Бахшҳо
13 янв 2016 10:17Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Гемодиализ - тоза кардани хун

Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино

Мушкили тоза кардани хун диққати илми тибро ҳанӯз аз давраҳои қадим ба худ ҷалб карда буд. Аммо қадами устувор дар ин самт дар авали қарни ХIХ ум гузошта шуд. Маҳз дар ин давра бо рушди биохимия равандҳои зиёд дар организми одамӣ ба табибон ошкор гардиданд ва онҳо тавонистанд усули нави тоза кардани хунро кор карда бароянд. Ин усул гемодиализ номгузорӣ гардид.

Гемодиализ - тоза кардан ва полоиши хун бо ёрии дастгоҳи махсуси гурдаи сунъӣ ба шумор меравад. Ин дастгоҳ имкон медиҳад, аз хун моддаҳои молекулавии паст ва миёнаро ҷудо кунанд. Ба ибораи дигар ба василаи гемодиализ хун аз моддаҳои заҳрдори дар он махлут гардида, тоза мешавад ва таркиби сафедагии плазма бошад бе тағйир боқӣ мемонад. Дар 40 соли охир ин усули тоза кардани хун, чун яке аз асоситарин усулҳои нигаҳдории ҳаёти ашхосе, ки ба бемории норасоии кори гурдаҳо мубтало мебошанд, шинохта шудааст.

Гемодиализ ҳангоми зарурати тоза кардани хун ҳангоми бемориҳои зерин, мавриди истифода қарор мегирад:
- норасоии шадиди кори гурда;
- норасоии музмини кори гурда;
- заҳролудшавӣ бо мавод ва доруҳои гуногун;
- ҳангоми халали вазнин дар таркиби электролитии хун;
- заҳролудшави бо спирт;
- ҳангоми гипергидрататсияи ба ҳаёти мариз хатарнок, ки ба василаи табобати консервативӣ дармон намеёбад (монанди омози шуш, омоси мағзи сар ва ғ).

Дар асл дастгоҳи гемодиализ барои мариз ҷойгузини гурдаи аз кор монда ба шумор меравад ва хунро аз боқимондаҳои азот тоза мекунад. Ба василаи ин дастгоҳ хун ба пуррагӣ аз омехтаҳои заҳролуд тоза мегардад. Ҳангоми тозакунӣ аз диализат ва маҳлули шӯр (физраствор) истифода мекунанд. Дар Бемористони Ибни Сино шӯъбаи гемодиализ бо муваффақият фаъолият мекунад. То ифтитоҳи шӯъбаи мазкур дар пойтахти кишвар, танҳо як маркази гемодиализ мавҷуд буд ва шӯъбаи гемодиализи Бемористони Ибни Сино дуввумин маркази гемодиализ дар Душанбе гардид.

Ифтитоҳи бахши мазкур дар бемористон ба ниёзмандони зиёд имкон фароҳам намуд, ки дар пойтахт аз ин муолиҷа гузаранд. Шӯъбаи гемодиализи бемористон бо таҷҳизоти замонавии олмонӣ ва эронӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ки имкон медиҳад ба ҳамаи беморон, бо норасоии кори гурдаҳо ёрии самаранок расонида шавад. Дар шӯъбаи гемодиализи бемористон мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ фаъолият мекунанд, ки ин низ дар гузаронидани муолиҷаи мазкур нақши бисёр муҳим дорад. Бояд қайд намуд, ки беморони гирифтор ба норасоии кори гурдаҳо ё маризоне, ки баъди ҷарроҳӣ якбора гурдаҳояшон аз кор мемонанд ва одамони сахт заҳролудгардида, ба гемодиализи таъҷилӣ ниёз доранд. Дар раванди гузаронидани гемодиализ дар шӯъбаи мазкури бемористон танҳо аз васоили якмасраф истифода мебаранд, ки имкони сирояти беморонро комилан аз байн мебарад. Шӯъбаи гемодиализи Бемористони Ибни Сино ҳамеша омода аст ба ҳамаи ниёзмандон ёрии тахассусӣ расонад. Инчунин дар назди бемористон ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ" фаъолият мекунад ва истифода аз барномаҳои он, хароҷоти шуморо ба маротиб кам мегардонад.

















Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)