Бахшҳо

Анҷоми муҳлати будубоши падари Умаралӣ дар Русия

Муҳлати буду боши Рустам Назаров, падари Умаралӣ Назаров, тифли 5-моҳаи тоҷик, ки ба таври мармуз дар Русия фавтид, ба охир расидааст.

Консули Тоҷикистон барои тамдиди асноди Назаров ба Хадамоти федеролии муҳоҷирати шаҳри Санкт-Петербург муроҷиат кардааст. “Ҳангоми ба Ватан баргаштан барои тамдиди аснод барои нақзи сиёсати муҳоҷират автоматӣ аз ҳаққи вуруд ба Русия барои панҷ сол маҳрум мешавад. Чун Рустам дар қизияи писараш Умаралӣ ҳамчун ҷабрдида эътироф шудааст, хеле муҳим аст, ки дар ҷараёни парвандаҳо иштирок кунад”,-навиштааст Life78 бо такя ба манобеаш дар консулгарии Тоҷикистон.

Вакилони дифои волидони Умаралӣ Назаров гуфтаанд, муфаттишон маводи ташхисро барои шиносоӣ ба онҳо пешниҳод накардаанд. Гуфта мешавад, сабабҳои марги ин кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик фардо, 18 декабр расман эълон мешавад. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Русия натиҷаи ташхиси марги Умаралиро нашр карданд. Дар он гуфта мешавад, фавти Умаралӣ ногузир буд. Сабаби марги ӯро парагрипп ва ситомегалавирус гуфтаанд. Расонаҳо навиштаанд, ташхиси нав муайян кардааст, ки гӯиё Умаралӣ чанд рӯз қабл аз интиқолаш ба пулис ба бемории парагрипп мубтало шудааст, аммо волидонаш ӯро муолиҷа накардаанд: “Дар баробари ин Умаралӣ ҳанӯз дар батни модараш бо ситомегаловирус сироят ёфтааст ва бемориҳо яке болои дигар зам шуда, бо марг анҷомидаанд”.

4 декабр Муқаддас Абдураҳмонова, вакили мудофеи Зарина Юнусова, модари Умаралӣ аз қавли пизишкони додгоҳии Тоҷикистон гуфта буд, дар хуни Зарина ангезаи ситомегаловирус дида нашудааст.

Қаблан, вакилони хонаводаи Умаралӣ гуфта буданд, дар сурати такрор шудани гапҳои куҳна дар ташхиси нав барои анҷом додани ташхис дар муассисаи дигари тиббӣ муроҷиат мекунанд.

Умаралӣ Назаров 13 октябри соли равон дар пайи боздошти модараш Зарина Юнусова аз сӯи пулиси ноҳияи Адмирали шаҳри Петербург дар беморхонаи Сембалина ба таври мармуз ҷон дод. Баъдан, Зарина бо иттиҳоми нақзи қавоиди буду бош аз Русия депорт шуд.
Мӯҳр
Саид
Сад адвакат гирад хам фоида надорад, зеро пуштибон надорад... Русия барои як лиёчикаш, ки бо тири туркхо кушта шуд диденд Турсияри чи кор кардестай?...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)