Бахшҳо

Пажуҳиши ВКД: 50,2%-и тоҷикистониён ба милиса бовар надоранд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз амалишавии марҳила ба марҳилаи барномаи ислоҳоти милитсия дар кишвар барои солҳои 2014-2020 хабар додааст.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки ҳадафи асосии ислоҳот ҳосил шудани эътимоди аҳолӣ ба милиса мебошад. Ба иттилои манбаъ бо ин мақсад миёни мардум назарпурсӣ ва таҳқиқоти сотсиологӣ гузаронида шуда, муайян гардидааст, ки сатҳи эътимоди мардум ба милиса 49,8 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбати соли 2013 4,7 фоиз бештар мебошад.

Тибқи ин пажуҳиш 79,7 фоизи пурсидашудагон гузаронидани ислоҳотро зарур дониста, 71,9 фоизашон дар фаъолияти милитсия тағйироти мусбиро интизоранд: “60,8 фоизи пурсидашудагон зикр кардаанд, ки ҷинояткорӣ нисбат ба соли 2013 камтар шудааст. Ин нишондод дар деҳот 69 фоизро ташкил медиҳад”.

Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки дар доираи барномаи ислоҳот фаъолияти милитсия доираи васеи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла кӯмаки таъҷилии тиббӣ, психологӣ, ҷустуҷӯйи одамони гумшуда ва ҳамзамон наҷот додани ҳайвонотро фаро хоҳад гирифт.
Мӯҳр
сержанти колон
Пажухиш 99.9 фоизи мардум ба менти бовар надоранд

neeeeeeeeeeeeeeeeeee xato hast, 99.9% aholi ba milisai Tojik bovari nadorad.

генерал
росташро гуед чаноби вазир шумо худатон ба милиса бовар доред?
ман бо бовари мегуям 10 дарсад хам бовар надорад

Лейтинант
Вакте сатри модару зану апаву хохарта ай саршон бгира. Риш ин суннати Точики аст. хатто Исмоили Сомони, А Рудаки ришдошту лекин Миллисахо ришхои мардони точика бтароша ки боваршон мекна?

Savlat
Милисахо ба худшон Бовари надоранд хайфеки мардуми оди дошта бошад 101 фисад мардум бовар надоранд

Чабрдида
Ма умуман боваршон надорам. дар милисаи нохияи Сино барои тел гум шидан мурочиат кардам хазор бор рафтам охир гуфтам акалан пачкаи телма тиен надодан хулоса як зараи кам бовари буд хамушам шушта бурдан. хулоса хамин аст ки дар дахсолаи охир онхо бетагир хоханд монд бехуда назарпурси нагзаронд мешавад

точик
Онхо милиса не, балки як дастаи гущнапурзурхо мебошанд, Ки ба горати мардум машгуланд, хайрият, Ки дасти ононро чаноби оли Каме кутох кард

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)