Бахшҳо

Падари 95-солаи Муҳиддин Кабирӣ: Ҳеч бовар надорам, ки ягон гапи зиёдатӣ гап занӣ (ВИДЕО)

Тило Кабиров, падари Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дар як навори кутоҳи видеоӣ аз писараш даъват мекунад барои ободии Ватан талош намояд.

Дар ин навор, ки ахиран тавассути Ютуб паҳн гардид, падари 95-солаи Кабирӣ мегӯяд, “чаро аз Ватан беватан шудӣ? Охир ту ҳам роҳбар будӣ, ҳар кас хато мекунад, аз ҳаққи якдигар гузаред. Агар тавонӣ биё, дар ҳамин ҷо зиндагонӣ кун, агар натавонӣ кори худатро кун”.

Тило Кабиров дар идома таъкид мекунад, ки писараш назди хориҷиҳо шикоят накунад, зеро ба гуфтаи вай онҳо ба касе боварӣ надоранд: “Эй ҷураи Муҳиддин, барои ободии Ватан меҳнат кун, чи қадаре фоидаат мерасад хуб, агар не, дар ҳаққи Ватани мо ягон гапи зиёдатӣ нагӯ. Мо хубу ганда 90 сол аст, ки дар ин деҳа зиндагӣ мекунем, ягон зарару гапи зиёдатӣ аз мо нарасидааст. Ту низ чунин будӣ, чаро боз гапҳои зиёдатӣ гап мезанӣ. Барои ободии Ватан бикуш. Худо ба роҳбарон тавфиқу инсоф диҳад, ҳамин мамлакати моро орому тинҷ нигоҳ бидорад, ки ором бигардем, то мурданамон”.

Падари Кабирӣ меафзояд, “гапи зиёдатӣ назан, агар зада бошӣ ҳам, бахшиш бипурс. Мо дар ҳаққи шумо, ҷавонон ва дар ҳаққи роҳбари кишвар дуо мекунем. Парвардигоро ҳамин давлати моро тинҷу ором нигоҳ дорад. Ягон майда дар ҳаққи хиёнат гап назан, натавонӣ дам зан, ба гуфти халқ”.

Дар баробари навори суҳбати Тило Кабиров дар Ютуб навори дигаре нашр шуд, ки дар он Сафар Кабиров, бародари Муҳиддин Кабирӣ суҳбат мекунад. Ӯ мегӯяд, хабар ёфтаанд, ки берун аз кишвар баъзе гуруҳҳо пайдо шуда, онҳоро ба манфиати худ истифода мебаранд: “Эҳтиёт шуда, ба дасисаи ҳар гуруҳ ҳамроҳ нашавед. Мисол аҳволи Сурияро бинед, ки мардум ҳар рӯз гуреза шуда истодаанд. Худоё нахоста ягон кор шавад, Худованд ҳеч кадоми моро намебахшад. Мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки биёед, Ватанро дар якҷоягӣ обод кунем”.

Ин наворҳо дар ҳоле паҳн гардидаанд, дар бораи ба мақомот даъват шудани наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯъшуда дар Тоҷикистон-ҲНИТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо нашр шуданд. Аз ҷумла гуфта мешуд, Тило Кабирови 95-сола, падари Кабирӣ, Сафар Кабирови 54-сола, бародари ӯ, Саида Кабироваи 60-сола, хоҳарбузурги раиси ҲНИТ, Лаълхонум Кабирова, 70-сола, аммаи Кабирӣ (писараш Нарзуллоев Ҷамшед моҳе қабл боздошт шуда буд), Дилором Кабироваи 40-сола, ҳамсари бародари Кабирӣ, Исматулло Нарзуллоеви 74-сола шавҳари хоҳари раиси ҲНИТ, Додуло Нарзуллоеви 38-сола, ҷияни раиси ҲНИТ ба мақомот даъват шудаанд. Манобеи “Озодагон” гуфтанд, онҳо баъди суҳбат бо маъмурини мақомот раҳо шуданд: “Баъди суҳбат занон фавран ва мардон чанд соати баъд ҷавоб дода шуданд”.


Мӯҳр
Саидчон аз Ёкутистон
Худованд нигохбонатон бошад Бобочони азиз. Бехтарин фарзанд хастанд фарзанди Шумо ва чаноби Оли хам инсони бад нестанд,лекин дар инчо баъзе нохалафон хастанд бо якдигар душмани меандозанд....Худовандо окибати хамаи корхоро нек бигардонад . Омин_омин
Баъзеи шуморо бояд шарм бошад хукуматдоро,оё шумо падар надоред ин мусафеди табаррукро саргардон кардаед? Хамин суханхоро дар хамун хонаи худаш хам мепурсидед, мегуфт.

Аҳмад
Хитоб ба азодагон! расонаҳо ва сомонаҳо бояд озод бошанд ва андешаҳои ҷавононро бояд гузоранд агарчи фикрашон хато бошад. ва борҳо шудааст, ки шумо суханхои моро нашр накардаед. сабаб дар чи аст? агар нагзоред мо андеша ва фикри худро дар куҷо дигар баён кунем?
Чандил сол мешавад, ки моро ҳушдор медиҳанд, ки мана вазъи ироқу сурия ва дигар кишварҳоро нигоҳ кунед, ки гуреша шуда гаштаанд ва бояд дунболи сулҳу оромиш буд ва қадри пешвои миллатро бояд донист. чаро худи инҳо аз саддому қазофи инҳо ибрат намегиранд? чаро ҳеҷ имконият барои мардум муҳаё намекунанд? шумо худ бубинед дар ин ҳавои сармо дар чи ҳолу аҳвол ҳастанд. он вақт мо гирди ҳам омадем тасмим гирем пешвои миллат юошад ё не? барасоси кадом хадамот? Мо ҷавонон бояд ба ки гуш кунем? савол: чаро ҷавонони нодони мо имруз дар сурия ҳастанд? магар ғайр аз ин аст, ки ҳукуматдорони мо вазият ва исломсетизиро огоз карданд. хоҳарону ҳамсарони мо бо пушиши исломи донишгоҳ рафтан натавонанд ҷавонони зери 16 сол ба масҷид нараванд? зери 35 сол ҳаҷ наравад, ки таклифи илохӣ аст. ман фикр мекунам, ки ин фишорҳои носанҷида сабаб шудааст аст, ки ҷавонони мо дар ин гуруҳи ифроти ру оваранд ва онҳоро сабаби озоди худ донанд.

Farxori
а бача и мусафеди бечора чикор кардардай гиристестайе е бтарсен ки дуош мегиратон азобш натен да хунуки

Мустафо душанбе
А бача и номардира бин наход я муйсафеда ита гам бтие

Ситора
Худочон 95 соли дигар умр бинед фарзанди шумо на ба давлат хиёнат кардааст на ба миллат

Фархор
Наход хами муйсафеда гам бтен? айб аст айб. Номарди аст. Мархамат писарашро дастгир кнен неки чиба аташа мерасен. Бо 90 солааст.

Дар забони Рудаки садка шавам:
Гар бар сари навси худ амири-марди,
Бар куру кар ар нукта нагири -марди.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигири - марди.

Ахмадзода
Падари азиз, садсола шаведу баъд аз он пир шавед, миллати тоҷик ба хуби медонад, ки хоин асту ки ба халқ хизмати хирсона кард, вақт беҳтарин довар.

дур
Аз газаби Парвардигор битарсед, ахли ин хонаводаро, ки аз пиронсолони табарук иборатанд ранч надихед! Каме рахм кунед гунохи ин падар дар чист, ки азиятеш додаед. Шумоён метавонистед ин насихатро дар хонаи гарм наворбардори кунед. Бо воситаи оинаи нилгун оиди кадрдонии пиронсолон ба чавонон насихат намуда наворхо пешниход менамоед. Магар ин аст кадрдони??? Бобои азиз хамаи шумоёнро Худованд нигахбонатон бошад ва ба Шумо сихату саломати мехохам!!!

Худо нигаҳбонат бошад Бобоҷон...тамоми мардум медонанд ки ин Мусафеди бечорара маҷбураш кардан ки ин гапора гуяд бахудо ин шармандагия ҳато ба ҳамин мусафеди 90 солам раҳм надоран..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)