Бахшҳо

“Мулоқоти кӯтоҳ”-и Муҳиддин Кабирӣ бо Алии Хоманаӣ дар Теҳрон

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари руҳонии Эрон мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои Эрон, ин “мулоқоти кӯтоҳ” шоми рӯзи гузашта (29 декабр) дар ҳошияи конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар шаҳри Теҳрон сурат пазируфтааст. Расонаҳо дар бораи ҷузъиёти ин мулоқот иттилое ироа накардаанд. Зимнан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ акси дастфишории Кабирӣ бо Хоманаӣ паҳн шуд. Хабаргузории “Форс” навишта, Муҳиддин Кабирӣ солҳои пеш озодона дар ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” ширкат мекард, аммо имсол бо далели манъи фаъолияти ҳизбаш ҳамчун “меҳмони вижа” ба конфронс даъват шудааст.

Хабари дидори Кабирӣ бо Хоманаӣ дар ҳолест, ки ҳузури ӯ дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” аз ҷониби Душанбеи расмӣ танқид шуд. 28 декабр Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумита дар изҳороте гуфт, ҷониби Эрон ҳамеша аз Тоҷикистон ба сифати дӯсту бародари ҳамфарҳангу ҳамнажоду ҳамдин ёд мекунад, оё ба мавқеъ ва қонунгузории кишвари бародари худ арҷ ва эҳтиром мегузорад ё на? Ӯ дар идома суол гузошта буд: “Раиси ҳизбе, ки борҳо ҷиҳати анҷом додани аъмоли хунин, харобкориҳо, қатлу куштор дастур додаст, чӣ гуна боз метавонад аз боби ваҳдату бародарии мусулмонон сухан гӯяд?”

Баъди як рӯз, 29 декабр Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанберо даъват карда, ба ӯ ёддошт ё “нота” супурд. Дар ин ёддошт омадааст: "Вазорат бо камоли таассуф таъкид мекунад, ки ба конфронс собиқ раиси ҳизби ифротгаро ва террористии наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ, ки нисбаташ барои кӯшиши табадулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, айни ҳол дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад, даъват шуда буд”.

Конфронси “Ваҳдати исломӣ” 27 декабр дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон оғоз шуда, то 29 декабр идома ёфт. Дар кори он аз Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Мӯҳр
Simon
ПАРҲЕЗ АЗ ОН "ДӮСТ", КИ "МОР" НИШАСТ.....

Simon
UZR!
ПАРҲЕЗ АЗ ОН "ДУСТ", КИ БО "МОР" НИШАСТ...

Салмон
Саидмукаррам Абдулқодирзода, чаро суханрони накарда бошад? Ай тв тамошо мекад мешид

Баъди як рӯз, 29 декабр Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанберо даъват карда, ба ӯ ёддошт ё “нота” супурд. Дар ин ёддошт омадааст: "Вазорат бо камоли таассуф таъкид мекунад, ки ба конфронс собиқ раиси ҳизби ифротгаро ва террористии наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ, ки нисбаташ барои кӯшиши табадулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, айни ҳол дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад, даъват шуда буд”. Пас мо чавоби нотаро интизор мешавем, дар сурате, ки барои як шахс шуда, манфиятхои як кишварро зери по мекунанд, ин маънои дигар дорад.

С алам
Мухидин Кабири Олими Точикистон буд хаст ва мемонад Худованд нигохбонат бошад Устоди мехрубон

Саидчон аз Ёкутистон
Ба Simon
Бо душмани ман чу дуст бисёр нишаст
Бо дуст набоядам дигар бор нишаст.
Пархез аз он шаккар,ки бо захр омехт
Бигрез аз он магас ,ки бар мор нишаст
Ибни Сино
Аслан чи бадиат кардааст Мухиддин Кабири?Оё хукукатро поймол кардааст ё светотуна наметия? Инхое,ки хукуматдорон мегуянд ин сири давлатдори хаст,ки ману ту фарсаххо дуремммммм

зайнал
мухиддин кабири устоди азиз ва мехрубон ба хости худо дар хама фаолияташ пирузи насибаш хохад шуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)