Бахшҳо
14 янв 2016 15:41Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Орд, шакар, равған...ҳам аз пайи доллар мераванд (АКС)

Мижгона ҲАЛИМОВА

Дар пайи боло рафтани арзиши доллари амрикоӣ нархи бархе маҳсулоти ғизоӣ ҳам дар Тоҷикистон гарон шудааст.


Носир Саидов, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, дар ин авохир дар фурушгоҳу бозорҳои пойтахт нархи бештари маҳсулот боло рафтааст. “Ду ҳафта пеш як халта орд 155 сомонӣ буд, ҳоло ба 170 сомонӣ баробар шудааст. Танҳо орд не, дигар маҳсулот ҳам қиммат шудааст. Вақте аз фурӯшандаҳо сабаб мепурсӣ, мегӯянд, “доллар қиммат шудаст”.

Фурӯшандаҳо низ гарон шудани арзиши маҳсулотро тасдиқ мекунанд. Дар ин баробар онҳо аз кам шудани харидорон шикоят мекунанд. Ҷӯрабек, як тоҷири бозори “Шоҳмансур”, ки ба фурӯши равған машғул аст, ба “Озодагон” гуфт, бо боло рафтани қурби доллар ҳар як зарфи пластикии равған аз 3 то 5 сомонӣ қиммат шудааст: “Ман охирҳои моҳи декабр бор оварда будам, харидор нест”.

Абуалӣ, савдогари дигар, ки дар ин бозор орду шакар мефурӯшад, мегӯяд, болоравии қурби доллар пеш аз ҳама ба нархи ин ду маҳсулот таъсир кард: “Пештар ордро 150 сомонӣ мефурӯхтем, ҳоло 170 сомонӣ аст. Як халта шакар 280 сомонӣ буд, ҳоло бошад ба 320 сомонӣ расидааст”.

Танҳо фурӯшандаҳои макарону тухм мегӯянд, болоравии доллар ба арзиши он бетаъсир будааст. “Як кило макарон 6 сомонӣ буд, ҳамон нарх боқӣ мондааст. Тухм низ мисли пештара 65-70 дирам аст”,-мегӯянд тоҷирони “Шоҳмансур”. Раҳмоналӣ, фурӯшандаи кортошкаву пиёз ҳам мегӯяд, бо ин далел ки молашро қаблан аз Мастчоҳ оварда буд, нархашро баланд набардоштааст: “Имрӯз баъзе тоҷирон бори нав оварданд, ки аллакай нархаш гарон аст. Арзиши маҳсулот аз роҳ ҳам вобастагӣ дорад. Мо борро аз Ҷиргатолу Мастчоҳ меорем”.

Бахтиёр Лақаев, раиси бозори “Шоҳмансур”-и пойтахт имрӯз, 14 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳарчанд имрӯзҳо болоравии қурби доллар ба нархи маҳсулоти бозор таъсири чандоне надоштааст, аммо имкони дар оянда боло рафтани арзиши маҳсулот мавҷуд аст. Ба гуфтаи ӯ, нархи картошкаву пиёз ҳоло нисбат ба соли гузашта арзон мебошад: “Соли гузашта агар арзиши як кило картошка 2,50 сомониро ташкил медод, ҳоло ба 1,50 сомонӣ мерасад”.

Ӯ далели боло нарафтани нархҳоро ба мавҷудияти захираи маҳсулот дар бозор марбут донист. Бахтиёр Лақаев мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 80 тона орд, 60 тонна картошкаву пиёз захира дорад: “Аммо агар баландравии нархро боздорем ҳам деҳқон худаш метавонад бевосита нархи маҳсулоташро боло барад. Чунки онҳо доруҳоеро, ки ба сабзавоту меваҷот медиҳанд, бо доллар харидорӣ мекунад. Яъне, бо боло рафтани қурби доллар нархи доруворӣ низ боло бурда мешавад. Дар Тоҷикистон дору истеҳмол намекунем ва деҳқон бошад онро аз хориҷ харидорӣ мекунад”.

Дар даромадгоҳи бозори “Шоҳмансур” Агентии назорати моддии давлатӣ маҳсулоти нисбатан арзонро ба фурӯш гузошта буд. Наим, як ҷавони савдогар дар суҳбат бо мо гуфт, маҳсулоти онҳоро баъзан тоҷирон арзон харида, бо нархи гаронтар дар дохили бозор мефурӯшанд: “Масалан, як халта ордро аз мо бо нархи 160 сомонӣ харидорӣ карда, дар дигар тарафи бозор 170 сомонӣ мефурӯшанд”.

Орд, шакар, равған...ҳам аз пайи доллар мераванд (АКС)

Орд, шакар, равған...ҳам аз пайи доллар мераванд (АКС)

Орд, шакар, равған...ҳам аз пайи доллар мераванд (АКС)

Орд, шакар, равған...ҳам аз пайи доллар мераванд (АКС)

Орд, шакар, равған...ҳам аз пайи доллар мераванд (АКС)

Орд, шакар, равған...ҳам аз пайи доллар мераванд (АКС)

Орд, шакар, равған...ҳам аз пайи доллар мераванд (АКС)

Орд, шакар, равған...ҳам аз пайи доллар мераванд (АКС)

Мӯҳр
у
Президент порсол ба ахоли тавсия дода буд ки сесола махсулотро захира кунед. Гапа ки нагирифтед, акнун хап карда гардед.

Темур
чи даркор ҳамин воҳимаатон?
баръакс
дар бозор гушт 30 сомонӣ шуд, боз мегуянд ба 28 медиҳем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)