Бахшҳо
29 дек 2015 13:37Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Аз “офарин”-шунав ба “дурӯғгӯй”. Қиссаи як вомгирии ҶДММ “ТҚХ МОЛ.БУЛАК.РУ”

Як шаҳрванди Узбекистон қариб буд аз моликияти худ дар Ватан маҳрум шавад. Барои пардохти қарзҳояш хешовандонаш кӯмак намуданд, вале барои ин мард панҷ сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум гардид.


Мардум мақоли хубе доранд, “қарз доданро бояд донист: ба кӣ, чӣ қадар, барои чӣ ва кай?”
Шояд қаҳрамони мо то ҳанӯз онро нашунидааст.

Сокини шаҳраки на онқадар калони вилояти Тошканд -- Нурмат (номи ҳамаи қаҳрамонҳо иваз шудаанд) соли 2012 ба Русия омад. Як сол ба сифати устои хишткор дар як қитъаи сохтмонии шаҳри Красноярск заҳмат кашида, қарор дод ба Ватан баргардад. Аммо, бепул ба хона баргаштан шармовар буд, ҳамаи пулҳои ҷамъовардаашро сарф карда буду маблағе надошт, ки чипта харида, ба хона баргардад. Чӣ кор бояд кард? Роҳи баромадан аз вазъиятро дӯстон нишон доданд – яъне, гирифтани қарз аз ҶДММ “ТҚХ МОЛ.БУЛАК.РУ” (дар идома “Ширкати Мол Булак”). Ин ғоя фиребанда буд, ки ба руҳияи Нурмат мувофиқат мекард. Гирифтани пул ва бозгаштан ба Ватан. Дар бораи баргардонидани маблағ Нурмат фикр намекард.

Гӯиё ҳамааш анҷом ёфт – “лоиҳа” оид ба қарзгирӣ хеле муваффақона гузашт. Нурмат аз муваффақияти худ саргаранг буд, ки қарздиҳандагонро фиреб доду бо маблағ ба хона баргашт. Боз чӣ ҳам мешуд, охир фиребгар онест, ки вақти қарзгирӣ медонад, ки онро баргардонида дода наметавонад. Дар назди дӯстону ҳамсояҳо сазовори “офарин” буд, ки бо заҳмати вазнин маблағро ҷамъ овардааст.

Хаёли хом дар бораи одами поквиҷдон будан дар як лаҳза барҳам хӯрд, вақте ба хонаи Нурмат иҷрочиёни суд омада, ҳуҷҷати иҷроияро пешниҳод намуданд ва ба рӯйхат гирифтани молу ашёи ӯро оғоз карданд. Мошини хидматӣ дар назди дар таваҷҷуҳи ҳамсояҳо, посбон ва сарвари маҳалларо ба худ ҷалб кард. Чаро мансабдорон ба хонаи ҳамдеҳаи некуаҳволи онҳо омадаанд?

Иҷрочии суд бо ҳамроҳии милисаи минтақавӣ ба назди Нурмат - шаҳрванди Узбекистон омада, ӯро бо оғози истеҳсолоти иҷроия дар асоси истеҳсолоти судии байналмиллалӣ ошно карданд. Ӯ саросемаву ҳайрон буд, аз ҳар сӯ пичирос ва таънаю маломати ҳамсояҳо шунида мешуд. Дар назди онҳо ӯ аз шахси “офарин”-шунав ба дурӯғгӯй табдил ёфт. Давоми ду сол ба қарзҳои Нурмат бо фоизҳояш боз ҷаримаҳо зам шуда, хеле зиёд шуд. Дар ҷое, ки Нурмат кор мекард, боз чор нафари дигар ҳам буданд, ки аз Ширкати Мол Булак қарз гирифтаанд.

Ду нафар ба қарзи гирифта ва уҳдадории худ барои баргардонидани он эътиное накарда, ба Ватан баргаштанд. “Ба деҳаи худ меравем, кӣ моро дар кишвари бегона меҷӯяд, ки моро пайдо карда метавонад?”,-қарор доданд онҳо. Нурмат тасаввур намекард, ки қиссаи ширкати қарздиҳандаро фиреб додани ӯ ин тавр анҷом меёбад. Ӯ ҳатто фурсат ёфт, фаромӯш кунад, ки замоне қарз гирифта буд. Дар бораи он ки аҳдномаҳои байнамиллалӣ, созишномаҳо ва конвенсияҳое мавҷуданд, ки барои аз масъулият беҷазо гурехтан имкон намедиҳанд, Нурмат танҳо он гоҳ фаҳмид, ки дари ӯро иҷрочиёни суд кӯбиданд.

Ин амали онҳо мутобиқи Конвенсияи Минск оид ба кӯмаки ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ буд, ки Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҷумлаи аъзои онанд. Чунин аҳдномаҳо на танҳо нисбат ба қарзгирандагон, балки бар ҳар нафаре дахл дорад, ки қонунро дар кишвари узви Конвенсия вайрон намуда, аз адолати судӣ пинҳон шудан мехоҳад.

Бояд хотиррасон кард, ки қарзгирандаҳои ноинсофро на танҳо пайдо мекунанд, балки онҳоро ба “рӯйхати сиёҳ”-и Хадамоти федеролии муҳоҷират (ФМС)-и Русия дохил мекунанд. Ҳаҷми қарзи Нурмат он қадар зиёд набуд ва барои пардохти он хешовандонаш ба ӯ кӯмак намуданд. Нурмат қарзашро дар ҷояш ва дар ҳузури милисаи минтақавӣ, посбон ва раиси кумитаи маҳалла маҳкам кард. Иҷрочии суд ва милисаи минтақавӣ молу ашёи Нурматро ба оилаи Нурмат гузошта рафтанд. Нурмат молу мулки худро нигоҳ дошт ва Ширкати Мол Булак ба дигар даъво надорад. Аммо аз ин сабаб, ки нисбат ба Нурмат истеҳсолоти иҷрояи боз шудааст, ӯ давоми панҷ соли оянда наметавонад ба хоки Русия ворид шавад. “Ҳамаи ин саргузашти талх барои аҳли маҳалла ошкор шуд, ман аз ин шарм медорам. Охир ман метавонистам оромона маблағро пардохт кунам. Чанд сол гузашт, фикр кардам онҳо фаромӯш кардаанд. Вале ин тавр нашуд. Ин як аҳмақӣ аз ҷониби ман буд. Бо сабаби чунин як қарзи хурд аз ҳаққи кор кардан дар Русия маҳрум шудам. Ман ба он хотир ба ин мусоҳиба розӣ шудам, ки то қиссаи ман барои дигар қарзгирандагон дарс гардад”, - мегӯяд Нурмат бо таассуф.

Сардори идораи ҷустуҷӯ ва маҷбурӣ рӯёнидани Мол Булак -- Яна Скокова қазияи Нурматро шарҳ дода мегӯяд, вомгирандаҳо бояд қарзи худро баргардонанд, ҳатто агар онҳо аз ҳудуди Русия баромада ва ба Ватани худ баргаштаанд. Ин дар аҳдномаҳои байналмиллалӣ пешбинӣ шудааст.

“Пардохти қарзро кашол дода, қарзгирон танҳо вазъияти худро душвор мекунанд ва аз ҳисоби ҷазоҳои ҷаримавӣ, ки дар шартҳои Шартнома пешбинӣ шудааст, инчунин, хароҷотҳои судӣ ва хароҷотҳое, ки чун сарбории молиявӣ бар души қарзгир аст, андозаи қарзро зиёд мекунанд”,-қайд намуд Яна Скокова.

Пеш аз бастани шартномаи қарзи хурд мизоҷонро оид ба оқибатҳои манфии ба таъхир андохтани муҳлати пардохт огоҳ менамоянд ва хоҳиш мекунанд, ки маблағҳоро сари вақт пардозанд ё барвақттар. Дар айни замон бо ташаббуси “ТҚХ МОЛ.БУЛАК.РУ”, нисбат ба 1 200 нафар санадҳои судӣ оид ба манъи вуруд ба Федератсияи Русия қабул гардид. Ин одамон давоми панҷ соли оянда наметавонанд ба Русия сафар кунанд. Вуруди онҳо дар асоси Қонуни федералӣ аз 15.08.1996 N 114-ФЗ “Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва баромадан аз Федератсияи Россия” ва Қонуни федералӣ аз 02.10.2007 N229-ФЗ “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” манъ гардидаст.

Зимнан, то охири ҳамин сол Мол Булак аксияи “Некӣ тӯҳфа кун”-ро барои қарзгирони худ эълон намудааст, ки ба ҳамаи қарзгирон имкон медиҳад, қарзро бо шартҳои беҳтарин пардохт кунанд. То 31 декабри соли 2015 дар доираи аксияи мазкур Мол Булак омодааст, ки ҳамаи ҷазоҳои ҷаримавиро бекор намуда, инчунин, агар таъхири пардохти бо сабаби узрнок бошад ва қарзгирон ба вазъияти душвор афтида бошанд, қисми боқимондаи андозаи фоизҳои қарзро аз сари нав баррасӣ кунад. Аммо аз моҳи январи соли 2016 ширкат истеҳсолоти иҷроияи оммавиро бидуни истисно нисбат ба ҳамаи қарзгироне, ки аз ин аксия истифода набурданд ва пардохти қарзро аз сари нав шурӯъ накарданд, оғоз хоҳад намуд.

Чораҳо андешида шуда, дар асоси санадҳои судии ФМС Русия манъи ҳаққи вуруд ба Федератсияи Русия ва баромадан аз онро, вобаста ба вайрон кардани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва гражданӣ муқаррар хоҳанд кард. Гузашта аз ин, Мол Булак дар доираи Аҳдномаҳои байнидавлатӣ ният дорад, маводҳои ҷустуҷӯиро ба ВКД ва мақомотҳои прокуратураи Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон равона кунад. Он гоҳ қазияи Нурмат танҳо қиссаи чанд нафари каме хоҳад шуд.

Сатҳи саводнокии шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия мераванд, воқеан хеле паст аст. Қазияи Нурмат як қазия инфиродист, аммо бо дарназардошти теъдоди шаҳрвандони Узбекистон, ки дар Федератсияи Русия қарор доранд, касони зиёде метавонад дар вазъияти Нурмат қарор дошта бошанд. Мол Булак хатти фаъоли телефонаш дар Русияро (8-800-555-71-71) эълон мекунад, ки шаҳрвандон тавассути он тамоси мустақим барқарор намуда, масъалаи худро ҳал кунанд.


“Anhor”
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)