бобу абвоб, Парлумон як мушкилии мардумро хал мекард охир.

Э кандотона бзанен вакилои халки мусобика кнен кани ки шери хуб мехона дар васфи приздент мардми бадахшона парво накнен бехонахам мегардан мушкилии пешвои милата халкнен аз хама зарур хамин аст. Хайр аку вакилтонки монд магарам дига шерхони книв 4када зада конунша кабул кни. Неки вакило илтимос хтона вакили халк нагирен хама механдад охир ба хама маълум ки шуморо ки вакил интихоб кардааст.

Насим
зур шдай, диаг хама чо обу барк арзон мешавад. фабрику завод дигар ба корда медарод мардими гишна дигар сер мешавад

САлом алейкум ростибор шармам меояд аз кори вакилон ва лаганбардорон .о имруз ҳамаҷо кризис кор нест барқ нест газ нест маоши дуруст нест порахури ба авҷи аъло зиёдшавии гуруҳои тундрав дузии мардум хусусан занон худкушии ҷавонон беқурбшавии сомон баланшавии нарху наво умуман беинсофи беҳикмати камхирадии раисон,баландшавии маблағи хониши донишҷӯён хай ҷаноби оли вақташда халқба хизмат кард қаҳрамон шуд акнун дигараш чи лозим ҷои инба яксола маблағи хониши донишҷуйҳоя диҳетон ана ин аз руи адолат мешавад.ҷомера ба ду гуруҳ тақсим кардетон

Кулоби
Эмомали рахмона Худо ба мо додаст ХУДО ПРЕЗДЕНТИ МОРА ДАР хифзу амона нигах бидор

0256
хай агар мисли туркману казок зиндаги мекардем майлаш буд лекин хама саргар донай ку рафикон

Мирзо
Аз 3 1% хиссаи точикон дар мусофиратхо(холати онхоро намегуем) 0,5% хиссаи он даст ба худкушиву,танфурушиву гадои задаанд.1,5 хиссаи он хаёти сангу сахт доранд ва моя хаёташон хамин мусофирони Руссия аст.боки 0,5 % аз хешу табору лаганбардору хушоомадгу хастанд.
Точикистон дар вартаи кашокиву пасти,бухрони сахти иктисоди,бебарки,беоби,садхо мушкилоти сиёсиву иктисодиву ичтимои Ин хама монда хар сол "иди кадуву,харбуза"-ву фестивали "оши палаву",рузи парчам Ин хама кам буд боз "подшохии доими"ва "пешвои миллат"
Оё назари халкро дар ин маврид пурсидаед?

Хоркаш
Рузвелт, Дэн Сяопин, Ли Куан ва Махатхир Муҳаммад дар бораи пешвои миллат номидани ин нафарон ягон қонун ё қароре вуҷуд надорад. Баъдан ҳам, пас аз сари қудрат рафтан не ин нафарон ва не аъзоҳои олиаи онҳо ҳеҷ гуна дахлнопазирӣ ё имтиёз дар назди қонун надоштаанд.
Мӯҳтарам Зуҳуров, Шумо шахсан аз ин фактҳои таърихӣ огоҳ ҳастед. Чаро дидаву дониста, номусфурӯшӣ мекунед, ба ин миллат хисмати хирсона карда истодаед?!!
Шарм доред, камекак. Айб аст, аз лиҳози Худо!

Мухочир
як шахрванд
Ба Худо касам шеърхои шоирои имрузаи мо аз баъзеашоназ хамон Репхои бемаънии сарояндахоямон мехонанд хеч фарк надоранд. Абдуллои Рахнамо мегуяд,“мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ боварӣ ва эътимод дорад. як сухани гузаштагон хеч аз ёдам намеравад. "Вактеки касеро фиреб мекуни фикр накунки У ахмак аст , У аз хад зиёд ба Ту бовар кардааст" Бо гирифтани ин унвон масъали газ, барк, иктисодиёт, ба манзил таъмин шудани кадрхои чавон, омузгорон, маоши хизматчиёни давлати, мухочирони бечора, корчуён Кай хал мешавад. ОГОИ АБДУЛЛОИ РОХНАМО?

Айбаст баХУДО Камбуди Халки Кашок Хамада Зиедаст.Мухочират Бесвети Кимати Вагайра.Шмобошен Шерхони Мекнен

Худоро 1000 бор шукр ки мухочирам кард аммо чунин вакил не холи ин вакилонро мебинаму дилам аз хама мемонад.

jjjj
САЛОМ МАН ЧАНДСОЛИ ПЕШИ ЯК НАФАРРО АЗ ОБ НАЧОТ ДОДА БУДАМ АЗ ШУРОИ МАЧЛИСИ НАМОЯНАГОН ХОХИШ МЕНАМОЯМ КИ МАРО ПЕШВОИ ДЕХААМОН ЭЪЛОН КУНАНД

Шоҳ
хуш омадед ба Аморати Тоҷикистон.

99
Мегум, ҳами одамо, шаво чӣ хел ховшон мебурда боша, а?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)