Бахшҳо

Аз лағви нафақаи раиси "Султони Кабир" то ҳифзи нафақаҳои "осмонӣ"-и Ҳукумов, Лаълбековаҳо ва Наталяҳо

Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, аз 6 нафаре, ки нафақаи баландтарини маъюбиро мегирифтанд, нафақаи 4 нафарашон қатъ карда шуд.

Тибқи иттилои Оҷонсӣ феълан афроде, ки нафақаи аз ҳама зиёд мегиранд, дар соҳаҳои сердаромад фаъолият кардаанд ва нафақаҳояшон қонунӣ мебошанд: “Гожаева Наталя, маъюби гурӯҳи 2 аст, ки дар ширкати Вавилон фаъолият карда, 12 ҳазор сомонӣ нафақа мегирад. Наталя Назаршоева, ки собиқаи зиёда аз 20 соли корӣ дар “Тоҷиксодиротбонк” ва гуруҳи маъюбиро дорад, зиёда аз 10 ҳазор сомонӣ нафақа мегирад. Лаълбековҳо Фаррух ва Иззатулло собиқ кормандони Тоҷиксодиротбонк мебошанд, ки ташхиси дубора низ нафақаи зиёда аз 10 ҳазор сомонии онҳоро тағйир надодаст".

Нафақаи ҳангуфти Нуралиев Ғулом, собиқ корманди Талков сервис низ аз рӯи қонун арзёбӣ шуд, чун ин шахс музди меҳнати зиёд ва гуруҳи маъюбӣ дорад. Нафақахӯр Амонуллои Ҳукуматулло, собиқ раиси “Роҳи оҳан” низ дар пайи ташхис нафақаи ҳангуфташро ҳифз кардааст, зеро ташхис маъюбии ӯро тасдиқ кардааст. Ба иттилои Оҷонсӣ нафақаи Амонуллои Ҳукуматулло 8 ҳазору 462 сомонию 97 дирамро ташкил медиҳад.

Манбаъ таъкид кард, ки нафақаи ҳангуфти Авазхон Кабиров, раиси бозори “Султони Кабир”, ки ба ташхиси дубора ҳозир нашудааст, қатъ гардидааст.

Дар маҷмуъ раиси Оҷонсии нафақа изҳор дошт, ки то ҳол 65 ҳазору 273 нафарро, аз муоинаи такрорӣ гузаронданд, ки дар натиҷа маъюбии 43 ҳазору 563 нафар тасдиқ шуд: “3 ҳазору 542 нафар аз як гуруҳ ба гуруҳи дигари маъюбӣ гузаштанд. 13 ҳазору 871 нафар тасдиқи худро наёфт. Аз ин теъдод 3 ҳазору 123 аз рӯи синну сол ба нафақа фиристода шуд. Пардохти нафақа ба 10 ҳазору 748 нафар пурра қатъ карда шуд”.

Дар мавриди нафақаи вазирон масъулини Оҷонсии нафақа изҳор доштанд, ки ҳадди ниҳоии нафақаи хизматчиёни давлатӣ 624 сомониро ташкил медиҳад, вале бо назардошти саҳми хизматчиён нафақаи онҳо бозбинӣ карда мешавад.

Қаблан Абдураҳмон Ҳакимов, сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа изҳор дошта буд, ки нафақаҳои зиёд то моҳи апрели соли 2012 таъин шудаанд ва шарҳ дод, ки то он вақт зимни таъини нафақаи маъюбӣ ягон маҳдудият вуҷуд надошт: “То 19 апрели соли 2012 дар таъмини нафақаҳои маъюбӣ маҳдудият пешбинӣ намешуд ва он бо назардошти музди меҳнати ду соли пеш аз баромадан ба нафақа ё 5 соли интихобӣ таъин мешуд. Барои маъюбони гуруҳи 1 ва 2 то 70 фоизи маош ва гуруҳи 3 то 50 фоизи музди меҳнат нафақа таъин мешуд”.

Ӯ илова кард, ки аз моҳи апрели соли 2012 бо тағйири қонунгузорӣ зимни таъини нафақаи маъюбӣ маҳдудият ҷорӣ гардида, ҳадди ниҳоии нафақаҳо муайян шуд: “Аз ҷумла барои маъюбони гуруҳи 1 – ҳадди ниҳоии нафақа 10 ҳадди ақали нафақа, ё худ 1300 сомонӣ, барои маъюбони гуруҳи 2- 8 ҳадди ақали нафақа, ё худ 1040 сомонӣ ва барои маъюбони гуруҳи 3 - 6 ҳадди ақали нафақа баробар ба 780 сомонӣ муайян шудааст”.
Мӯҳр
Одами маъюб чи гуна кор кард се соли дигар? Илтимос кахро бод надихед, ки боз буйи зиёдтар мебарояд

2
нафароне ки нафакаи ночиз мегирифтанд аз галбер гузаронидем гуен

Манбаъ таъкид кард, ки нафақаи ҳангуфти Авазхон Кабиров, раиси бозори “Султони Кабир”, ки ба ташхиси дубора ҳозир нашудааст, қатъ гардидааст...Шарм кардан хам хуб аст!

Иктисодчи
Офарину ахсан Сафарали Начмудинов бо ин кордонию масъулият шиносиатон, чунки дар кучое ки кадаматон расид дар ончо бехбудию пешравихои нав ба нав дида мешавад инро аз таи солхои вазириатон айнихол мардум худ бахо медиханду соли гузашта низ Чаноби Оли худашон дар чаласаи шурои амният супориш дода буданд, ки нафакахои осмони дар чумхури бисёр буда сади рохи онхоро гиретон. Аз ХУДОВАНД умедворем, ки хамаи рохбарони сохахои давлатро хамин хел масъулият шинос гардонаду гамхори халку миллати точик бошанд.

Боракаллох Сафарали Начмудинов. Дунё хамеша талабгори марди кордон аст.

савдогари бозор
барои Аваз кабиров айб хаст ки дар зами ин кадар сарватдори боз аз давлат нафакаи маъюби гирад. ин шармандаги боварам намеояд.

шахрванд
Огои Сафарали Начмиддинов, чаро ки нафаре 10000 сомони нафака мегирад ва нафаре ки тамоми хаёт дар як корхона фаъолият кардааст 300 сомони. Тафовутро бинед 9700 сомони. Агар хамаи мардуми моро ташхиси тибби гузаронанд, 99 фисадашон маъюбанд, бештар аз фишорбаландию камхуни, лекин виждонашон бисёри онхоро намегузорад, ки........Офарин ба Шумо ба ин кордониятон!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)