Русия дар бораи интиқоли полки 149 аз Кӯлоб ба Душанбе
Вазорати дифои Русия аз анҷоми интиқоли полки тирандози савораи 149-и пойгоҳи 201 аз шаҳри Кӯлоб ба Душанбе хабар додааст.
Тибқи иттилоияи Вазорати дифои Русия тағйири мавқеи полки 149-ум бо мақсади пурзӯр кардани имконоти ҷангии пойгоҳи 201 дар муҳлати мувофиқашуда бо ҷониби Тоҷикистон амалӣ шудааст. Вазорати дифои Русия таъкид мекунад, ки интиқоли полк аз Кӯлоб ба масофаи 250 километр дар мувофиқа бо Вазорати дифои Тоҷикистон сурат гирифт: “Полки 149-ум дар Душанбе ҷойгир шуда, аллакай дар тамрингоҳи Лоҳури назди Душанбе ба машқҳои низомӣ оғоз кардааст”.
Мақомоти Русия таъкид мекунанд, ки кӯчондани полки 149 ба Душанбе ба теъдоди низомиён ва ҳадафи пойгоҳи 201 таъсире нахоҳад дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |