Бахшҳо
12 янв 2016 17:01Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Вазири маориф “рабудани ҷашни милоди масеҳ” дар Тоҷикистонро рад кард

Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон иттилои расонаҳои маъруфи Русия ва Аврупоро, ки аз манъи таҷлили Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, беасос хонд.

Дар ҳоле ки расонаҳои Ғарбу Русия Тоҷикистонро дар “рабудани ҷашни милоди масеҳ ва Соли Нав аз кӯдакон” муттаҳам кардаанд, Нуриддин Саид, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе шарҳ дод: “Мо таҷлили Соли нави мелодиро дар мактабҳои миёна манъ накардаем. Буридани дарахтони арча, пулҷамъкунӣ аз хонандагону волидон барои хариди арчаи сунъӣ ва шабнишиниҳои бодабдабаро манъ кардем”.

Вазири маориф илова намуд, ки баргузории маҳфилҳои фарҳангӣ дар макотиб озод буд ва касе монеа нашудааст. Аз ҷониби дигар Нуриддин Саид таъкид кард, ки Соли нав аслан иди хонаводагӣ аст, на иди корхонаҳо: “Аз замони Шӯравӣ ба мо мерос мондааст, ки дар корхонаҳо ташкилиҳои бодабдаба карда, майнӯшӣ кунем”.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Ғарбу Русия Тоҷикистонро ба феҳрасти се кишвар дар ҷаҳон ворид намуданд, ки гӯиё ба далоили динӣ ҷашни милоди масеҳ ва Соли навро маҳдуд кардааст.
Мӯҳр
Кариб дар 60-70-фоизи давлатхои Африкою Осие соли навро тачлил намекунанд касе кордор нест. Мо ки накардем дарав Русияю Аврупо эрод мегиранд.Чи кор дорад, равад барфак бози кардад худаш, ин чашнро солхои шурави мачбур ба анъанаи мо ворид карданд.

Ё товба. Дар мактаб будам мактуби вазоратро дидам бо имзои Нуридин Саидов. Гуфтааст арча намонед боз чи мегуяд. Ин шахс хеч вакт ба давлат хизмат намекунад.

Мо 100 фоиз тарафдори шумо мухтарам вазир. Манъ кунед иди бегонахоро! Ахсант бар шумо! Майнуши бояд дар мо набошад!

заррин
Ба ин кормиандони Вазорати маориф,ки дар малиси назди вазир иштирок доштанд,гунахгоранд. Онхо ин хабарро зуд ба сомонаи дустошта(хамщахриёни )худ додаанд. ва дар натича хамаи чомеаи чахон фамхмд. Мункин макасади вазир аз пешгирии харочотхои зиёдати буд ва ин идро хостаат бо таври одди гузаронанд, аммо мо мардум кай сиёро аз сафед фарк карда будем ва манфиатхои миллро аз кавму кабилаги, махалли боло монда будем, ки имруз мемонем. Хамватанони азиз зарари ин хам ба маколанавис мерасду хам ба миллати у. Охир хамчизеро дар мачлисхо шунидед ба ВАО накашед. Дигар миллатхо моро механданд, соддагиям хад дорад.

иззат
Рахмат раиси мухтарам иди бегонахо барои мо мусалмонхо ё точикхо чи рабте дорад ? Оё Гарбу Руссия иди наврузи моро чашн мегиран? Ва ёиди Фитр ёиди Азхо ро чашн мегиран намегиран чаро мо бояд иди инхоро чашн гирем???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)