Бахшҳо

Пешниҳоди омӯзиши дарси Пешвои миллат дар макотиби миёна ва олӣ

Сиёвуш Наботов, устоди кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, дар макотиби миёна ва олии кишвар омӯзиши “Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат” ба роҳ монда шавад.

Ҷаноби Наботов дар матлабе, ки хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кардааст, изҳор дошта, бо назардошти хизматҳои шоёни Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешавад, ки мавзӯи “Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат” дар макотиби олӣ дар фанҳои сиёсатшиносӣ ва дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дар фанни таърих мавзӯоте мавриди баррасӣ ва омӯзишу таҳқиқ қорор гиранд, то насли нави имрӯз, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро надидааст, бе гумон бидонад, ки барҳамзанандаи алангаи ҷанги хонумонсӯз маҳз Пешвои имрӯзаи миллат Эмомалӣ Раҳмон аст: “Вақте сухан дар бораи Пешвои миллат меравад, ба қадри ӯ расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда, идома додан- эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият буда, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст ва он ба таври ҳатмӣ бояд ҳамчун мавзӯи дарсӣ дар мактабҳо дарс дода шавад. Умед аст пешниҳоди мазкур қобили қабули ҳамагон хоҳад буд, зеро аз рӯи таҳлили воқеияти имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, эҷоди институти ҳуқуқии Пешвои миллат як зарурати воқеии давлатдории мо дар шароити имрӯза мебошад”.

Ин устоди донишгоҳ дар идома гуфтааст, “омӯзиши таҷрибаи таърихи ҷаҳонӣ ва назарбандиҳои илмӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки доштани “Пешвои миллат”, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ дар ҷаҳони ноором шарт ва зарур аст”.

Ба таъкиди Сиёвуш Наботов, хилофи арзишҳои демократӣ ва ғайриконститутсионӣ донистани масъалаи пешвои миллӣ, бештар ноогоҳии мунаққидон аз фазои гузашта ва имрӯзи ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳонро нишон медиҳад: “Барои мисол дар Амрико онҳоро “Падарон — асосгузорони давлати Амрико” — Ҷорҷ Вашингтон, Ҷон Адамс, Томас Ҷеферсон, дар Туркия Падари миллати турк -Ататурк, дар Ҳиндустон “Падари миллати ҳинду” — М.К. Гандӣ, дар Покистон падар асосгузори давлати Покистон — Алӣ Муҳаммад Ҷиноҳ, дар Сингапур «Асосгузори давлати Сингапур» Ли Куан Ю, дар Қазоқистон “Пешвои милат” Н.А. Назарбоев ва инак дар Тоҷикистон “Пешвои миллат” Эмомалӣ Раҳмон шинохта шудаанд. Назарияҳои илмӣ ва таҳлилҳои ҳуқуқиву сиёсӣ нишон медиҳанд, ки аз шинохт ва эътирофи онҳо демократияи ин давлатҳо ва ё дигар озодиҳояшон ҳеҷ зарар надида, амали конститусионӣ ҳисобида шуда, роҳи суботи рушди давлат ҳифз шудааст”.
Мӯҳр
Лаганбардори сар шуд. Косалесон хама давру замон дар мардуми мо буд..

Точик
Биеед боз наузубиллох худояш гуед

Мухочир
Чаноби Наботов кори худата кун

Чаноби Наботов! Магар фикр мекуни Чаноби Оли дар хакикат хам хамин маколаи туро мехонад ва супориш медихад, ки Наботов рохбари кафедра ва е дахбоши е худ декани факулта таъйин карда шавад? Ягона максади ту хамин асту бас на чизи дигар. Точик, ту точдори, бас кунед лаганбардориро. Лаганбардори хоси точикон нест.

БАРК БАРК БАРК БАРК!!!!НАБОТОВ!!!ХОЛО ХАМАИ ДЕХОТИХО АЗ БЕБАРКИ ДАР ТОРИКИВУ ДАР ХУНУКИ ДАР АЗОБАНД!!!!ИН АЗОБИ МО ЯК-ДУ СОЛ НЕ ДАХСОЛАХО ДАВОМ ДОРАД!!!!АНА ИН АСТ МУШКИЛИИ АВАЛИНДАРАЧА ,КИ БОЯД ХАММА АЗ ПАИ ХАЛЛИ ОН БОШАД!!!...ТУ БОШИ БЕ ОРИВУ БЕ НОМУСИРО ПЕША КАРДИ!!!!

САбур
илмро ба сиёсат хамрох накун, бе ин хам дар Точикистон аз илм нишоне намондааст.

донишчу
Чаро шоирону омузгорон дарду гами мардумро наменависанду корашон факат мадохи асту лаганбардори аз нависандахои халки мехостем ки ному амалхои лаганбардорхоро хар руз сабт кунанд ва рузе мерасад дар назди халк чавоб гуянд

салом озодагон,ое ин муаллими донишгох ба гуфтахои худаш бовар дошта бошад е не е факат фикреро баен мекунад ки аз боло омада бошад

Устод ! Хамаи хизматхои ЧАНОБИ ОЛИро торих нарезондаву начаконда инъикос кард ва хохад кард !!!!! Вазифаатон ба шогирдонат , ки оянда точиранд конунхоро нагзакак фахмондан то ки ба коррупсия дода нашуда хизмати халк кардан тонанд !!!!!?????

Рости гап намедонам то кучо ин пешниход амали мешавад лекин аз он ки Кабири барин инсонхо то охирин авлоди худро ба хорича бурда дар точикистон санг меандозанд бигзор хамин Эмомали рахмон монад. Солхои 1992 турачонзодахо мисли Кабири тамоми авлодаша гурезонда хорича бурд дар чанг ману шумо барин мардуми одиву бегунох мурданд. Агар хозир кабири е каси дигар ин давлатро сохиб шавад хама боз мо мемурем. Так что тинчи бошад шуд як хафта дар мохи сентябрь точикистон чанг шд хамара воима гирифт маьлум шд ки дига ягон кас чанг намехохад... озодагон чоп кун....

аробакаш дехконбозор
Дар точикистон мегуянд ки касе рохбари давлатро тарифу хушомад кунад дар вазифаи нагз мемонанд рост бошад ман хам рохбари давлатро тариф ва парастиш кунам хакалан ягон моторола медода бошанд аз озодагон эхтиромона хохиш доштем ки мисли сияуш наботов омузгорони ихтирокорро чои тавалуд ва аз кадом клан буданашро дар гузоришатон ннависед халк бояд донанд кахрамонхои макотибхои олиро

Бародарон хар унвоне дар чахон вучуд дошт ба Рахмон додед холо хам ташнагиатон нашикастааст? Сиёвуш Наботов ба фикрам ту психолог хасти. Ту нагз медони, ки бо ин корат тавачухи президента ба худ чалб мекуни.Лекин бо чунин на. У вакт аз кучо дорад, ки ин гапхои туро мехонад. Як насихат як бало кун дар ягон вохури ё сафар ба нохияхо ба ту сухан диханд ва дар минбар ру баруяш истода дастонатро бардошта авал шере хону бад пешкашаш намо. Ин 100% кафолат медихад, ки зуд ту вазифа мегири. Ин кадар хушомадзани ба мардуми мо намезебад. Ба касе даркор худаш мехонад.

Nabotov hamun mardumoni nombarkardaat ( Ҷорҷ Вашингтон, Ҷон Адамс, Томас Ҷеферсон, Ататурк, М.К. Гандӣ, Алӣ Муҳаммад Ҷиноҳ, Ли Куан Ю) az hej chiz yak chiz sohtand:Davlatro bo azobu mashakkat , bo taloshu jadal sohtand, mardumro az varta bolo kashidan,konuna konuni kardan(na lagadzani) vale davlatchai mo hudoba shukr , "chun taroshai az bom aftida" bo shikasti Shuravi nasibamon gasht , mumkin guftan be yagon kushishu gajrat. Samimi mebud agar prezidenta hudi tarih baho medod. laganda hele oli bolo bardoshted...

лаганбардориву хушоматгуйи бас будагис! аввал аз хама пеш бояд фикри миллат ва мухочиронро кард ки бо кадом рох зиндагии мардум хуб шавад!

usa
ҳамаи касоне ки аз ин мавзу истифода мекунанд фақат тама корон ҳастан ки мехоҳан аз ин оби гилолуд моҳи гиран

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)