Бахшҳо

Ҳукумати Қирғизистон созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ба парлумон равон кард

Ҳукумати Қирғизистон лоиҳаи созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ба парлумон равон кардааст.

Тибқи иттилоияи ҳукумати Қирғизистон бо ҷониби Тоҷикистон ин лоиҳа моҳи ноябри соли 2015 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст: “Дар мавриди 520 километр марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон соозиш шуд”.

Тибқи иттилои ҷониби Қирғизистон муайянсозии марз аз рӯи эъломияи соли 1991-и Алмаато сурат хоҳад гирифт, ки тибқи он марзҳое, ки замони гирифтани истиқлолияти кишварҳо мавҷуд будаанд, ҳифз хоҳад шуд. Дар назар аст, ки минтақаҳои баҳснок алоҳида мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Пешниҳоди лоиҳа ба парлумон дар ҳолест, ки Акбар Ятимзода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон мегӯяд, дар 519,9 километр марз бо Қирғизистон ҳанӯз ду нуқтаи баҳсбарангез ҷой доранд. Аз ҷумла ба иттилои Кумитаи идораи замин Қирғизистон аз ноҳияҳои Ҷиргатолу Мурғоби Тоҷикистон замин мехоҳад, ки баҳсбарангез аст.

Ятимзода мегӯяд,ҷониби Тоҷикистон ҳеч қарордодеро дар ин робита ҳанӯз қабул накардааст: “Дар ин масофа мо як - ду нуқтаи баҳснок дорем ва барои баррасӣ намудани он албатта мо омода ҳастем. Вақте аз ду ҷониб барои баррасии ин масофа ба таври мушаххас ҳуҷҷатҳои зарурӣ тасдиқ карда мешаванд, баъдан мо дар сатҳи комиссияи байнидавлатӣ минтақаи муайяншударо барои баррасӣ пешниҳод мекунем. Ҳозир ягон қарордодро дар ин бора қабул накардаем”.

Ятимзода масоили марзиро хеле мушкил арзёбӣ карда, афзуд, ки феълан комиссияи ду кишвар барои муайян ва аломатгузории марз бо Қирғизистон кор карда истодаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)