Бахшҳо

Ифшои 2 сабаби марги Умаралӣ: Ӯ дар хона ҳам мефавтид

Расонаҳои Русия натиҷаи ташхиси марги Умаралӣ Назаров, кӯдаки 5-моҳаи тоҷикро нашр кардаанд, ки тибқи он фавти Умаралӣ ногузир буд.

Тибқи натиҷаи ташхиси нав, ки имрӯз, 16 декабр бояд дастраси наздикони Умаралӣ шавад, сабаби марг-парагрипп ва ситомегалавирус мебошанд. Ташхиси нав муайян кардааст, ки гӯиё Умаралӣ чанд рӯзи қабл аз интиқолаш ба пулис ба бемории парагрипп мубтало шудааст, аммо волидонаш ӯро муолиҷа накардаанд: “Дар баробари ин Умаралӣ ҳанӯз дар батни модараш бо ситомегаловирус сироят ёфтааст ва бемориҳо яке болои дигар зам шуда, бо марг анҷомидаанд”.

Ташхисгарон таъкид кардаанд, ки марги Умаралӣ дар шаби 13 октябр ногузир буд. “Агар Умаралӣ Назаровро ба пулису беморхона интиқол ҳам намедоданд, ӯ шаби 13 ба 14 октябр дар хона мефавтид”-гуфтааст яке аз ташхисгарон дар суҳбат бо “lifenews78”.

Умаралӣ Назаров, навзоди тоҷик 13 октябри соли равон дар пайи боздошти модараш Зарина Юнусова аз сӯи пулиси ноҳияи Адмирали шаҳри Петербург дар беморхонаи Сембалина ба таври мармуз ҷон дод. Зарина бо иттиҳоми нақзи қавоиди буду бош аз Русия депорт шуд. Сарраёсати тафтишотии Русия Рустам Назаров, падари Умаралиро расман ҷабрдида эълом кард. Ба ин далел ӯ ҳуқуқ дорад, то анҷоми таҳқиқи парвандаи писараш дар қаламрави Русия бимонад.

Пизишкони додгоҳии Русия далели марги Умаралӣ Назаровро ситомегаловирус гуфтанд. Аммо 4 декабр Муқаддас Абдураҳмонова, вакили мудофеи Зарина Юнусова, модари Умаралӣ аз қавли пизишкони додгоҳии Тоҷикистон гуфт, дар хуни ӯ ангезаи ситомегаловирус дида нашудааст.
Мӯҳр
Суман
Боз Модари Точик Сохиб пайдо накард Озодагон барои чи чоп намекуни чоп бикун

Шахрванд
Ин хамма афсонахои Руссияи аст! Ин аблах фикр мекунанд ки ба ин афсонахо онхоро мардуми точик бовар мекунад.
Не хеч гох!!!
Ин хамон хастанд ки пештар мегуфтанд ки артиши онхо дар Шарки Украина хузур надоранд вале маълум шуд ки хазорон нафар афсаронро ба он чо барои чанг кардан бо хукумати конунии Украин рои кардаанд. Инхо хамон хастанд ки гайри конуни ба воситаи силох Кримро гирифтанд. Инхо хамони хастанд ки Осетияи Чанубиро бо Абхазистон заминхои конунии Грузияро гасб карданд.
Он точике ба ин тачовузгарон бовар мекунад у ё хиёнаткор аст ё аз акл бегона.

99
Бинед ва шунавед, тоҷикои азизи уруспараст!!!
Урус барои "исботи" як дуруғи гуфтаи худ тайёр аст, ки тамоми мардуми тоҷика қурбон кунад!!!
Барои инҳо ҳақиқат ҳеҷ гоҳ муҳимм набуд ва намешавад ҳам. Таърихи ин миллат инро сад бор исбот кардааст.
Бинед, худашон барои як тайёраи ҷангиашон, ки дар ҷанг талаф шуд, Туркияро чӣ кор карда истодаанд. Ҳоло он, ки ун ҷо ҷанг аст ва ҳар кор шуданаш мумкин. Як руси бозоршинро пурсиданд, мегӯяд: "аз гуруснагӣ мемерему, моли туркро намефурӯшем".
Ман сад дар сад боварӣ дорам ва боз мегӯям, ки агар чунин корро тоҷике дар ҳаққи рус мекард, онҳо кайҳо Тоҷикистонро бомбаборон мекарданд!!!
Бинед, каме хатарро ҳис карда, полкашонро аз Кулоб бароварданд! Шумо гумон мекунед, ки рус аз сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон, бо хоҳиши давлати Тоҷикистон рафт? Аз тарс рафт, чунки агар мемонд, афғонҳо қасдашонро мегирифтанд ва мисли заставаи 12 несту нобудашон мекарданд! Ва фикр мекунед, ки дивизияи 201 қодир аст, ки мардуми моро муҳофизат кунад? Ҳеҷ гоҳ! Боварӣ дорам, Худо накарда, коре шавад, аз казармаашон намебароянд ва илоҷаш шавад, аввал ҳаминҳо мегурезанд.

Миллат
Шахрванд,
Sad foiz gaphoyat durust barodar! Man ham shohid hastam, Haif, ki in rusho sohibi in qadar bovarii mardumi soddai mo hastand. Heh soddaem da sodda..

али
озодагон шумохам аз тарафи русхоен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)