Ҳалокати ду нафар зери чархи “Опел Вектра”-и ҷавони 19-сола
Як ронандаи 19-солаи дар шимоли Тоҷикистон идораи сабукрави “Опел Вектра”-ро аз даст дода, ду сокини ноҳияи Конибодомро зер кардааст.
Бино ба иттилои Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, ин ҳодиса рӯзи панҷшанбеи 14 январ дар ҳудуди ҷамоати Патари Конибодом ба вуқӯъ пайвастааст: “Дар натиҷа, навраси 11-сола ва як зани 40-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар маҳалли ҳодиса ҳалок гардидаанд”.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои масъулони БДА-и Тоҷикистон давоми 12 моҳи соли соли 2015 дар қаламрави кишвар 1472 садамаи нақлиётӣ ба қайд расида, ки дар пайи он 449 нафар ҷони худро аз даст додаву 1574 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Теъдоди қурбониён нисбат ба соли 2014 се нафар ва маҳруҳон 172 нафар зиёд будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |