Маскав мизбони ҷаласаи Шӯрои СПАД
Имрӯз, 21 декабр дар Қасри Кремли Маскав ҷаласаи Шӯрои Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) ба кори худ оғоз мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон нимаи аввали рӯзи 20 декабр ҷиҳати ширкат дар ин ҷаласа ба пойтахти Русия сафар намуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар, дар ин сафар президенти кишварро Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ, Эркинхон Раҳматуллозода, ёрдамчии президенд оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа, Абдураҳим Қаҳҳоров, котиби Шӯрои амният ҳамроҳӣ мекунанд.
Дафтари котиботи матбуотии СПАД мегӯяд, дар нишасти Маскав масоили вобаста ба амнияти минтақаву ҷаҳон баррасӣ мешавад.
СПАД соли 1999 таъсис ёфта, Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Қирғизистон ва Белорус шомили онанд.
Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |