Бахшҳо

Посухи вазири тандурустӣ: Кай президенту вазирон дар Тоҷикистон табобат мегиранд?

Нусратулло Салимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз, 13 январ ба суоли “Озодагон”, ки кай дар кишвар шароите мешавад то президент, вазир ва вакил ба хориҷа нараванду дар дохил табобат гиранд, посух дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон соли 2015 дар паёмаш ба парлумон изҳор дошт, ки дар соҳаи тандурустӣ корҳо бояд тавре роҳандозӣ шаванд, ки президент, вазири тандурустӣ ва вакилон ба хориҷа нараванду дар дохил табобат гиранд.

Салимзода дар ин робита изҳор дошт, “вазифаи асосие, ки мо дар пеши худ гузоштем ин аст, ки беморон ба хориҷа нарафта, дар Ватан табобат ёбанд. Ман фикр мекунам, ки дар ин самт як пешравии калоне дар соҳаи тандурустии кишвар дида мешавад”.

Вазири тандурустӣ инчунин иттилоъро, ки чанд моҳи қабл аз табобат аз Олмон баргашта буд, беасос хонд: “Ман ташхис ва табобати худро дар Ватан гирифта будам. Ба Олмон сафари хидматӣ доштам. Мо бо кишвари Олмон муносибати хуб дорем”.

Ӯ дар мавриди табобати худ аз сӯи табибони тоҷик афзуд, “бемории маро он табибони оддие, ки дар Шаҳраки тиббии кишвар ҳар чизе гуфтанд, баъд аз ин ҳамон бемориро табибони рус ё дигар миллат ҳам ҳамонро гуфтанд, ягон калимаи зиёдро нагуфтанд”.

Вазири тандурустӣ барои исботи пешрафти тибби тоҷик сафари ахираш бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Туркманистонро мисол овард: “Дар Туркманистон суол кардем, ки кадом намуди ҷарроҳиро амалӣ месозанд? Дар онҳо на пайвандсозии узвҳо аст, на иваз кардани рагҳои дил. Имрӯз ҳамаи ҷарроҳиҳо аз тарафи мутахассисони тоҷик амалӣ мешаванд. Пайвандсозӣ, ивази буғум ва тамоми ҷарроҳиҳои урологӣ анҷом дода мешаванд”.

Дар хулоса вазири тандурустӣ изҳор дошт, ки ягон давлати дунё қудратеро надорад, ки ҳама чизро дар як ё ду рӯз муҳайё кунад ва баъдан ҳар касе, ки имкону маблағ дорад, дар интихоби ҷои табобат озод мебошад.
Мӯҳр
Хама медонад, ки системаи маорифу тандурустифалач аст. Икрор шавед худ аз кор бароед, агар ки вичдонро сохиб бошед

Хамитаай ки дар раену кишлоко мардум мурдесан диагонозошона ефта наметавонан врачо е ки эпидемия зарпарвинай як кас дар як чо намегад

умед
Озодагон аз ин вазири мухтарам савол пурсед, ки то кай кудакони бегунох ки дар беморхонахо сирояти ВИЧ СПИД неву хизматрасонии тибби мегиранд. Дар Точикистон хар сол зиёда аз садхо нафар кудакон гирифтори сирояти ВИЧ СПИД мешаванд. Коркунони давлат шумо магар кудак надоред? Озодагон шумо чи? Оиди ин ки кор мекунад? Ана чиноят , магар як коркуни тиб ба чавобгари кашида шудааст ? Не; То як кудаки шумо Калоншавандагон гирифтори ин сироят нашавад гап намезанед ? Ба Чаноби Оли хабар расонед мухтарам падару модароне, ки фарзандхоятон гирифтори ин сироят хаст. Озодагон илтимос бароред!

омузгор
Дуруст гуфтед Салим Боз сохаи тандурусти аз сохаи маориф баттар шудааст. Чи мешавад дар оянда намедонам бо чунин рафторамон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)