Бахшҳо

Ҳалокати мансабдори ҷавон бо се дӯсташ дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 6 январ бар асари як садамаи нақлиётӣ дар Душанбе чор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Тибқи иттилои ин ниҳод ронандаи 27-солаи “Хундай-Серви”, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Ҷангалак, дар рӯ ба рӯи бинои истиқомати №28-и маҳаллаи Деҳнаваки поёни ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хубей” бархӯрдааст. Ба иттилои манбаъ мошини “Хубей” низ таҳти идораи сокини 44-солаи ноҳияи Б.Ғафуров қарор доштааст: “Дар натиҷаи бархӯрд, ронандаи автомашинаи “Хундай-Серви” ва мусофиронаш мардони 27-сола, 30-сола ва 31-сола, ки ҳамааш сокинони ноҳияи Б.Ғафуров будаанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.

Ҳалокати мансабдори ҷавон бо се дӯсташ дар ДушанбеМанобеи “Озодагон” мегӯянд, яке аз мусофирони ҳалокшуда дар садама Мансур Тоҷиев, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд мебошад, ки имрӯз, 7 январ бояд 30-юмин солгарди мавлудашро таҷлил мекард.
Мӯҳр
точик
Имруз шароити харакат дар рох хеле хуб шудааст, вале дар бисёр холат аклу хуш ва инсофу идроку ронандагон, бахусус чавоноро Худо гирифтааст. Зеро ин тоифа хангоме, ки сари чанбарак менишинанд, замину замонро фаромуш мекунанд ва танхо худро мебинанд, аз хаёти худу атрофиён фикр намекунанд. Ана окибати саросемакориву шитобкори. Хохиш эхтиёт ва эхтиёт бояд кард......

Салим
Рухатон шод бод бародари азиз Точиев Мансурчон

nabi farhor
ИНА ЛИ ИЛЛОХИ ВА ИНА ИЛАЙХИ РОЧЕЪУН Дуо мекунем,ки чояшон чаннат бошад ва Худованд ба хонаводаи ин чавонон сабру чамил ато фармояд.Омин.

Dev
Ruhashon shod bod.
"Ozodagon" charo “Ҳундай" “Хундай" shudu(“Ҳубей”-“Хубей”) Ҳофизи Шерозӣ nashud Хофизи Шерозӣ??? Holo ham havoi Moskov boronist?chatratona dar Dushanbe faromush nakuned !

Чояшон чаннат шавад! Хамаашон бачахои хуб буданд. Аз тарафи рост якум - Абдучалил се фарзанд дошт, Абдурахмон ду фарзанд. Бар замми ин, Абдурахмон почои Абдучалил буд, фалокат авлодамонро такон дод. Хайрбод бародарони азиз!!!

Рухатон шод бошад почои азизам Абдучалил чоятон чаннат шавад.

Рухатон шод бошад бародарони азизам Абдучалил ва Абдурахмон

Мафтуна
Аз даргохи Аллох дуои онро менамоем,ки чойи ин чор нафар бародар чаннат бошад.Худованд гуноххояшонро магфират намояд ва аз баракоту рахмати худаш дар он дунё бенасиб нагардонад.Ба кулли дустону пайвандони эшон сабри чамил орзу менамоям.Ин дунё фонист он дунё абадист.Худо кулли ронандагонро дар панохи исматаш нигах дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)