Манбаъ афзуд, соли равон бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ тибқи сармоягузории хориҷӣ баҳри таъмини таваллудхонаҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат 10 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо гардидааст. Қоҳир Расулзода ба ҷараёни корҳои таъмиру тармим дар таваллудхонаи вилоятӣ шинос гардида, ба масъулини соҳаи тандурустӣ ва сохтмон сӯҳбат намуд ва баҳри бо сифати баланд ва дар мӯҳлатҳои муайян ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод. Алҳол дар ин муассисаи тиббӣ 28 нафар сохтмончиёни ҶДММ «Муҳандис» фаъолият менамоянд. Ба иттилои манбаъ, табобатхонаи вилоятӣ соли 1961 бунёд гардида, дар он метавонанд дар як вақт беш аз 200 нафар бистарӣ гарданд. Соли равон бо қарори раиси вилоят баҳри корҳои таъмиру тармими беморхона 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.Раиси вилоят ҳамчунин аз вазъи корҳои таъмиру тармими биноҳои таваллудхонаи шаҳрӣ дидан намуда, бо табибон сӯҳбат кард .
-Дар ин таваллудхона 238 нафар кормандони тиббӣ фаъолият доранд ва 140 кат барои беморон мавҷуд мебошад.Ба ин таваллудхона низ 37 номгӯи таҷҳизоти муосири ташхису табобат ворид хоҳад гашт. Аз ҷумла, таваллудхона дорои томографи компютерии магнитӣ мегардад, ки ба солимии модару кӯдак, беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |