Бахшҳо

Ҷӯраев: Сюанде хост, фасодкории кормандони Оҷонсии зиддифасодро ифшо кунад, аммо боздошт шуд...

Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили дифои Ин Сюанде, тоҷири чинӣ, ки бо иттиҳоми додани се миллион сомонӣ пора ба мансабдори Оҷонсии зидди фасод боздошт шуд, мегӯяд, зерҳимояаш бо сабти лаҳзаи порадиҳӣ хостааст, фасодкории бархе аз кормандони оҷонсиро барои президент ошкор кунад.

Оқои Ҷӯраев 11 январ бо баргузории як нишасти хабарӣ аз нақзи ҳуқуқҳои зерҳимояаш шикоят намуда, бо як муроҷиатнома аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори таъмини адолат ва волоияти қонун шуд. Ӯ изҳор дошт, Сюанде, раҳбари ширкати “Сад дарё”, нафари таҳти ҳимояти ӯ пора надодааст. Ба гуфтаи ин вакили мудофеъ, корманди Оҷонсии муборриза бо фасод бо мақсади эҷоди иттиҳомоти сунъӣ ва парвандаи сохта додани пораро дар ҳаҷми 3 миллион сомонӣ талаб кардааст. Дар муроҷиатномаи Солеҳҷон Ҷӯраев унвонии Эмомалӣ Раҳмон омадааст, корманди Оҷонсии мубориза бо фасод ҳангоми талаби пора зарурати додани онро “ба боло” таъкид кардааст. Корманди оҷонсӣ гӯиё аз номи раҳбарияти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия амал карда, ҳушдор додааст, ки дар сурати сарпечӣ Ин Сюандеро ҳабс интизор аст.

Ба қавли вакили мудофеи Ин Сюанде, “ин шаҳрванди Чин худаш пора надодааст, балки аз дохили мошин ҷараёни додани пораро ба дасти тарҷумон сабт ва аксбардорӣ кардааст”. Ҷӯраев мегӯяд, зерҳимояаш бо сабти далелҳо ният доштааст, тариқи сафорати Чин ва Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон фасодкории бархе аз кормандони Оҷонсии зидди фасодро барои президент ошкор кунад, аммо боздошт гардидааст.

Ҷӯраев дар нома ба раисиҷумҳур аз сохтакориҳою саҳнасозиҳо ва нақзи меъёрҳои қонунгузорӣ дар қазия суҳбат карда, афзудааст, додситонӣ ва додгоҳ низ ба додаш нарасидаанд.

Солеҳҷон Ҷӯраев мегӯяд, ширкати “Сад дарё” панҷ сол дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дар сохтани 18 иншооти давлатӣ саҳм доштааст. Феълан раҳбари ин ширкат барои аз худ кардани ҳудуди 39 миллион сомонӣ низ айбдор мешавад.

Шикояти вакили дифоъ дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон, ниҳоди зертобеи Рустами Эмомалӣ аз боздошти Ин Сюанде, соҳибкори чинӣ бо тарҷумонаш хабар дод, ки ба мансабдори оҷонсӣ 3 миллион сомонӣ ба ҳайси пора додаанд.

Тибқи иттилоияи ин ниҳод, масъули Оҷонсии зидди фасод зимни санҷиши фаъолияти ширкати “Сад дарё” тайи солҳои 2011-2014 ва нимсолаи аввали соли 2015 қонуншиканиҳои зиёдеро ошкор кардааст: “Муайян шудааст, ки ширкати “Сад дарё”, ки роҳбарии онро Ин Сюанде ба уҳда доштааст, маблағҳои зиёдро аз худ намудааст. Аз ҷумла ба изофанависиҳо дар арзиш ва ҳаҷми корҳои анҷомдода даст задааст”.

Оҷонсӣ афзуда буд, барои пинҳон кардани қонуншиканиҳо шаҳрванди Чин бо тарҷумони тоҷикаш - Улуғбек Аҳроров рӯзҳои 7-8 июли соли 2015 ба масъули Оҷонсии зидди фасод 3 миллион сомонӣ пора пешниҳод кардаанд. Ба иттилои манбаъ, масъули оҷонсӣ ҳушдор додааст, ки ин кори роҳбари ширкат хилофи қонун мебошад: “Бо вуҷуди ин дар пайи чорабиниҳои оперативӣ 16-уми июли соли равон Ин Сюанде бо тарҷумонаш баъди додани се миллион сомонӣ ба мансабдори Оҷонсии зидди фасод боздошт гардиданд”.

Дар баробари порадиҳӣ, феълан ба гуфтаи Солеҳҷон Ҷӯраев нафари таҳти ҳимояташ дар азхуд кардани ҳудуди 39 миллион сомонӣ муттаҳам мешавад.
Мӯҳр
Хуб мешуд агар Очонси 39 милион сомонии давлатро баркарор мекард ва ин шахрванди чинро ба сафоратхонаи Чин месупорид. Муносибатхои ду кишвари дустро вайрон намекард. Тачрибаи боздошти лиёчикхои Росия барояшон ибрат бояд шавад. Набошад бо ин кадар вобастагие ки аз Чин дорем боз бахшишхам мепурсед агар Хитоихо хоханд. Дар охир барори кор Рустами Э.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)