Боздошти ду зан, ки барои “Хола” ба Дубай хонуми 26-сола фиристодаанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду зан бо гумони ҷалби одамон барои истисмори шаҳвонӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, ин занҳо, ки яке 25 ва дигарӣ 26 сол доранд, рӯзи 19 декабр аснои гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони пулис дастгир шудаанд: “Муайян карда шуд, ки гумонбаршудаҳо бо маслиҳати пешакӣ бо зане тахаллусаш “Хола”, ки айни замон дар шаҳри Дубайи АМА қарор дорад, бо мақсади ҷалб ва ба истисмори шаҳвонӣ гирифтор намудани зани 26-солаи сокини ноҳияи Восеъ, аз ҳисоби худ раводид, шиноснома ва чипта харидорӣ намуда, рӯзи 16.12.с.2015 ӯро ба воситаи ҳавопаймо ба шаҳри Дубайи АМА равон кардаанд”.
ВУД мегӯяд, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |