Бахшҳо

Пайомади ҷаҳиши $ дар Бадахшон: Барқ ҳам ҳар рӯз қиматтар мешавад...

Бархе аз сокинони Бадахшон бо ирсоли як паём ба унвонии “Озодагон” аз болоравии рӯзмараи нархи барқ дар вилоят шикоят карданд.

Ба гуфтаи муроҷиаткунандагон ширкати “Помир Энержӣ” нархи барқро бо назардошти қурби доллар ҳисоб мекунад: “Дар пайи боло рафтани қурби доллар нархи ҳар киловат барқ низ дар Бадахшон тақрибан ҳаррӯза боло рафта истодааст”.

Дар ҳоле, ки сокинони навоҳии дигари Тоҷикистон барои ҳар киловат барқ 11 дирам месупоранд, ба гуфтаи сокинони Бадахшон дар пайи болоравии қурби доллар нархи як киловат барқ дар вилоят марзи 20 дирамро убур кардааст.

Масъулини “Помир Энержӣ” имрӯз, 11 январ ҳозир нашуданд, ки қазияро ба “Озодагон” шарҳ диҳанд, аммо қаблан бо нашри як муроҷиатнома тасдиқ карданд, ки болоравии нархи барқ ба афзоиши қурби доллар рабт дорад. “Памир Энержӣ” қаблан изҳор дошт, ки мувофиқи шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Помир Энержӣ», дар мувофиқа бо хадамоти зиддиинҳисории кишвар, ҳаққи як киловатт нерӯи барқ бо арзи хориҷӣ 2,75 сент барои аҳолӣ ва идораву муассисаҳои буҷавӣ ва тиҷоратӣ 5,16 сенти Иёллоти Муттаҳидаи Амрико муқаррар гардидааст: “Муштариён бояд хуб дарк намоянд, ки ширкат аз беқурбшавии пули миллӣ нисбати арзи хориҷӣ (доллари амрикоӣ) барои ба танзим даровардани нархи ҳаққи пардохти нерӯи барқ нисбати арзи хориҷӣ тибқи шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Помир Энерҷӣ» амал менамояд. Чун қурби пули миллӣ нисбати доллари амрикоӣ то андозае паст рафт, ҳаққи қувваи барқ, агарчи бо доллар бетағйир монд, вале бо сомони қадре баланд рафт”.

Ин дар ҳолест, ки қурби доллари амрикоӣ 1 январи соли 2014 ба 4,77 сомонӣ, 1 январи соли 2015 ба 5,31 сомонӣ ва 11 январи соли 2016 ба 7,25 сомонӣ баробар шудааст. Яъне агар муштарӣ соли 2014 барои як киловатт соат қувваи барқ, мутобиқ ба қурби доллар бар сомонӣ, 0.13,1 сомонӣ мепардохт, моҳи январи соли 2016 аллакай 20 дирам мепардозад. Ин дар ҳолест, ки расман нархи барқ дар Бадахшон боло нарафтааст.

«Помир Энержӣ» мегӯяд, аз рӯи шартномаи консессионӣ нархи миёнаи қувваи барқро то имрӯз бояд наздики 4 сент таъин мекард: “Вале, вазъи иҷтимоии муштариёнро ба назар гирифта, ширкат нархро боло набурдааст”.
Ҳисобукитоби ҳаққи барк бо доллар дар Бадахшон дар ҳолест, ки қаблан Бонки Миллии Тоҷикистон бо такя ба қонунгузории кишвар дар бораи асъор таъкид намуда буд, ки харидуфурӯши молу хизматрасонӣ бояд бо пули сомонӣ роҳандозӣ шаванд.

Ин ниҳоди назораткунанда илова намуда буд, ки хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ танҳо бо иҷозатномаи махсус метавонад анҷом дода шавад: “Имрӯз дар ҷумҳурӣ танҳо якчанд идораю корхонаҳо чунин иҷозатнома доранд ва хизматрасонии махсусро анҷом медиҳанд. Хизматрасонии консулӣ дар фурӯдгоҳи байналмиллалии ш.Душанбе, хизматрасонии махсуси таъминоти парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хизматрасониҳои нақлиёти байналмиллалӣ, аз ҷумлаи онҳоянд”.
Мӯҳр
Инчо Точикистон аст е инчо Амрикост!

Ба таввачухи пешвои миллат, Бонки миллии Точикистон!

Имрузхо дар саросари кишвар маълум аст, ки курби доллари ИМА нисбати сомони дар бозори гайрирасми ба 8,60 расидааст!

Чи конунхои ЧТ ба ВМКБ дахолат надоранд, ки дар он чо нархро бо доллар хисоб мекунанд?

Айб ва чиноят аст, ки ахолии ВМКБ аз тарафи Памир Энерчи горат мегардад ва Хукумат ба ин бе чуну чаро нигох менамояд!!!

Афруз
Ин шартномаи консессионӣ шартномаи каломуло нест ку тагир додан нашавад. Об аз давлати мо ку бо об кор мекнанд пас оброхам бо ин шартнома аз давлати мо бихаранд бад барк фурушанд як сардори Памир Энерчи 5000$ маош дорад пас вай ин шартномаро тагир амтан намедихад то ки маошашро пурра ба даст биоварад.

Хоркаш
Мардуми Помир аз пешвои мазҳабиятон, эмоми замонатон талаб кунед, ки ғамхорияшро ба шумо нишон диҳад.
Помир Энержи наздики 90% саҳми Фонди Оғохон аст.

муфлис
Барои ман низ сиёсати молиявии ин ширкат мавхум аст. Аз як чониб прожектхои ичтимои, фарханги ва гайраро маблаггузори мекунад, аз як тараф нархи баркро баланд мебардорад. Намешавад, ки хамин прожектхоро махкам кунаду нархи баркро барои мо кам. Баъдан,ин казияро бояд маъмурони ин ширкат пешбини мекарданд ва Хукумати мамлакат гами мардумро хурад, зеро аллакай аксарияти мардум кобилияти пардохти ин гуна нархро надоранд. Бахуди ширкат низ ин гуна нархи гарон фоидае надорад, зеро карздори зиёд мешавад.... Боки таваккал ба Зоти Пок ва кумак аз Пешвои миллат...

Авоангез
Ман сокини Бадахшон астам падар надорам модари касалманд дорам бародар хам надорам як хохари бечора дорам коргароги барк хар руз омадан ки пули барк 326смн охир ман надорам маоши ман 470смн ман агар пули барк дихам орд харидан наметавонам. ИЛТИМОС ЧАНОБИ ОЛИ сардорону мардони ин сарзамин ин масаларо бинед илтимос.
Аз озодагон сипосгузорам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)