Бахшҳо
06 июл 2015 13:20Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҳалокати 4 нафар бар асари садамаи нақлиётӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати чаҳор шаҳрванди кишвар, аз ҷумла як кӯдаки 1-сола дар пайи садамаҳои нақлиётӣ давоми ду рӯзи ахир хабар медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, рӯзи 4 июли соли равон ронандаи 20-солаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиелло” аз шаҳри Қӯрғонтеппа ҳангоми ҳаракат аз маркази вилояти Хатлон ба самти шаҳри Сарбанд аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, писарбачаи 10-соларо пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ мегӯяд, инчунин рӯзи 4 июли соли равон дар роҳи “Душанбе-Чаннок” низ садамаи нақлиётие рух додааст, ки талафоти ҷонӣ дар пай дорад: “Ронандаи 27-солаи автомашинаи “ВАЗ-21099” аз шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Душанбе-Чаннок” аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба ҷуйбори бетонии тарафи рости роҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷа мусофири ин автомашина - марди 40-солаи аз Панҷакент ҷон додааст”.

Рӯзи 5 июли соли равон дар пайи риоя нашудани қоидаи ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандаи 26-солаи автомашинаи тамғаи “Хундай” аз шаҳри Норак марди 40-солаю як кӯдаки 1-сола, ки сокини ноҳияи Ҳамадонӣ мебошанд, ба ҳалокат расидаанд: “Ронандаи “Хундай” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара ба самти муқобил баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи марди 40-солаи сокини н.Ҳамадонӣ бархӯрдааст, ки дар натиҷа, ронандаи “Опел-Астра” ва мусофири он - писарчаи 1-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дигар - зани 36-сола ва писарчаи 4-сола бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)