Бахшҳо

Ҷасади Умаралиро бе ташхис ба хок супурданд

Ҷасади Умаралӣ Назаров, кӯдаки 5-моҳаи тоҷик, ки субҳи имрӯз, 16 ноябр аз Санкт Петербург ба Душанбе интиқол ёфт, баъди зуҳри рӯз дар деҳаи Сафеддорҳои бобои Валии ҷамоати Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод ба хок супорида шуд.

Дар ин бора ба "Озодагон" наздикони Умаралӣ Назаров хабар доданд. Онҳо афзуданд, ки аз соати 8 то 12:00 дар фурудгоҳи Душанбе ташхисгарони тоҷикро интизор буданд, ки натиҷа надод ва онҳо тасмим гирифтанд, ки бе ташхис ҷасади кӯдаки 5-моҳаро ба хок супоранд.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз фурудгоҳи Душанбе иттилоъ дод, наздикони Умаралӣ баъди интизории чандсоата бо ҷасад, аз фурудгоҳи Душанбе ба ноҳияи Файзобод раҳсипор шуданд: "Аммо аз Вазорати умури хориҷӣ занг заданд, ки мошини ёрии таъҷилӣ фиристодаанд. Афроде, ки бо мошини ёрии таъҷилӣ омаданд, пешниҳод карданд, ки ҷасади Умаралиро то ноҳияи Файзобод расонанд. Аммо наздикон ин пешниҳодро рад карда, бо мошини худашон ҷасадро барои хоксупорӣ ба деҳаи Сафеддорҳои бобои Валии ноҳияи Файзобод бурданд".

Маҳкам Ҳабибуллоев, тағои Рустам Назаров, падари Умаралӣ, қаблан дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор доштанд, ки дар Душанбе боз ташхиси мустақилона гузаронда хоҳад шуд: “Гуфтанд, дар Душанбе шуморо пешвоз мегиранд. Аммо аз соати 8:00 инҷоем, лекин касе нест. Агар ҷасадро бурда ба хок супорему ташхисгарон баъд биёянд хуб намешавад. Айни ҳол дар фурудгоҳ интизорем. Агар ташхис нашавад, бигузор ба мо гӯянд, то мо кӯдакро бурда ба хок супорем”.

Маҳмадшариф Шарифов, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии тиббӣ ба “Озодагон” гуфт, дар ниҳоди тобеяш комиссия барои гузаронидани ташхиси ҷасади Умаралӣ омода аст, вале барои ин қарори мақомоти дахлдор, аз ҷумла додситонӣ лозим аст: “Наздиконашон бояд ба прокуратура муроҷиат кунанд ва мо дар асоси қарори прокуратура ҷасадро аз ташхис мегузаронем. Комиссияи мо тайёр аст”.

Ҳавопаймои “Сомон Эйр” бо Зарина Юнусова ва ҷасади фарзанди 5-моҳааш, Умаралӣ Назаров соати 8:15-и имрӯз, 16 ноябр дар Душанбе фуруд омад.

Ин кӯдаки тоҷик, шаби 13 ба 14 октябр баъди чанд соати гирифтанаш аз дасти модар дар беморхонаи Симбалинаи Санкт Петербург ба таври мармуз даргузашт. Додгоҳи ноҳияи Октябри Санкт Петербург ба далели нақзи қоидаҳои будубош модари Умаралӣ-Зарина Юнусоваро аз Русия хориҷ кард ва додгоҳи шаҳрӣ низ ин қарорро бетағйир гузошт.

Бо вуҷуди эътирозҳо, ки депорти Зарина Юнусова таҳқиқи марги фарзандаш-Умаралиро мушкил месозад, мақомоти Русия ин модари ҷабрдидаро соати 1:12 дақиқаи шаби 16 ноябр аз Санкт Петербург ба Душанбе равон карданд: "Феълан дар Русия таҳқиқи марги Умаралӣ Назаров идома дорад".
Мӯҳр
ТОЧНО!! Хато рафта ба ТОЧИК тавалуд шуданам...... ватанам воой ватанам!

Ситора
Ин депутатхои ба кучо нигох мекунанд Худо чазоятон дихад

Боз бесару сомониву боз овораги. Ин дафъа дар ватани худашон. маслихат медихам, ки Кудакро аз ин бештар гам надихеду ба хок супоред ва гунахкоронро ба худо хавола кунед. Чуз худо касе ба доди Шумо намерасад.

мардикор
худо сабри чамил дихад

Худӣ аз Дохил
Нишонаи возеҳи саҳланкории мақомоти Тоҷикистон.
Дар пойтахти давлат, ки 4 соат касе ба суроғи ҷасад наояд?!

“Наздиконашон бояд ба прокуратура муроҷиат кунанд ва мо дар асоси қарори прокуратура ҷасадро аз ташхис мегузаронем. Комиссияи мо тайёр аст”.
Ҳама аз ин кор хабар доштанд. Прокуратураи генералӣ чаро дар робита ба ин қазия дело боз накардааст? Ин суол ба Прокуррори генералӣ. Консули тоҷикистон дар москва чаро дар вақташ Душанберо дар бораи овардани тобут хабардор накардааст ки дигар мақомото таёрӣ бинанд?
Вазорати корҳои хориҷӣ барои бурдани тобут то Файзобод мошини ёрии таъҷилӣ фиристодааст???? Инро мардум мурдаро мондан тутхурӣ мегуядо. Чи хел давлат аст ки сафираш як гап мезанад вазираш як кори дигар мекунад як чаласаводи дигар баромада мардумро роҳи ҳалли ташхисро мефаҳмонад?!

Аз ин дигар чӣ шармандагӣ мешавад!
Ҳайфи нони мардуми Тоҷикистон шавед! Касе дар ҳукумат парвои шаҳрванде надорад. Барои ки мурдаат соҳиб пайдо кунад бояд хешу табор ягон мансабдор бошӣ!!

Хасан
Моро дар Ватани худ кадр намекунанлд, пас чи гуна Ватани бегона моро кадр кунад. Вой ба холи мо точикон аз чунин ватану ватнадори...

Саид
Бародархои азид дар Русия барои точик буданаш бесохиб буд. Дар Точикистон бошад барои файзободи буданаш! Дигар чи гуем ногуфтанамон бехтар аст!

Рустам
Ин кудак ба Дилшон Назаров кахрамони варзиш ягон хеш мешавад?

Dev
Hamin sahlangoriaton ast ,ki tojikro hama jo sang mezanand.Agar bo dastu dili garm ba shahrvandaton kor gired(in vazifai shumost) , kase az ajnabijon namejorad ba tojike harfi nojo zanad ! Hele bovar doshtam,ki kudaki tojikro dar hudi Tojikistonash munsifona tashhis mekunand , vale .e hok bar saramon.
"ozodagon" hohish nashr kun,ki mekafam!

Ситора
Э бародарон наход мо миллати Точик ин кадар Бесохиб бошем Барои шумо хохари азиз сабри чамил хохонам Сафорати Точикистон дар Федерацияи Руссия ба кучо нигох мекунад Бояд коркунони сафоратхона аз санчиш гузаронанд Илтимос чоп кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)