Бахшҳо

(ВИДЕО) Шикояти як модар: Писари маъюбамро дар мактаб-интернат латту кӯб кардаанд

Як сокини 59-солаи шаҳри Душанбе иддао дорад, писари маълулаш дар мактаб–интернати кӯдакони маъюби Чорбоғ мавриди латту кӯб қарор гирифтааст.

Зуҳро Валиева дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар бадани фарзанди 13-солаи маъюбаш – Умедҷон, ки дар Муассисаи тавонбахшии кӯдакони маъюби Чорбоғи ноҳияи Варзоб нигаҳбонӣ мешавад, осори латту кӯбро мушоҳида кардааст. Ӯ мегӯяд, фарзандаш аз сухан гуфтан маҳрум аст, аз ин рӯ наметавонад аз вай бипурсад, ки кӣ ба чунин ҳолаш афкандааст. Ба қавли хонум Валиева, вақте аз кормандони ин муассиса пурсид, ки ки чаро дар чашм, даст ва пойҳои писараш нишонаҳои зарби латт мавҷуданд, иҷборан аз дохили мактаб-интернат берунаш карданд: “Ҳар бор ки ба дидани писарам меравам, як ҷояш сиёҳ аст. Ӯро задаанд, газидаанд. Мегӯянд, ки инҷо ҳама кӯдакон беақланд ва ин корҳоро онҳо кардаанд. Як ҳамшираи шафқат маро бо зӯр аз дар берун кард, бадани ман сиёҳу кабуд шуд”.

Модари Умедҷон мегӯяд, вақте шикоятҳояш дар мавриди пайдо кардани омилони латту кӯби писараш беҷавоб монд, маҷбур шуд ба Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шикоят барад: “Ман ҷойҳои сиёҳшудаи бадани писарам ва худамро акс гирифта будам, ба вазир нишон додам. Ӯ ваъда кард, ки ба ин шикояти ман расидагӣ мешавад”.

Ин модари 59-сола меафзояд, “баъди шикоят ба вазир маро ба биное дар пушти ҳайкали Сино даъват карда гуфтанд, ки аз баҳри аризаам бароям, аммо не гуфтам”.

Зуҳро Валиева гуфт, дар пайи шикояташ ба вазири тандурустӣ раҳбари Муассисаи тавонбахшии кӯдакони маъюби Чорбоғ алайҳи ӯ ба мақомот шикоят бурдааст: “Навиштааст, ки ба ҳамшираҳо гапҳои қабеҳ мезанад, даъво мекунад”.

Маҳмадулло Қосимов, директори Муассисаи тавонбахшии кӯдакони маъюби Чорбоғи ноҳияи Варзоб дар суҳбат ба “Озодагон” ҳарфҳои Зуҳро Валиеваро беасос хонда, гуфт, “ин зан як каме бемории руҳӣ дорад”.

Ба гуфтаи ӯ, дар муассисаи онҳо тамоми шароит барои писари Зуҳро Валиева муҳайё буда, нисбати фарзанди ӯ бетаваҷҷӯҳӣ нашудааст: “Гап сари ин аст, ки фарзандашон бемории руҳӣ аст ва худи ин зан ҳам каме бемории руҳӣ дорад. Баъди шикояташ ба вазир, комиссия ташкил карданд, 8 нафар омада, муоинаи тиббӣ гузарониданд, баъдан тафтиш ҳам шуд, вале ин занро қонеъ накард. Ин зан меояд, то бегоҳ назди кӯдакаш меистад ва шабона низ мехоҳад истад, ки мо ингуна шароит надорем. Ҳама вақт як чизро баҳона карда, ана ин хел шуд он хел шуд мегӯяд, ростӣ мо чораи дигар наёфта, маҷбур шудем пешниҳод кунем, то кормандони ҳифзи ҳуқуқ ин масъаларо бубинанд”.

Аммо Зуҳро Валиева мегӯяд, бемории рӯҳӣ надорад ва танҳо шикоятҳояш боис шуд, ки дар ҳаққаш туҳмат бизананд: ”Ман сиҳату саломат ҳастам, лозим шавад барои хуб будани вазъи саломатиам ҳуҷҷат пешниҳод мекунам”.


Мӯҳр
Шахбоз
кадоме проблемаша гап зана дарав ба бемории рухи гирифторш мекнан.

Хола ҳозир ай руи вазифадорон арз кунед шуморо девона мебароранд одами ҳушёр арз намекунад ҳамаашон серу пур халқи камбағал ҳамаш девона шудаги

Ин Валиева Зухро дар 1 сол 2 маротиба бекор мемонад бояд касеро ёбаду уро чунин сарсон намояд соли гузашта писари шавхараш Рустамро ба суд дода уро саргардон намуда буд имсол бошад кормандони вазорати тандурустиро

Замон
Мегуянд, ки хохи,ки инсонро шиноси, бо у 40 сол намак хур. Чун Валиеваро аз наздик намешиносед, ба рафтори вай бахо надихед. Мутаассифона дар чомеаи имруз нафароне хастанд, ки мехоханд бо хар роху восита ба максадхои худ бирасанд. Ба онхо фарк надорад, ки ба ки чи мегуянду киро тухмат мекунанд. Чунки одаташон хамин аст ва аз ин амал хурсанд хам мешаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)