Бахшҳо

Чиро Ҷаббор Расулов "нобиға" нашуд?

Обид ШАКУРЗОДА

Ҷаббор Расулов, ки аз сарварони Тоҷикистони шуравӣ мебошад, се сол пеш, 10 июл, садсола шуд. Ёд дорам, таҷлили 90-солагии ин сарвару сиёсатмадори мо, ба таъбире – хоксорона, аммо дар бинои Театри Айнӣ баргузор шуда буд. Аз чӣ бошад, ки дар арафаи садсолагӣ – беҳтарин пайт барои ёдоварӣ аз корномаву бурду бохтҳои роҳбарияш, тақрибан сару садое баланд нагашт. Ҳол он ки сиёсати мо, илму адаби мо муваззаф аст, ки ҳар як шахсияти миллӣ ва ҳар як чеҳраи сиёсиро бо баррасии кору пайкораш баҳои воқеъиву мунсифонаи илмӣ диҳад.


Дар садаи бистум Ҷаббор Расулов аз шахсиятҳое буд, ки дар қиёс бо дигар сарварони Тоҷикистони Шуравӣ аз ҳама бештар, бистуяк сол инони раҳбарии кишварро дар даст дошт ва то кунун дар боби сиёсат ва хатти машши ҳукумати вай нуқтаи назарҳо ноқису ноҳамгуну мутазоданд ва ин мавзуъ ба таври комил нопажӯҳида мондааст. Шуравӣ низ то кунун аз сӯи илми мо арзёбии воқеъӣ нашудааст ва гӯшаҳои торики ноадолатиҳои ин режим (марзбандиҳои сунъиву фитназо, табартақсими қаламрави таърихии тоҷикон, тағйири алифбои ҳазорсолаи мо, маҳв кардани давлати аслии мо – Бухорои Шариф, қатли оми равшанфикорони мо дар солҳои сӣ бо баҳонаи унсури феодализм, сафарбар кардани чоряки аҳолии Тоҷикистон ба ҷанги ҷаҳонии дуюм ва баъдан фаромушкарданҳояш...) ҳамоно офтобӣ нашудаанд.

Аммо Ҷаббор Расулов: Ӯ дар хонадони коргар ба дунё омад. Донишгоҳро дар риштаи кишоварзии шаҳри Тошканд ба поён расонид, тақрибан аз нахустин рӯзи оғози кор дар саҳнаи роҳбарӣ буд – як муддат агроном дар водии Вахши навбунёд ва сипас зина ба зина дар вазоифи баланд мавриди санҷиши ҷиддӣ қарор мегирад. Ва замоне ӯро шоиста ба сарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд, ки Кремлин аз ҷумҳурии мо қаҳр дошт. Зеро сиёсати раҳбари пешин, Турсунбой Улҷабоев Кремлинро машкук ва ошуфта мекард. Бинобар ин, моҷарои "переписка"-и пахта саҳнасозӣ шуд ва беҳтарин имкон барои поккории кадрҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расид. Зимнан ин роҳбар ҳам – Турсунбой Улҷабоев, то кунун шинохта нест ва дар айёми сарварияш барои кишвар чӣ кард, бисёриҳо намедонанд!

Он замон Тоҷикистон баройи Маскав як гӯшаи дурафтодаи фақир ва камаҳаммияте ба шумор мерафт (ва мутаассифона имрӯз низ). Зеро Маскав моро аз шаҳрҳои бузургу аслиамон – Бухорову Самарқанд маҳруму дур сохта буд ва болшвикҳо марзеро, ки барои Тоҷикистон кашиданд, аз як маҳдудаи тақрибан ғайрисаноатӣ ва танҳо кӯҳпораву нообод иборат буд ва кишоварзӣ меҳвари аслии иқтисоди он. Кремлин дар имтидоди султааш ва то кунун саъй кардааст, ки Тоҷикистон ҳамин гуна маҳруму муҳтоҷу ақибмонда бимонад. Аммо қисматҳои дигари Шӯравӣ, ба мисли Қазоқистону Ӯзбакистону Туркмонистон, минтақаи Қафқоз ва бавижа, бахши аврупоии Шӯравӣ, ки пас аз поёни ҷанги ҷаҳонии дувум тақрибан ба як анбори хок табдил шуда буд, барқосо сарсабзу шукуфон мегашт; дар ин ҷо саноате азиму беназир шакл мегирифту ба гардиш меомад. Ва Маскав дар он рӯзҳо маҳз ба он хотир рӯи номи Ҷаббор Расулов ангушти иътимоду таъйид гузошт, ки вай пешаи кишоварзӣ дорад ва муҳимтар аз ӯ кадре барои ин ҷумҳурии деҳкадабунёну дар манҷалоби деҳқонии нимфиодалӣ ғӯтавар, яъне Тоҷикистон, нест. Зимнан, раҳбарони ҷамоҳири шуравиро аз раҳбар дида бештар ба дастнишода ё худ намояндаи Кремлин дар ин музофотҳо номем беҳтар. Зеро ин ҷамоҳир бо ном кишвар буданд, аслан хиттаи шуравӣ Русистоне дар қабои СССР буд.

Бардошти Кремлин зоҳиран дуруст буд, аммо касби таҷрибаи кофӣ дар ҷараёни адои вазоифи гуногуни давлатӣ ва огаҳӣ аз пешрафту дигаргуниҳои замон аллакай Ҷаббор Расуловро табдил ба шахсияте комил карда буд ва ӯ ҳамчун роҳбари нави Тоҷикистону фарзанди ин сарзамин аз асли воқиъа огаҳ ҳам буд, ки чиро Маскав нагузошт Бобоҷон Ғафурови муарриху сиёсатмадори маъруфи Шуравӣ шахси аввали ин ҷумҳурӣ боқӣ бимонад ва низ чиро Турсунбой Улҷабоев бо ин тундӣ барканор гардид. Ҷаббор Расулов бо ин ду роҳбар робитае хуб дошт; замоне бо ҳардуяшон низ ҳамкорӣ карда буд ва ҳоло масъалае, ки беихтиёр дар баробари вай меистод, он буд, ки чӣ тавр тадобиру аҳдофи пешини ин ду роҳбарро мабнӣ бар рушди Ватан эмин аз осиёбсанги сиёсати даврон ба манзили мақсуд расонад. Вай дар стратегияи худ нахуст пайраҳаи муроди Маскав, яъне равнақи ҳар чи бештари кишоварзӣ дар Тоҷикистонро баргузид ва бояд гуфт, дар як муддати кӯтоҳ комёб низ гашт. Ба таври мисол, заминкушоиҳои даштҳои Дилварзину Ашту Исфара дар қисмати шимоли Тоҷикистон, шодобӣ ва сарсабзии сартосарии водии Вахш дар ҷануб ва густариши боғдориву чорводорӣ дар сар то сари Тоҷикистон, бавижа дар амокини кӯҳистонии кишвар, ки дар ниҳояти кор (соли 1990) ҷумҳурии мо ба хазинаи Ватан – Иттиҳоди Шӯравӣ як миллиён тонна «тиллои сафед»(!) рехт. Ҷаббор Расулов дар партави ин нишондодҳои баройи Маскав нишотбахш низ тадриҷан заминаеро баройи густариши саноати муқтадир дар Тоҷикистон пайрезӣ намуд. Инак, аз Душанбе ба Маскав пешниҳод мегардад, ки бояд аз манобеи оби фаровони Тоҷикистон баҳри тавлиди нируи барқи арзону фаровон истифода бурд. Ин нақша ба зоҳир кори хело содаву муфт, аммо аслан чӣ андоза ҳаётиву пураҳаммият будааст, ки мо имрӯз пас аз мустақил шудан дарк мекунем. Зеро дар ҷаҳони муъосир мулки бидуни саноъат касоду торику фақрзада хоҳад монд ва ин мулк вобастаи қудратҳои дигар хоҳад гашт; аз сӯе ҳам барқ хуни саноат талаққӣ шудааст ва миллатҳое, ки хостанд салобату сарбаландӣ ва ифтихороти худро эмин доранд, баҳри рушди нируи барқ ҷаҳд карданд ва мошини бузурги саноати миллии хешро ба гардиш дароварданд. Ҷаббор Расулов низ корро тибқи ин таҷриба пеш гирифт. Ба зудӣ пойдевори ниругоҳи бузурги Норак гузошта ва дар андак муддат он сохта ва коро гардид.

Ба гардиш даромадани ниругоҳи азими обии Норак сароғозе мутмаъин баройи пешрафтҳои саноатӣ дар Тоҷикистон шуд. Корхонаҳои азиму муқтадире, мисли заводи алюминиуми Регар, заводи электрохимиявии Ёвон, фабрикаи қолибофии Қайроқум ва дар радифи онон даҳҳо коргоҳҳои хурду миёнаи дигар дар шаҳрҳои Тоҷикистон қомат меафрозанд. Ниругоҳи обии Бойғозӣ сохта мешавад…

Аммо Ҷаббор Расулов аз он раҳбарони технократии қолибие набудааст, ки масъалаи маорифу фарҳангро ҷузъӣ бигирад. Зеро баъдан дида мешавад, ки вай чӣ гуна бо Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, шахсан, бо президенти он, равоншод, Муҳаммади Осимӣ робитаву ҳамкориҳои судманде доштааст. Маҳз дар даврони роҳбарии Расулов донишмандони мо П. Бобоҷонов, Ҳ. Мансуров, Р. Баротов, К. Тоҷиев, М. Ғуломов, С. Неъматуллоев, А. Усмонов, Б. Сангинов, А. Пӯлодов ва даҳҳои дигар дар Шӯравӣ ва дар ҷаҳон номвар шуданд.

Ҷаббор Расулов бо аҳли адабу ҳунар робитаи зич дошт ва умуман ҳунари хубро меписандиду қадр мекард. Адибони маҳбуби кишварро арҷ мегузошт ва пиромуни равобити дӯстонаву хайрхоҳонаи ӯ бо устодон Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода хотироти фаровоне вуҷуд дорад ва боз бисёр фазилатҳову муҳассаноти ӯ дар рисолаву китобҳои ҳамзамононаш самимона ёдоварӣ шудааст. Ҳамин тавр, Расулов дар сиёсати ноаёни хеш дар баробари як ҳукумати мустабиди марказ ё Маскав, тавонист то адозае комёб шавад.

Дар айни авҷи гуфтору кирдори якнавохту қолибии коммунистон, ки саранҷом боис ба сарнагунии Шӯравӣ шуд, сиёсати Ҷаббор Расулов фарқ мекард ва наметавон ӯро як шахси пайрав ба ин риёкориву қаллобӣ шумурд ё муросокор номид. Даврони брежневии Шӯравӣ ҳамчун замони ифроти шахспарастӣ, авҷи касоду рукуди иқтисод ва дуздиву фасод дар ҷамъияти Шӯравӣ шумурда шудааст. Дар мазҳари ом мушоҳада мешуд, ки котиби генералӣ, Брежневи лоубол чӣ гуна аз ҷониби маддоҳону чоплӯсони фурӯмояаш – котибони аввали ҷумҳуриҳои дигар ё соҳибмақомони атрофаш бо таъбирҳои мутантани "доҳии пролетариати замон", "пешвои хирадманду бузург", "қаҳрамону нобиғаи даврони мо" ва амсоли ин музахрафот мадҳу ситоиш мешуд, аммо ҳамин гуна нидое "мутантан" аз ҷониби Ҷаббор Расулов нисбати ин доҳии "самозванетс" баланд нашуда буд; мушоҳада мешуд, ки ба Брежневи гумроҳ аз дуру наздик чӣ гуна рапортҳои дурӯғини иҷрои кор дода мешуд ва бо изофанависӣ ё дуздии рӯирост чӣ гуна ба хазинаи давлат хисрот ворид мегашт, аммо номи Ҷаббор Расулов дар ин радиф набуд, вай дар шоҳроҳи муқаддаси кору вазифа поку рост рафт. Пас, мебинем, ки чӣ гуна ростии раҳбар муҳимм будааст, ки ҷамъияташ аз дурӯғ, дуздӣ, фиреб, тақаллуб ва фасод барин аъмоли зишт эмин бимонад! Ва вой бар он ҷомиъа ки роҳбараш фосид бошад; он гоҳ деги фасод дар ҳама ҷо ба ҷӯш меояд...

Чиро Ҷаббор Расулов "нобиға" нашуд?Ҷаббор Расулов ғарқа дар кор ҳамеша миёни мардум гаштааст, бидуни дабдабаю дағдаға. Тасвиру наворҳо вайро гоҳе дар домани кӯҳҳои Помир, дар миёни даҳмардаҳои барнодилу меҳрбони Мурғоб намоиш медоданд ва пас аз рӯзе чанд ӯро дар даштҳои сӯзони Бешканд, бо ҷамъи деҳқонони хокпош медиданд, ки гӯши меҳр ба рози дили онон додааст, ба як гаштан аз Зафаробод то Ашту Конибодому Исфара сар мезад ва дар ҷамъи мардум бо фурӯтаниву дилсӯзӣ мегуфту дӯстона суханони онҳоро мешунид; лаби нони хушки деҳқонро бо камолу майлу ҳавас мешикаст, то руҳу ҷисми аз заҳмат афгори деҳқон тавону уммеди тоза ёбад; дар ошхонаи коргоҳе ҳамроҳ бо коргарон таъом мехӯрд, то донад таъми хӯроки онҳо чӣ гуна асту оё қимати муносиб дорад ё на. Аҷиб он буд, ки Расулов бидуни ҳангома ё тантана, бидуни он он ки дар кору зиндагии мардумон музоҳимату халале эҷод кунад, сафар мекард ва дар ҳар ҷо ногаҳону ғайримунтазира, аммо ҳамчун роҳбари ғамшарики мардуми хеш пайдо мешуд. Ҷаббор Расулов фарзанди муҳити хеш – коммунисти ҳақиқӣ буд, мисли Ленин ё Сталин, ки нони ҷавин мехӯрданду дар фикри сохтмони ҷомиъаи орӣ аз истисмору истибдоду фисқу риё буданд. Шояд бо дарназардошти ин хислатҳои аҷиб шоири шаҳири мо, устод Лоиқ Шералӣ маҳз дар сифати вай шеъреро бахшидааст таҳти унвоне бо ҳуруфи бузург – КОММУНИСТ!

Ҷаббор Расулов метавонист дар пайравӣ бо Леонид Брежнев аз зердастони атрофаш истифода бурда, аз худ як донишманду истеъдоди бузург тарошад, ҷилд-ҷилд китобҳои рангаву муҷалло чоп кунад. Масалан чунин корро Рашидов дар Ӯзбакистон ва Алиев дар Озарбойҷон (бо пайравӣ аз Брежнев) карда буданд. Аммо ин роҳи ғалату авомфиребонаро ҳам написандид. Ӯ як раҳбари воқеъӣ ва сиёсатмадори некандеше буд ва ба ҷои шуҳрати дурӯғину бадномкунанда иҷрои вазифаи аслии хеш – раҳбарии ростинро авло мешумурд. Зеро хуб медонист, ки ҳар ҷамъият ниёз ба раҳбари воқеъӣ дорад, то дар гирдоби ҷаҳлу фасоду нодонӣ кашида нашавад, то ки зерипову гадо нагардад. Мо аз таърих дар мисоли шоҳону ҳокимони даврҳо чунин сарварони сарбаланду сазовореро ба мисли ӯ зиёд медонем. Ва низ баракс, аз таърих раҳбарони айёшу фосиду дурғгӯю зиддибашарро низ аз ёд набаровардаем! Зеро ҳич чиз фаромуш намешавад!

Тарзи зиндагии Ҷаббор Расулов низ шаҳодате аз худфидоии ӯ дар роҳи саодати халқаш аст. Ҷаббор Расулов дар сар ҳавои таҷаммул ва карру фарр надошт, одӣ зистааст, ба мисли як кишоварзи одии диёраш. Ба ҳадде ки то охири умр ҳуҷраи ҳақиронаи раҳбари аввали Тоҷикистон рӯи тармиму бозсозиро намебинад…

Ин ҳам аҷиб аст, ки дар китоб "Ҷаҳон тан асту Тоҷикистон дил", навиштаи Муродалӣ Табаров, аз қавли Карим Миралиев омадааст, ки "вақте Ҷаббор Расулов аз олам даргузашт, аз ҷевони ӯ ягон либоси нав пайдо накарданд, ки ба ҷасади марҳум пӯшонанду ба хок супорандаш".

Аз саҳфаи фейсбуки муаллиф
Мӯҳр
.
Хамаи ин ба ном рохбароне, ки дар даври шурави хизмати русхои мустамликадорро ба чо мекарданд, сазовори едовари нестанд. На нанг доштанду на номус.

Ва духтараш як умр дар мактаби рақами 9 бо мо кор кард ва ягон бор аз номи падараш истифода набурд ва баробари ҳама заҳмати муаллимиро мекашид.

Точик
Вокеан чаро аз бузургони худ, ки барои халк хизмат кардаанд, дер ва ё кам ёд мекунем. Месазад ёдовари кард.бехуда нагуфтаанд:Зиндаву човид монд, хар ки накуном зист, К-аз акибаш зикри хайр зинда кунад номро............Ин хакикати хол аст...........

Аз тамоми ҷумлаҳои ин матн як ҷумлааш барои ман писандидаву гаронбор буд.
"вой бар он ҷомиъа ки роҳбараш фосид бошад; он гоҳ деги фасод дар ҳама ҷо ба ҷӯш меояд..."

Шахрванд
Мо камтар содда хастем.Барои хамин ,,Ватанам СССР,, гуфтему дидем, ки СССР алакай нест. Вакташ ягон кас дилу гурда надошт Брежнев,Ленин е Сталинро танкид кунад.Шоире набуд,ки дар васфи Ленину коммунист шеър нагуфта бошад.Хизмат ба халку Ватан барои ,,нобига,, шудан нест.

Васфи хоксории Чаббор Расулов кунед, меарзад, вале аз Ленину Сталин харф назанед. Аз интернет кобед, дар бораи "нони чавини" онхо маълумоти зиёд пайдо мекунед.

Ибодулло
Ч.Расулов фурухташудае ба хокимони Маскаву Тошканд буд. Дар замони давлатдории у шахри Душанбе ба узбакистону урусистон табдил ёфт. Ин маекурт ягон хизмате барои миллати точик накардааст. Вакте як точик сохиби диплом мешуд. зуд дар асоси гуфтахои у аз шахр берунаш меарданд. то чой барои узбаку рус холи шавад. Пас чаро уро бояд нобига эълон кард?

Шурави
Ибодулло, сафсата магу. маълум аст ки махалгарои ашадди хасти. Расулов бузург аст вале ту ки хасти? як махалгарои тангназар. Шурави буд ки точикро одам кард

Мухтарам Ибодулло, Шумо куллан хато кардед. Он солхо хазорон точикон сохиби унвону дастовардхои илми мегаштанд.Дар тамоми сохахо (математика, кишоварзи, хусусан тиб, кайхоншиноси, ва г) олимон Профессорони точик дар тамоми чахон ном бароварданд. Шумо аз ин торик хастед. Худ чи кор кардаед барои халки точик ба гайр аз тухмату бахили?

Машраб
Чавоб: Барои он ки Чаббор Расулов (Худо рахмат кунад) аклу фаросат, шарму хаё, масъулияти баланд, дидаи сер дошт.

Чаббор Расулов шахсияти замони худ буд, хамчун рохбари фидокор. мардуми. поквичдон, бо дили соф бидуни риёкори ва нафси бад ба манфиати халки точик кор кард, борои ободиву осудагии халкхои Точикистон хизмат кард. Як порраи таърихи ин сарзамин аст.
Нисбат ба давлати асли Бухорои шариф барои халки точик давлати Шурави гамхории зиёдтар карда буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)