Бахшҳо
28 дек 2015 16:39Тоҷикистон / Сиёсат

(АКС) Интиқоди Кумитаи дин аз қабули Кабирӣ дар Эрон: Ӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад

Кумитаи умури дини Тоҷикистон аз даъвату қабули Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ба Эрон танқид кардааст.

Ин кумита бо нашри иттилоияе аз иштироки Кабирӣ дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон изҳорӣ нигаронӣ кардааст. Дар иттилоияи Кумитаи дини Тоҷикистон, ки дар ихтиёри “Озодагон” гузошта шуд, Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумита гуфтааст, ҳанӯз 29 сентябри соли равон тибқи ҳалномаи Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон гардид: “Чаро ҷониби Эрон дидаву дониста роҳбари онро, ки бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, ба ин конфронс даъват кардааст. Ин конфронси байналмилалӣ, ки “Ваҳдати исломӣ” унвон гирифтааст, пас дар он бояд аз ваҳдат, ҳамбастагӣ ва иттиҳоди мусулмонон сухан гуфт. Раиси ҳизбе, ки борҳо ҷиҳати анҷом додани аъмоли хунин, харобкориҳо, қатлу куштор дастур додаст, чӣ гуна боз метавонад аз боби ваҳдату бародарии мусулмонон сухан гӯяд?”

Ба қавли Юсуфов, “ҷониби Эрон, ки ҳамеша аз Тоҷикистон ба сифати дӯсту бародари ҳамфарҳангу ҳамнажоду ҳамдин ёд мекунад, оё ба мавқеъ ва қонунгузории кишвари бародари худ арҷ ва эҳтиром мегузорад ё на? Ин мавқеи Эрон – даъвати шахсе, ки бо дархости “кишвари бародар” дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, дар чунин як ҳамоиши сатҳи баланд суолҳои зиёди бидуни посухро дар зеҳнҳо ба вуҷуд меорад. Ё оё Эрон аз ҳаводиси ибтидои моҳи сентябри Душанбе бехабар буд? Оё дар амалӣ сохтани ин ҳама ҳаводиси хунин ҳамин ҳизби ифротгарои “Наҳзати исломӣ” даст надошт? Ва суоли ниҳоӣ чунин буда метавонад, ки ба чунин конфронси сатҳи баланд, ки дар баробари намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дини кишварҳои олам, ҳамчунин бархе аз террористону ифротгароён даъват шудаанд, чӣ натоиҷеро интизор шудан мумкин аст?”

Тибқи иттилои расонаҳои Эрон, Муҳиддин Кабирӣ аснои суханронӣ дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” бо баёни ин ки “камтаваҷҷуҳии кишварҳои исломӣ ва аҳзоби исломӣ яке аз далоили инҳирофи бедории исломӣ дар минтақа аст, таъкид кардааст, “кишварҳо бояд таваҷҷуҳи бештаре ба мардуми худ дошта бошанд”.

Ба гузориши Isna, Кабирӣ ҳамчунин изҳор доштааст, “мо бо ҳар гуна ифротигарии мазҳабӣ мухолиф ҳастем”.

Конфронси мазкур қарор аст, то сешанбеи 29 декабр идома кунад. Дар кори он аз Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент, Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва чандеи дигар иштирок мекунанд.


(АКС) Интиқоди Кумитаи дин аз қабули Кабирӣ дар Эрон: Ӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад

(АКС) Интиқоди Кумитаи дин аз қабули Кабирӣ дар Эрон: Ӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад

(АКС) Интиқоди Кумитаи дин аз қабули Кабирӣ дар Эрон: Ӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад

(АКС) Интиқоди Кумитаи дин аз қабули Кабирӣ дар Эрон: Ӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад

(АКС) Интиқоди Кумитаи дин аз қабули Кабирӣ дар Эрон: Ӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад

(АКС) Интиқоди Кумитаи дин аз қабули Кабирӣ дар Эрон: Ӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад
Мӯҳр
рахмат акаи юсупов бисёр хуб кайд кардед ҷониби Эрон, ки ҳамеша аз Тоҷикистон ба сифати дӯсту бародари ҳамфарҳангу ҳамнажоду ҳамдин ёд мекунад бояд ин дусти бе гаразона бошад.

Шохид
ЧОНИБИ ЭРОН БА ЗАММИ ИНКИ БО ТОЧИКИСТОН КИШВАРИДУСТУ БАРДАР АСТ ФАРОМУШ НАБОЯД ШАВАД, КИ ЯК КИШВАРИ НОЗИРИ СУЛХ ДАР ТОЧИКИСТОН НИЗ ХАСТ....

точдор
муфти ба кабири салом карда бошад е не

О ин Саидмукаррам Кабирия ин кадар гайбат карда буд, бо аз сари як мизча шиштянку?!.

Чаро чоп намекунед назаррхои моро.
Ё Шуморо низ хаминхо сармоягузори мекунанд.
Ман фикр намекардам ки коршиносони точик ва сиёсатмадорони мо то ин дарача аз ин казия ва муносибате ки Эрон карда истодааст нигарони мекунанд.
Эрон бо миллати точик ба кавле худашон дусту бародар хамдину оин ва як фарханге мебошад, ки 1000 солахо таърих дорад.
Аммо он чи ки айён аст хочат ба баён нест.
Мардуми Эрон вокеан бо мо хамдину хамфарханг махсуб мераванд. Аммо аъзоёни Хукумати он на хамфикру хамрадифи сиёсатипешгирифтаи мо мебошад ва аз хамин нуктаи назар онхо ба ягон талаботхои конунгузории мо дар кишмар арч мегузоранду аз он эътироф менамоянд новобаста ахз оне, ки лабханд мезананду мегуян мо авалин давлате ки будем Точикистонро хамчун давлати сохибистиклол эътироф намудем. Дар пушти ин хама казияхо то чои худи Эрон даст дорад ва гар на чаро шахс ва хизбеки як маротиба хиёнат дар хакии миллату давлат кард онро боли сахна дар чунин як чорабинии мухими сиёси даъват менамояд.

Хайрат
Ин "бародари" хамзабони мо=Эрон гузаронд ку(((( Наход ки Эрон чонибдори ХНИТ бошад? Тарафдори террористову экстремистхо?

Он конфронс ҷои мусалмонҳост

Зарари Муҳиддин Кабири ба Тоҷикистону мардуми тоҷик кам буд, ки боз ба дӯстию бародарии ду халқи таърихан дӯст- тоҷику эрон халал мерасонад?

Хайрат,
Ой бо кадом далелхо (эктримисту ,терорист) мегуед? Харчанд мамнуъхам эълон карда бошанд ягон далели аник нест!

Рохбарони ЧИЭ даст дар руи калби худ монда мегуянд, ки мо бо точикон хамхуну хамзабонем. Чигуна бародар буданашонро маълум карданд. Сад хайф. Мухиддин Кабири кияй, ки уро дар конфронси "Вахдати Исломи" даъват кардаед. Харкучое, ки калимаи "Вахдат" аст бояд Кабири дар он чо набошад. Зеро у маънии "Вахдат"-ро намедонад. Агар маънияшро медонист ходисаи мохи сентябри соли гузаштаро ташкил намекард.

бетараф
Касе ки душманони миллати точика аз Чумла курнамаки хдо нотарси Кабирира мегира Вай Кабри не каминия хапаки таи тапакаш кабири ва тарафдорони уст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)