Бахшҳо

Таъхири мурофиаи додгоҳии генерал Абдулло Ҳабибов

Додгоҳи шаҳри Душанбе баррасии парванда алайҳи генерали мустаъфӣ Абдулло Ҳабибов ва се нафари дигарро ба вақти дигар гузошт. Ин мурофиа мебоист имрӯз, 22 декабр баргузор мешуд. Бино ба иттилои хабарнигори “Озодагон”, додраси парванда эълон кардааст, баррасии парванда душанбеи 28 декабр аз сар гирифта мешавад.

Абдулло Ҳабибов ва се тан аз сокинони дигари шаҳри Душанбе дар ғасби ғайриқонунии замин барои сохтмони масҷид гумонбар мешаванд. Парвандаи онҳоро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баррасӣ ва ба додгоҳ пешниҳод кардааст.

Абдулло Ҳабибов дар суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, бунёди масҷид дар доираи қонун сурат гирифта, ҳеч қонуншиканӣ вуҷуд надорад.

Генерал-майор Абдулло Ҳабибов номзади илми таърих буда, ба ҳайси мудири шӯъбаи идеологии Кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, референти калони дастгоҳи Шӯрои вазирони Тоҷикистон, сардори шӯъбаи сиёсии ВКД, Раиси кумитаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, Муовини раиси кумитаи гумрук, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон, Мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ ва вакили мардумии Тоҷикистон, кор кардааст. Ҳоло бознишаста мебошад.
Мӯҳр
Чанд интервюи ҷолиб дода буд дар Озодӣ, ки ба таъи бисёр аз генералу маршалҳои навсохт набуданд. Беҳтаринҳояш дар бораи полковники ОМОН ва гурехтани маҳбусон аз зиндон буданд.

Баъди, ба фикрам, навбати Раҷаби Мирзо.
Оқои Мирзо камаратонро мустаҳкам бандед.
Репрессия-шоу продолжается!

Лақай
Айб нест магар як мусафеди хирадманд бо гузаштаи меҳнати шоён нисбати миллату давлат карда дар вазифаҳои муҳими давлатӣ ранҷ кашидааст, ҷамъиятро обод кардааст, дар синни нозуки афтодагӣ бо бахонаи ночиз (он ҳам кори савобу хайр ва ба фоидаи халқу давлат) саргардону дилшикаста мекунед ва саломатиашро халалдор месозед?

Точик
Номзади илм, генерал, боз хазору як вазифахои дигари давлатида кор кунию шарм надошта ба чиноят даст занй. Ё хаёл кардаст, ки шахр бе дарвоза аст! Офарин ба Хукумат ки нотарсида чилави хамин хел генералу рохбарора мегирад.

Донишчу
"Поквичдони"-и ин генерали мухтарам ба мо як зумра донишчуёни ДМТ маълум аст. Ба мо журналистони оянда супориш шуд, ки нисбати чанговарони точики ЧБВ маводхо гирд оварем ва мо оиди зиёда аз 100 нафар бобоёнамон ки дар ин набардхо ширкат дошта буданд маводхо чамъ намудем. сипас Рачаби Мирзо бо ин генерали "мухтарам" чакконй карда китоби "Аскарони Ғалаба"-ро руйи чоп оварданд, ки муаллифашон танхо хардуи онхо буданду халос. Таачуби моро хадде надошт, хол он ки Рачаби Мирзо танхо тахрир карда буду Хабибов А.-ро мо боре надида будем. Мутаасифона ба доди мо касе нарасид ва ин ду чакон он китобро ШАРМ надошта моли худ эълон намуданд.

Агар хукумат ин масчиде ки ин муйсафеди хирадманд барои халк сохта аст, вайрон кунад, ман дигар ба ин хукумат гап надорам. Зинда бошед ГЕНЕРАЛ!

Мусо
Мусалмонро барои Сохтани Масчид боздоштан ин худ як шарафаст...

Ба точик ва Донишчу,
Аввалан дуруст навиштанро ёд гиред.
Сониян нафареро, ки намешиносед, дар борааш бо фармони роҳбарони шӯъбаатон ҳар хел музахрпюафот (ехинеяро) нанависед.
Баъдан, киву чӣ будани худро як бор мулоҳиза кунед. Мо хуб медонем шумо дар фикри чӣ ҳастеду чӣ нақша доред. Барои инро пайхас бурдан супермен ё фантомас будан зарурат надорад.
Дар боло алакай ман снераияи чораҳои ояндаи шуморо кушодам. Лозим шавад, боз чанд "пешбинии" дигар ҳам мекунем.

Озодагон, чоп кунед, то мардум хонад.

Дар хакикат ман бо Хоркаш рози. Генерал дар мохи июни соли 2015 дар рузномаи Нигох як маколаи хеле хуб оиди фаъолияти рохбарияти КДАМ дода буд.Як бор хонед худатон хулоса мебароред

Устод Абдулло Хабибов яке аз зумра чехрахоест,ки тамоми фаъолияти зиндагиаш мубориза бо беадалоти ва беконунияти равона карда шудааст.ман доимо аз мусохибо ва маколахои пурмазмуни устод бохабар мебошам.Чанд сол пеш китоберо дастрас кардаам,ки номаш " Вакте Амр конунро иваз мекунад"буд. Бовар кунед баъди хондани ин китоб ман чунон ба ин шахсияти бузурги точик этикот пайдо кардам,ки бо як сухан онро фахмонда намешавад. Устод дидед ин принсипи "вакте амр конунро иваз мекунад" то хол чой дорад.Ман айни хол коргардони чавон мебошам ва ният дорам ки як фильми хучати (документальный ) оиди зиндагии ин шахси бузург барои тарих ва тарбияи чавонони имрузаву оянда тахия намоям. Устод саломат бошед ва дар панохи ОФАРИДГОР бошед.

Норкаллаев Д.
Генерал Абдулло Ҳабибов қомусу номуси миллати тоҷик, дастдарозӣ, бетамизӣ нисбати вай таҳқири навбатӣ ба ҳамаи тоҷикон ҳисобида мешавад.

Хайрат ки собик комунистон аз Аллох бохабар шудаанд.Офарин генерал. Собик кормандони хукумат чунин икдоми хуб нишон додаанд.Ин маънои онро дорад,ки чунин кормандон баъд аз системаи хукумати дур шудан баъд хакикатро бо тамоми нозукихояш дарк мекунанд. \ин хуб аст. Мо шодем,ки дар сафхои одамхои катори ва замини шумораи чунин шахсиятхо ба монанди генерали точик Хабибов Абдулло ба як нафар зиёд шуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)