Бахшҳо

Фармони Э.Раҳмон барои барканории Олимов баъди розигии Путин, Ҷинпин, Каримов ва...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 12 январ бо сабаби ба кори дигар гузаштан, фармони барканории Рашид Олимов аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Чинро имзо кардааст.

Тибқи ин фармон инчунин Олимов аз мақоми намояндаи доимии Тоҷикистон дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай озод гардид.

Фармони барканории Олимов дар пайи розигии раҳбарони Русия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Узбакистон барои таъини ин дипломати тоҷик ба мақоми дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай имзо гардид. Тавофуқ дар бораи таъини Олимов ба мақоми дабири куллли СҲШ тобистони гузашта дар УФА ҳосир шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аъзои СҲШ барои дастгирӣ аз номзадии намояндаи Тоҷикистон ба ин мақом изҳори миннатдорӣ карда буд.

Созмони ҳамкории Шанхай 15-уми июни соли 2001 ташкил шуда, феълан Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Узбакистон узви он мебошанд. Афғонистон, Ҳинд, Эрон, Муғулистон ва Покистон дар ин созмон мақоми кишварҳои нозирро доранд.

Рашид Қутбуддинович Олимов, ки дабири нави ин созмон таъин мешавад, 23 июни соли 1953 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон(1975) ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМҲКИШ (1990) мебошад. Ӯ аз солҳои 1991-1992 ба ҳайси мушовири президент ва аз моҳи декабри соли 1992 то охири соли 1994 ба ҳайси вазири умури хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1994 то 2005 намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва аз декабри соли 2005 то ҳол ба ҳайси сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Чин фаъолият мекард.
Мӯҳр
Чоми
ЖУРНАЛИСТОН, навиштанро ёд гиред: "Эмомалӣ Раҳмон... бо сабаби ба кори дигар гузаштан" НЕ, балки "Эмомалӣ Раҳмон... фармони барканории Рашид Олимовро... бо сабаби ба кори дигар гузаштан" имзо кард нависед. Мантикро ки дарс додааст ба муаллифи ин хабар?... Боз чомеаи чахони ин чумлаи аввали шуморо хонда, талхакаф нашаванд

Файзуллоевич
Боиси ифтихор аст, ки намояндаи Точикистон ба ин маком пазируфта шуд. Табрик мегуем ба мухтарам Олимов. Насиб баъдтар ман мешинам дар он курси, насиб.

Firdavs
Чоми,
кор бе хатоги намешавад, ҳама хатоги мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)