Бахшҳо

(ВИДЕО) Муҳоҷири латту кӯбшуда: Ҷонам дард мекард...

Як муҳоҷири тоҷик мегӯяд, аз сӯи маъмурони пулиси Русия дар боздоштгоҳи муваққатӣ мавриди латту кӯб қарор гирифт. Ба гуфтаи ӯ, дар пайи ин зарбу латт пояш шикаст ва бо ин ҳол се рӯз пушти панҷара буд.

Ин муҳоҷири тоҷик дар навори видеоие мегӯяд, як моҳ қабл дар ноҳияи Митиши вилояти Маскав ҳуҷҷатҳояшро дуруст кард, аммо маъмури пулис дар роҳ ӯро боздошта гуфтааст, дар санадҳо маълумотҳои зарурӣ мавҷуд нест: “Вақте маро бурданд, маҷбур карданд, ки ба ҳуҷҷате имзо гузорам. Гуфтам, аввал бояд онро хонам. Баъди ин гап маро латту кӯб карданд. Биниям хун шуд. Боз такрор карданд, ки дар ҳуҷҷат имзо гузорам, аммо гуфтам, баъди ин қадар латту кӯб агар парронед, имзо намегузорам”.

Навори мазкурро Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” дар интернет гузоштааст. Дар навор ин муҳоҷири тоҷик дар ҳузури оқои Шарипов суҳбат мекунад. Дар идома мегӯяд, дар идораи пулис телефони мобилашро гирифта, дар “камера” маҳкамаш мекунанд: “Ҳарчанд дарро задам, аммо накушоданд. Ҳатто иҷозат намедоданд, ки ба ҳоҷатхона равам. Поям месӯхт, гиря кардам. Вақте омаданд, гуфтам ягон доруи карахткунанда биёред. Ҷонам дард мекард, гуфтам дигар наметавонам”.

Ин муҳоҷири тоҷик дар идома меафзояд, ки рӯзи дигар маҷбур шуд, ба ҳамаи ҳуҷҷатҳо имзо гузорад: “Ҳамроҳи як нафар ба масофаи 1,5 км роҳ пиёда маро ба суд бураднд, аммо суд нашуд ва пои пиёда гашта омадем. Се рӯз он ҷо будам ва дар ин се рӯз аз дарди поям хоб нарафтам. Рӯзи дуюм ҳангоми аз суд баргаштан, аз маъмури пулис хоҳиш кардам ва як маҳлули карахткунанда харида, ба поям молидам. Танҳо як соат хобам бурд”.

Муҳоҷири тоҷик мегӯяд, агар ҳуҷҷатҳояш нуқс дошт, бигзор депорташ мекарданд, аммо намедонад, ки чаро латту кӯб шуд. Шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, баъди он ки ҷавобаш доданд, бар ивази 5700 рубли русӣ дар беморхона пояшро шикастабандӣ кард.

Каромат Шарипов дар ин навор мегӯяд, барномаи “Пусть говорят” танҳо паҳлуҳои манфии тоҷиконро намоиш медиҳад: “Вақте тоҷикро латту кӯб мекунанд, маводи нашъадорро ба ҷайбаш мепартоянд ё як маъмури пулис тоҷикро мезанад, ҷаноби Андрей Малахов намегӯяд”.

Мӯҳр
Ин бачаро хавсалааш бисёр будаст. Бисёрихоро мезананд аз кор намонам хаволаашон ба Худо" гуфта мераванд ба рахи худ. Лекин шикоят кардан даркор.
П.С. Аз шумо як хохиш, бародарони журналист. Хамаи шумо дар ихтиёр интернет доред. Хар номи махал ё одам ё маълумоти дигарро, ки аслашро намедонед, метавонед аз интернет дида худро санчед ва танхо он вакт интишор кунед. (Ин ба кормандони сайту газетхои дигар хам дахл дорад.) Нохияи Митишинск вучуд надорад, нохияи Митиши хаст.

Сафар
Ачабо аз чи бошад, ки точикхо дар мухочират аз дасти милисахои рус хол надоранд ва дар Точикистон бошад, аз дасти баъзе махалгарохои мансабдори точик... Худо бародарони мухочиро нигахдор!

Мунира
Худочон ин Точикони Саргардонро сохиб пайдо бикун Наход Точик дар Руссия сохиб надошта бошад Охир ин Хукуматдорон ба кучо Намояндахояшонро равон мекунанд Наход кадри Точик аз кадри Узбекдам паст шида бошад Худованд нигохбонат бошад Точики Сарсону саргоардон

Худованд нигохбонат бошад Каромат Шарипов Дасти Точикони Сарсону саргардонро мегири Худованд дасти шуморо бигирад

Гар бимирам дар ғариби Тоҷикистонам баред,
Бо дуои хайру бо оёти Қуръонам баред.
Кардааст хотир парешонам ғариби солҳо.
Баъди маргам сӯи хешони парешонам баред.
Ман барои ризқи поку пораи нон омадам.
Сӯи аҳли хонадон бо пораи нонам баред.

Ё ба Ҳисору Бадахшон ё кӯҳистонам баред.
Ё ба шаҳри Душанбе ё ба Кӯлобам баред.
Ё ба шаҳри Исфара Панҷакенти бустонам баред.
Дар ғарибӣ ҷисму ҷонам сахт ранҷид илтимос
Баъди маргам кунҷи хоки Тоҷикистонам баред.
Ҳар куҷое метавонедам гузоред дар Ватан
Гар маро инсон бидонедТоҷикистонам баред.

99
Натиҷаи тарсончакии худи тоҷикон ва нотифоқии онҳо ҳамин аст!!!
Мо на дар ватан тифоқему на дар хориҷ. Дар Тоҷикистон маҳалчигӣ хешутаборбозӣ, дар хориҷ ҳам аз ин бадтар.
Ба дари сафорати Амрикою Олмон нарафта, як бор он "ҷавонони қаҳрамон" ба дари сафорати рус дар Тоҷикистон мерафтанд, шояд каме ҳам бошад, русҳо фикр мекарданд, ки тоҷикон ҳам метавонанд аз ҳуқуқи худ муҳофизат кунанд!
Каромат, мегӯӣ, ки "чаро тоҷиконро...?". О, бародар, рус тоҷика кӯдаки 5 моҳаша кушт, тоҷик миҷа боло накард! Ҳатто
зани доғистонӣ дар Олмон дар назди сафорати рус мардумро ҷамъ карда норозигӣ баён карда ва ҳамдардӣ карда тавонист, кадом тоҷик дар назди сафорати рус дар Тоҷикистон норозигӣ кард!?
Мо фақат метавонем бо фармон аз боло коре кунем. Худамон мустақилона, ҳатто даҳон кушода наметавонем. Пас, албатта моро касе ҳурмат намекунад ва аз таги по кардан ҳам намеҳаросад! Ҳатто як кӯдаки рус медонад, ки тоҷика аз куштан ё задан касеро дар русия "ту" нагуфтаанд!!!

Бо хохиши ин чавон ному насаби Вай навишта нашуд ва кормандони сайти назди чунбиши мухочирон пурра маълумот доранд аз шахсияти ин чавон. Ба он шахсоне ки лозим аст мо тайерем раками тефони ин чавонро бо хохиши вай дастрас намоем Материал барои кушодани кори чинояти аз тарафи рохбари чунбиши мухочирони мехнати Каромат Шарипов ба додситони шахри Москов алакай фиристода шудааст Саломат бошед раками назди чунбиш 8(495)506 45 83 : 8 925 505 45 83 .


Аброр,
Аброр,
Сафар,

tojik
Khudovand nigahbonat boshad barodar

Шахбоз
Сафорати Точикистон дар Руссия бошад, айшу ират карда гаштааст. Вакте ки Буччаи Давлат аз мухчирон вобаста аст пас чаро ХУКУКИ онхоро мухофизат намекунед? Охир ин чигуна точикигари аст ман нафахмидам!!! Барои пул шуда ёру бародаро фаромуш кардем. Барои пул шуда дину имонамонро фурухтем!!! Пул мардро номард кард. Шояд барои пул шуда ХУКУКИ мухочиронро мухофизат намекунед? Сад хайф сад афсус. Худои мехрубон ин мухочиронро аз азобу машакат дур нигох дор.

Ситора
Боз Точик бесохиб монд Ин Хукумат ба кучо назар мекарда бошад

Dev
Gam nahur burodar, peshvoi millat najotat medihad...agar zinda moni lol

Уча вес дуне мера барои пулкоркуни хазору як характера ина ту имзо намонди кани я урус да ича имзо намона

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)