Аз водии Бартанг 523 нафарро ба ҷои амн кӯчондаанд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, баъд аз зилзилаи шадиди 7 декабр, аз водии Бартанг, ки дар пайи зилзилаи шадид зарар дид, 523 нафар бо шумули 254 кӯдак, ба ҷойи амн кӯч дода шуданд.
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда имрӯз, 17 декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, танҳо рӯзи гузашта 15 нафар, аз ҷумла як кӯдак ба маркази ноҳияи Рӯшон интиқол ёфта, дар муассисаҳои мактабӣ ва томактабии ноҳия ҷойгир шудаанд.
Ба иттилои ӯ, айни замон роҳи нақлиётгарди самти Рӯшон-Бартанг боз аст: “Аз 11 декабр то дирӯз ба аҳолӣ тариқи чархбол кумакҳо аз ҷумла орд, шакар, биринҷ ва равғану дигар лавозимот расонида шуд. Гуруҳи корӣ бо ширкати муовинони раиси кумита М.Салимзода ва Ҷ.Маҳмадзода дар водии Бартанг қарор доранд”.
Тақрибан соати 12:50-и рӯзи 7 декабр дар Тоҷикистон замин ҷунбид. Аз Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, зилзила дар 357 километрии ҷанубу-шарқи Душанбе ба вуқӯъ пайваста, иқтидори он дар пойтахт 3-4 балл ва маркази он 7-8 баллро ташкил додааст. Ба иттилои манбаъ, шиддати такони замин дар атрофи кӯли Сарез, ки 22 километр дуртар аз маркази заминларза ҷойгир аст, 5-6 дараҷа будааст. Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон рӯзи 9 декабр дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, бар асари заминларзаи рӯзи 7 декабр дар қаламрави вилояти Бадахшон 237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд: “214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд. Ҳамчунин иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо қисман зарар дидаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |