Бахшҳо
20 янв 2016 13:11Тоҷикистон / Сиёсат

Матни комили паёми Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон

Матни комили паёми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба парлумони кишвар, ки имрӯз, 20-уми январ дар Кохи Сомон қироат карда шуд:

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад.

Соли 2015-ум ба таърихи навини кишварамон, қабл аз ҳама, бо чорабинии муҳимми сиёсӣ - интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ворид гардид.

Мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки интихобот дар фазои сулҳу суботи комил ва дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор шуда, бори дигар болоравии маърифати сиёсиву масъулияти шаҳрвандии мардуми Тоҷикистонро нишон дод.

Бо истифода аз фурсат, ба кулли мардуми шарифи кишвар барои ширкати фаъолона дар муҳимтарин чорабинии сиёсии сол бори дигар миннатдорӣ баён менамоям.

Дар соли гузашта, ҳамчунин, як силсила маъракаҳои муҳим, аз ҷумла Конфронси байналмилалӣ доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи яке аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид - Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015, 700 - солагии мутафаккири барҷастаи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000 - солагии Ҳисори бостонӣ баргузор гардиданд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмӯъ, дар амри густариши ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳии хурду бузурги мамлакат, инчунин дар таҳкими нуфузу эътибори кишварамон нақши муассир гузоштанд.

Соли 2015 – ум, бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди кишварамон рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба 6 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил кард.

Сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст гардид ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз зиёд шуд. Маблағи пасандозҳо дар давоми сол 9 миллиард сомонӣ ё 35 фоиз афзуд.

Нишондиҳандаҳои зикршуда ба идома пайдо кардани тамоюли беҳтар гардидани вазъи демографӣ ва тандурустии аҳолӣ мусоидат намуданд, ки дар натиҷа дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 73,5 сол расид ва шумораи фавти модарону кӯдакон нисбат ба солҳои пешин хеле коҳиш ёфт.

Нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд дар панҷ соли охир 1,6 баробар ва фавти кӯдакон 2,5 баробар кам шудааст.

Соли 2015 дар доираи барномаҳои давлативу соҳавӣ беш аз 205 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Нишондиҳандаи қарзи давлатӣ соли гузашта нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 27,9 фоизро ташкил кард, ки ин рақам тибқи меъёрҳои байналмилалии вобаста ба идоракунии қарз нишондиҳандаи муътадил ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, хотиррасон бояд кард, ки соли 2015 аксари соҳаҳои иқтисоди миллии мо таҳти таъсири шадиди омилҳои берунӣ қарор гирифта, ин раванд ба вусъати робитаҳои тиҷоратӣ, тавозуни пардохт, қурби пули миллӣ ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ то андозае таъсири манфӣ расонид.

Барои пешгирӣ кардани чунин вазъ, Ҳукумат нақшаи чорабиниҳои иловагӣ қабул карда, дар доираи он ҷиҳати таъмин намудани тараққиёти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши ҳамкориҳо бо шарикони тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.

Дар доираи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2016-2017” қабул гардид, ки бояд дар асоси он беш аз 300 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ва барқарор карда шаванд.

Соли гузашта бо сабаби идома ёфтани тамоюли манфӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ нархи молу маҳсулоти асосии содиротии кишвар паст рафта, таъсири омилҳои берунӣ ба пули миллӣ зиёд гардид.

Илова бар ин, офатҳои табиии дар давоми сол рухдода, аз ҷумла сардии ҳаво дар вилояти Суғд, селу заминларза дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, як қатор ноҳияҳои водии Рашт ва вилояти Хатлон ба иқтисодиёти мамлакат дар ҳаҷми беш аз 4 миллиард сомонӣ зарар расониданд.

Ҳукумат барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Дар навбати аввал манзилҳои зисти аҳолӣ ва иншооти харобгардида, аз ҷумла роҳу пулҳо, мактабу муассисаҳои тиббӣ ва хатҳои интиқоли барқ аз нав сохта ва барқарор шуда истодаанд.

Соли 2015-ум гардиши савдои хориҷии мамлакат нисбат ба соли 2014-ум 18 фоиз, аз ҷумла содирот 9 фоиз, воридот 20 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 7 фоиз коҳиш ёфт.

Шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ талаб менамояд, ки барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ, бахусус, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумат тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд қисми зиёди дастуру супоришҳо ва иқдомоти дар Паёми соли 2015 баёнгардида бо дарназардошти имконияту захираҳои мавҷуда иҷро шуд, вале бо сабаби коҳиш ёфтани содироту воридот ва иҷро нашудани баъзе нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ зиёд намудани музди меҳнат ва нафақаву стипендия амалӣ нагардид.

Вале ин иқдом дар сархати тадбирҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соли 2016 боқӣ мемонад, зеро ман борҳо таъкид кардаам, ки муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад.

Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат, идоракунии самараноки захираҳои молиявии давлатӣ ва ба эътидол овардани хароҷот ҷиҳати иҷрои тадбирҳои пешбининамудаи Паёми соли гузашта дар ин самт аз 1-уми июли соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнат амалӣ карда мешавад.

Аз ҷумла музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, ба шумули муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона – интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаи меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз баланд бардошта мешавад.

Дар баробари ин, стипендияи донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 60 фоиз зиёд шуда, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад.

Қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ низ бозҳисобӣ (индексатсия) карда мешавад. Барои маблағгузории чорабиниҳои зикршуда аз буҷети давлат дар як сол 1 миллиарду 323 миллион сомонӣ равона мегардад.

Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешад.

Мо дар даврае қарор дорем, ки муҳлати татбиқи як қатор барномаҳои давлативу соҳавӣ, аз ҷумла аввалин стратегияи миллии рушд ба анҷом мерасад.

Бо мақсади суръат бахшидани корҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои афзалиятнок ва муайян намудани дурнамои минбаъдаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, ҳоло дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад.

Дар санади мазкур се ҳадафи миллии эълонкардаамон ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд ва мо азми қатъӣ дорем, ки дар ояндаи наздиктарин иҷрои онҳоро таъмин намоем.

Дар давраҳои минбаъда ин ҳадафҳо сифатҳои нав касб карда, асоси онҳоро гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ташкил хоҳад дод.

Дар ин раванд, ба самаранокии соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, рушди нерӯи инсонӣ, гуногуншаклии истеҳсолот, тақвияти институтсионалӣ ва тараққиёти минтақаҳо афзалият дода мешавад.

Мо инкишофи устувори минбаъдаи кишварро дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ карда, барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ талош менамоем ва ҷиҳати роҳ надодан ба осебпазирии иқтисоди миллии кишвар дар давраи дарозмуҳлат тадбирҳои алоҳидаро амалӣ карда истодаем.

Вобаста ба ин, Ҳукуматро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самтҳои зикршуда тақвият бахшида, ҳамкории мақомоти марказӣ ва маҳаллии идораи давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар таъмин намояд.

Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Бо мақсади иҷрои ин вазифаҳо ва ноил шудан ба пешрафти саноати кишвар то ба имрӯз як қатор барномаҳои соҳавӣ татбиқ гардиданд, ки ба тавсеаи коркарди аввалияи ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуданд.

Ҳоло барои истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои саноатӣ ва афзоиш додани коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла коркарди пурраи нахи пахта як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.

Илова бар ин, барои сохтмони аксари иншооти муҳим ва воридоти таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ низ як силсила имтиёзҳо муқаррар гардида, маблағи умумии онҳо дар шаш соли охир 20 миллиард сомонӣ ва танҳо дар соли гузашта 4 миллиард сомониро ташкил кард. Яъне ин маблағҳо бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ дар ихтиёри соҳибкорон гузошта шудаанд.

Татбиқи чунин тадбирҳо ва барномаҳои соҳавӣ имкон дод, ки шумораи корхонаҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир зиёд гардида, ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар даҳ соли охир 1,6 баробар афзоиш ёбад.

Вале ин нишондиҳанда барои пурра таъмин кардани бозори истеъмолии кишвар ва афзоиш додани содирот ҳанӯз кофӣ нест.

Аз ин лиҳоз, моро лозим аст, ки бо истифодаи васеъ аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридотро зиёд карда, талаботи бозорро бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ таъмин намоем ва ҷиҳати тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.

Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи саноати истихроҷ ва коркард нишон дод, ки вобастагии иқтисоди кишварро аз воридоти ангишт, семент ва дигар навъҳои масолеҳи сохтмон бартараф кардан ва барои содироти минбаъдаи онҳо замина фароҳам овардан мумкин аст.

Илова бар ин, дар чандин ноҳияҳои кишвар бунёди минтақаҳои саноатӣ, аз ҷумла ду корхонаи коркарди нафт бо иқтидори қариб 2 миллион тонна, се корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори беш аз 3 миллион тонна, корхонаҳои бофандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 миллион метри мураббаъ матои пахтагин, сохтмони се корхонаи саноати кимиё, коркарди металлҳои ранга бо иқтидори истеҳсоли 1400 килограмм тилло, корхонаи бузурги металлургӣ бо иқтидори 50 ҳазор тонна рӯҳ ва 50 ҳазор тонна сурб ва боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори 400 ҳазор тонна имсол ва соли оянда ба истифода дода мешаванд.

Қобили таъкид аст, ки фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, махсусан, корхонаҳои коркарди маъдан ва металлургияи сиёҳу ранга ба нерӯи барқ ва дигар шароити инфрасохторӣ вобастагӣ дорад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳангоми банақшагирии сохтмони корхонаҳои саноатӣ масъалаи ба манбаъҳои ашёи хом наздик ҷойгир кардани онҳо, ҳаҷми зарурии нерӯи барқ, об, роҳ ва дигар инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ бо истифодаи технологияҳои каммасраф ба инобат гирифта шавад.

Дар стратегияи рушди минбаъдаи кишвар саноатикунонии мамлакат пешбинӣ шудааст.

Ин иқдом ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мусоидат карда, барои беҳтар гардидани тавозуни савдои хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи шаклу усулҳои пешрафтаи идоракунии иқтисодиёт барномаҳои соҳавиро дар доираи афзалиятҳои муайяншуда таҳия карда, татбиқи саривақтӣ ва сифатноки онҳоро таъмин намоянд.

Робитаҳои иқтисодии хориҷии мамлакат тавассути таъмин намудани истеҳсолоти ватанӣ ва кам кардани монеаҳои маъмуриву техникӣ тадриҷан густариш ёфта, Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди тиҷоратӣ шинохта шудааст.

Бо вуҷуди ин, дар фаъолияти иқтисодии берунии мо бинобар номутавозин будани истеҳсолоти ватанӣ ҳиссаи воридот нисбат ба талабот то ба ҳол зиёд аст.

Аз ин лиҳоз, дар стратегияи сиёсати савдои хориҷӣ дар давраи миёнамуҳлат бояд ба се самти асосӣ - ҳавасмандгардонии содирот, рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо аҳаммияти хосса дода шавад.

Бо ин мақсад, роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳоро зарур аст, ки барномаи мусоидат ба содирот ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотро барои давраи миёнамуҳлат таҳия карда, бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.

Дар доираи татбиқи барномаи зикршуда бояд маҷмӯи чорабиниҳо доир ба фароҳамсозии шароити мусоид ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани коркарду фурӯши маҳсулот, зиёд кардани номгӯи молҳои содиротӣ, аз ҷумла ноил шудан ба истеҳсоли на кам аз 20 номгӯи нави молҳои ивазкунандаи воридот бо арзиши баланди иловашуда ва иловатан ба роҳ мондани истеҳсоли 20 намуди чунин молҳои содиротӣ амалӣ карда шавад.

Тавре ки таъкид гардид, инкишофи соҳаи саноат, дар навбати аввал, аз истеҳсоли нерӯи барқ вобаста мебошад.

Вале бояд гуфт, ки то ба имрӯз ҳаҷми нерӯи барқи дар кишвар истеҳсолшаванда барои таъмин намудани инкишофи устувори иқтисодиёт кифоят намекунад.

Аз ин хотир, моро лозим аст, ки дар баробари ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқ истифодаи самараноки онро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намуда, махсусан, ба истифодаи техникаву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳем.

Соли 2016 мо нақша дорем, ки дар ҳаҷми 300 мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикиро ба истифода супорем. Вале дар баробари ин, мо дар давоми сол ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатиро дар ҳаҷми 350 мегаватт ба нақша гирифтаем.

Ҳарчанд ки дар кишвари мо истихроҷи нафту газ ва коркарди маводи сӯзишворӣ хеле кам аст, вале захираҳои гидроэнергетикиамон ниҳоят бузурганд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзун гардонад.

Пешрафти ояндаи ҷаҳон аз энергияи барқароршаванда вобастагии зиёд дорад. Зеро он омили муҳимми таъмин намудани тараққиёти босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши партовҳои гази карбон мебошад.

Тоҷикистон чун кишвари дорои захираҳои фаровони об ҷонибдори истифодаи одилонаву оқилонаи ин захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад.

Зеро дастрасӣ ба энергия дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ дошта, хусусан барои кишварҳои тараққикунанда ва кӯҳистон ба масъалаи муҳимтарини рӯз табдил ёфтааст.

Аз ин лиҳоз, барои Тоҷикистон масъалаи дастрасӣ ба энергия ҷиҳати таъмин намудани тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ аҳаммияти хосса дорад.

Дар ин росто, бар пояи татбиқ гузоштани пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълони даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” аз аҳаммияти хоссае бархурдор хоҳад буд.

Ҳукумати мамлакат захираҳои гидроэнергетикиро сарвати миллӣ мешуморад. Бинобар ин, мо рушди соҳаи энергетикаи обиро ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ муайян карда, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ таъмиру навсозӣ ва сохтмони иншооти энергетикиро идома медиҳем.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти энергетика дар кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст.

То охири соли 2016 навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 (300 мегаватт)ба маблағи дуюним миллиард сомонӣ ба истифода дода мешавад, ки ин таъминоти аҳолиро бо барқ хеле беҳтар мегардонад. Инчунин, сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи КАСА-1000 (252 километр) ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ оғоз мегардад, ки он шабакаҳои барқии моро бо дигар кишварҳои минтақа пайваст намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя мусоидат мекунад.

Ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, танҳо соли ҷорӣ барои пешрафти соҳа 4 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Сохтмону таҷдиди иншооти энергетикии ба нақша гирифташуда дар ояндаи наздик имкон медиҳад, ки аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон пурра бо барқ таъмин гардида, барои содироти нерӯи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон ба кишварҳои минтақа шароит фароҳам оварда шавад. Яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ соҳаи кишоварзӣ буда, рушди он солҳои охир дар сатҳи устувор қарор дорад.

Дар натиҷаи тадбирҳои то ба ҳол андешидашуда тараққиёти воқеии маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, дар даҳ соли охир қариб 2 баробар зиёд шудааст ва имрӯз ба ҳисоби миёна 23 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии моро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки обу замин ва ҷорӣ намудани кишти такрорӣ ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст.

Дар 15 соли охир дар соҳаи кишоварзӣ 42 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Айни замон дар соҳаи мазкур татбиқи 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад.

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Тоҷикистон аз 27 - уми августи соли 2009 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” дар майдони 50000 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, барнома барзиёд иҷро карда шуд ва бо ҳамин роҳ беш аз 100 ҳазор ҷойи кории нав муҳайё гардид.

Бо мақсади идома бахшидани ин раванд, аз ҷониби Ҳукумат барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020 қабул гардид, ки тибқи он дар 5 соли оянда бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав пешбинӣ шудааст.

Дар иртибот ба ин, зарур аст, ки таваҷҷуҳи соҳибкорони ватанӣ ба бунёди корхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир оид ба коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, марказҳои логистикӣ, инчунин сардхонаҳои ҳозиразамон барои нигоҳдории меваю сабзавот равона карда шавад.

Солҳои охир афзоиши солонаи истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз ва дар соли 2015 - ум 3,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳоло захираҳои бозори истеъмолии кишвар аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзии мамлакат ташаккул ёфта, ин раванд ба фаровонии бозори истеъмолӣ ва нархи маҳсулот таъсири мусбат расонида истодааст.

Аз ин лиҳоз, мехоҳам ба тамоми кишоварзони мамлакат барои заҳмати софдилона ба хотири афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ изҳори сипос намоям.

Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи амнияти озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Дар иртибот ба ин, Ҳукумати мамлакат бояд тамоми монеаҳои мавҷударо дар самти содироти меваю сабзавот, аз ҷумла меваи хушк аз байн бардорад.

Дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ яке аз шартҳои асосии пешрафти иқтисоди миллӣ ба шумор меравад.

Дар солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд ва ба истифода супорида шудаанд.

Ҳоло дар соҳа татбиқи 14 лоиҳа ба маблағи умумии панҷуним миллиард сомонӣ идома дорад.

Соли 2015 азнавсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода ба масофаи 57 километр ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ ва шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент ба масофаи 113 километр ба маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ анҷом ёфт.

Имсол азнавсозии роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг ба масофаи 88 километр ва ба маблағи 370 миллион сомонӣ ба анҷом мерасад.

Ҳамчунин, роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа (қисмати Ваҳдат – Ёвон) ба истифода супорида мешавад, яъне робитаи пойтахти мамлакат бо яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар – вилояти Хатлон таъмин мегардад.

Мо дар замони истиқлолият беш аз 190 километр роҳи оҳан бунёд кардем.

Дар давоми соли 2016 корҳои сохтмону таҷдиди боз якчанд иншооти нақлиётии муҳим, аз қабили азнавсозии қисми роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Турсунзода (аз муҷассамаи Ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳр) ба маблағи 480 миллион сомонӣ ва Исфара - Хуҷанд ба маблағи зиёда аз 310 миллион сомонӣ оғоз мегардад.

Барои ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб - Қалъаихумб – Хоруғ - Кулма имсол оғози таҷдиди ду қисмати душвортарини он, яъне Кӯлоб - Шӯрообод ба масофаи 32 километр ва Шкев - Қалъаихумб ба масофаи 26 километр ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи умумии он беш аз 800 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо корҳои омодасозии лоиҳа барои оғози таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб - Ванҷ ба масофаи қариб 110 километр ва арзиши умумии беш аз 2 миллиард сомонӣ идома доранд.

Танҳо дар амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт айни ҳол зиёда аз 3000 нафар кор мекунанд. Дар давоми соли 2015 дар маҷмӯъ, қариб 510 километр роҳ таъмиру таҷдид ва 140 пул сохта ва барқарор карда шудааст.

Илова бар ин, ба маблағи беш аз 70 миллион сомонӣ таъмиру таҷдиди роҳҳои байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба масофаи 324 километр ба анҷом расида, ғайр аз ин, аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Президенти мамлакат дар 21 шаҳру ноҳияи кишвар 81 километр роҳҳои байнишаҳрӣ ба маблағи 90 миллион сомонӣ азнавсозиву таъмир шудаанд.

Дар робита ба ин, бори дигар роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро таъкид месозам, ки ба масъалаи вусъат бахшидани корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ, байни ҷамоатҳову деҳаҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ эътибори доимӣ диҳанд.

Ҳоло бо мақсади беҳтар кардани таъминоти аҳолии чандин шаҳру ноҳияи мамлакат бо оби тозаи нӯшокӣ 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Умуман, дар даврони истиқлолият бо ин мақсад дуюним миллиард сомонӣ сарф шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Бар асари буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ вазъи молиявии кишвар осебпазир гардидааст. Буҷети соли 2016 бо дарназардошти истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва иҷрои афзалиятҳои миллии муайяншуда дар ҳаҷми 18 миллиарду 300 миллион сомонӣ қабул шудааст, ки нисбат ба соли 2015 беш аз 3 миллиард сомонӣ ё 20 фоиз зиёд мебошад.

Вале бояд гуфт, ки даромади буҷети давлатӣ ҳоло ҳам аз омилҳои берунӣ ва андозҳои ғайримустақим вобастагии зиёд дорад.

Дар ин шароит моро лозим меояд, ки сарчашмаҳои даромади буҷетро аз ҳисоби васеъ гардонидани фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ ва дигар манбаъҳо таъмин намуда, барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ доир ба истифодаи самараноки қисми хароҷоти он чораҳои мушаххас андешем.

Бинобар ин, Вазорати молия ва Бонки миллиро зарур аст, ки якҷо бо дигар мақомоти давлатии дахлдор бо мақсади мустаҳкам намудани устувории молиявии кишвар ва кам кардани хавфи пайдоиши буҳронҳо дар бозори молиявӣ, таъмини пешрафти фаъолонаи бозорҳои сармоя дар доираи ҳадафҳои стратегӣ баланд бардоштани самаранокии тақсими захираҳо, сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳои қабулшударо таъмин намоянд.

Инчунин, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия якҷо бо Вазорати молия бояд назорати истифодаи шаффофу мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти корхонаҳои давлативу ҷамъиятҳои саҳҳомиеро, ки давлат дар онҳо саҳм дорад, инчунин пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсиониро пурзӯр намоянд.

Солҳои охир мавқеи низоми бонкӣ дар самти пешниҳоди қарз ба бахши истеҳсолӣ, афзоиши шумораи муштариён, тавсеаи шабакаҳои қарздиҳии хурд, ҷалби сармоя ва амонатҳои шаҳрвандон беҳтар шуда истодааст.

Соли 2015 ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 5 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд додаанд, ки қариб 1 миллиарди онҳо ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон рост меояд.

Шумораи мизоҷони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд дар давоми сол 15 фоиз зиёд шудааст.

Дар чунин шароит сиёсати пуливу қарзии давлат бояд бо роҳи беҳтар намудани шароити маблағгузории молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ ба ҳавасмандсозии бахши воқеии иқтисодиёт барои ташкили истеҳсолот ва ҷойҳои нави корӣ нигаронида шуда, инчунин, ба хотири таъмини устувории пули миллӣ, баланд бардоштани пардохтпазирӣ ва эътимоднокии низоми бонкӣ, фаъолияти самарабахш ва бехатари низоми пардохтҳо чораҳои муассир ва саривақтӣ андешида шаванд.

Дар ин самт зарур аст, ки Бонки миллӣ, Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти самараноку устувори низоми бонкӣ, ҷалби сармоя барои дастгирии бонкҳо ва қарздиҳӣ, беҳтар кардани сифати сандуқи қарзии бонкҳо ва дастрасии хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон, таҳкими инфрасохтори низоми пардохт бо истифода аз таҷҳизоту технологияҳои муосир ва фаъол гардонидани бозори коғазҳои қиматнок тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Вакилони муҳтарам!

Давлат ва Ҳукумати кишвар таъмин намудани пешрафти соҳаи соҳибкориро яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти худ қарор дода, барои дастгирии соҳибкорон, таъмини шароити мусоиди ташаккули соҳа тавассути муқаррар кардани имтиёзҳои мухталиф дар соҳаи андозбандӣ, пардохти боҷи гумрукӣ, ҷорӣ намудани мораторий барои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ месозад.

Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзӣ мо аз ҳисоби буҷети давлатӣ Фонди дастгирии соҳибкориро таъсис додаем, ки то имрӯз дар 47 шаҳру ноҳия ба субъектҳои зиёди соҳибкории истеҳсолӣ бо фоизҳои паст дар ҳаҷми 95 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат додааст. Имсол ба фонди мазкур ҷудо намудани 120 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин, бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд фақат дар соли 2015 ба субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ зиёда аз 7 миллиард сомонӣ қарз додаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 26 фоиз зиёд аст.

Маҳз дар натиҷаи тадбирҳои дар самти беҳсозии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ амалигардида мавқеи кишвари мо беҳтар шуда, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар давоми солҳои охир 3 маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид.

Дар зарфи 10 соли охир дар кишвар беш аз 90 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, айни замон 63 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми умумии зиёда аз 19 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Инчунин, танҳо дар соли 2015 ба маблағи беш аз 7,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки қариб 4 миллиард сомонии онро сармоягузории мустақим ташкил медиҳад.

Дар марҳалаи имрӯзаи рушд бахшҳои давлативу хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи афзалиятҳои муайяншуда бояд ширкати фаъолонаи худро идома диҳанд.

Илова бар ин, соҳибкоронро зарур аст, ки ба хотири васеъ намудани фаъолияти худ, ворид кардани технологияҳои муосир, афзоиш додани истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳарчи бештар кӯшиш намоянд.

Ҳозирини арҷманд!

Танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, касбомӯзӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ ба суботи иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бевосита дорад.

Амалӣ гардидани барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ имкон дод, ки дар 10 соли охир зиёда аз 1 миллион ҷойҳои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, танҳо тавассути мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 315 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд, ки 30 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Дар баробари ин, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба омодагии касбии шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ раванди таълими касбиро ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ гардонанд.

Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, инчунин соҳибкорон, масъулони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъсиси курсҳои таълими касбу ҳунар ва забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар баробари ин, бояд ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани корҳои хонагӣ, аз қабили қолинбофӣ, дигар навъҳои бофандагиву дӯзандагӣ ва умуман рушди косибиву ҳунармандӣ чораҳои муассир андешида шаванд.

Масъалаи омӯзонидани касбу ҳунарҳои гуногун ва тайёр кардани кадрҳои коргарӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм ва вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо буда, онҳо вазифадоранд, ки заминаҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо, бахусус марказҳои таълими калонсолонро таҳким бахшанд ва барои омода кардани кадрҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари давлат соли 2015 дар ҳамаи муассисаҳои тарбияи кадрҳои коргарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, беш аз 200 ҳазор нафар касбу ҳунарҳои нав омӯхтаанд ва барои фаъолият дар бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ омода шудаанд. Ин раванд бояд дар оянда идома ёфта, сатҳу сифати касбу ҳунаромӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.

Дар робита ба ин, роҳбарону масъулини соҳаро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои коллеҷу литсейҳои касбиву техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи умумӣ марказҳои таълими калонсолон, инчунин курсҳои омӯзиши касбу ҳунарро ҳарчи бештар ташкил намоянд.

Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Бо мақсади иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд ислоҳот ва навсозӣ дар соҳаи маориф бомаром идома дорад. Ҳоло муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар пурра ба маблағгузории сарикасӣ гузашта, фаъолияти низоми молиявӣ дар ин муассисаҳо ба танзим дароварда шудааст.

Вобаста ба ин, вазоратҳои молия, маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати давра ба давра ба маблағгузории сарикасӣ гузаронидани зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ чораҷӯӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 барои тараққиёти соҳаи маориф 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2015 - ум 10 фоиз ва дар муқоиса бо даҳ соли пеш 13 баробар зиёд мебошад.

Соли гузашта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” қабул гардид, ки тибқи он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълимию тарбиявӣ барои кӯдакони лаёқатманд ташкил карда мешаванд.

Бо супориши Роҳбари давлат имсол дар шаҳри Душанбе бори нахуст дар сохтори Академияи илмҳои Тоҷикистон мактаби инкишофи зеҳнӣ бунёд гардида, Вазорати маориф ва илм вазифадор шудааст, ки ба Ҳукумати мамлакат барномаи давлатии таъсиси чунин мактабҳоро дар маркази ҳамаи вилоятҳо пешниҳод намояд. Бо ин роҳ мо барои рушди нерӯи инсонӣ ва ҷалби наврасон ба таҳсилоти муосири босифат имконияти бештар фароҳам меорем.

Бояд гуфт, ки муҳлати татбиқи Барномаи компютеркунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010-2015 ба охир расида, дар миқёси мамлакат 106 фоиз иҷро шуд.

Дар баробари ин, масъулони соҳаи маориф вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати таҳия ва ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод намудани “Консепсияи таҳсилоти муттасил барои солҳои 2016 – 2022” чораҷӯӣ карда, барои роҳандозӣ намудани чунин шакли таҳсилот тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ супориш дода мешавад, ки дар давоми чор соли оянда масъалаи пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал, русиву англисӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд.

Инчунин, ҷиҳати ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии муаллимон мунтазам чораҷӯӣ карда, доир ба вазъи корҳо дар ин самт ба Ҳукумати мамлакат ҳар сол гузориш диҳанд.

Ҳоло аз 170 ҳазор донишҷӯёни кишвар 50 ҳазор нафар бо ихтисосҳои омӯзгорӣ ва беш аз 10 ҳазор нафар аз рӯи ихтисосҳои тиббӣ таҳсил доранд.

Вале бо вуҷуди ин, имрӯз дар муассисаҳои тандурустӣ қариб 6 ҳазор табибон, 8100 нафар кормандони миёнаи тиббӣ намерасанд ва талаботи солона ба кадрҳои омӯзгорӣ 3600 нафар мебошад.

Бори дигар таъкид менамоям, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.

Вобаста ба ин, бори дигар ба падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат менамоям, ки барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон бо ин, ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд.

Ҳукумат ҷиҳати таъмини пояҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳо, инчунин тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат чораҳои мушаххас меандешад.

Идомаи паёми п
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)