Боздошти 2 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми убури марзи Қирғизистон
Ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон боздошт шудаанд. Дар ин бора расонаҳои қирғизӣ бо такя ба Хадамоти давлатии марзбонии ин кишвар хабар медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, ин ду табааи Тоҷикистон рӯзи 24 декабр аз сӯи сарҳадбонҳои отряди марзбонии Лайлак дастгир шудаанд: “Шаҳрвандони Тоҷикистон дар атрофи маҳалли аҳолинишини Максати ноҳияи Лайлаки вилояти Боткен ҳангоми чаронидани чорво боздошт гардиданд”.
Хадамоти давлатии марзбонӣ гуфтааст, бар пояи моддаи 389-и Кодекси маъмурии Қирғизистон барои нақзи низоми марзи давлатӣ ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шуд: “Баъди тартиб додани санадҳои лозим дастгиршудаҳо ба ихтиёри сарҳадбонҳои Тоҷикистон гузошта шуданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |