Бахшҳо
21 янв 2016 09:45Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ғуломзани язидии ҷангҷӯи тоҷик: Баъди қатли ӯ боз даст ба даст шудам...

Ажин, як духтари 22 солаи язидӣ, ки тайи 11 моҳ дар асорати ҷангиёни “Давлати исломӣ” қарор доштааст, изҳор медорад, ки тайи ду моҳ ҳамсари маҷбурии як ҷангҷӯи тоҷик буд.

Ин сокини шаҳри Синҷари Ироқ дар суҳбат бо рӯзномаҳои Ғарб изҳор доштааст, ки ҷангиёни “Давлати исломӣ” моҳи августи соли 2014 мардони язидиро кушта, ӯро ҳамроҳ бо даҳҳо ҷавондухтарон асир гирифтаанд: “Нахуст ману хоҳарам барои 15 рӯз дар як зиндони шаҳри Риққа маҳбус будем. Баъдан як мард аз Арабистони Саудӣ хонае бурд, ки ду марди дигар онҷо зиндагӣ мекарданд. Моро латтукӯб менамуданд”.

Ин зан афзудааст, баъди чанд муддат марди саудӣ ӯро ба як ҷангҷӯи тоҷикистонии “Давлати исломӣ” фурӯхтааст: “Ин бор барои 2 моҳ дар ихтиёри як тоҷикистонӣ будам. Ӯ баъдан дар пайи ҷангҳо ҳалок шуд ва ман чанд маротибаи дигар фурӯхтаю туҳфа шуда будам”.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомоти тоҷик наздики 700 шаҳрванди Тоҷикистон дар сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” қарор доранд, ки бархе зану фарзандашонро низ бо худ бурдаанд. Ба иттилои манбаъ занони ҷангиёни “Давлати исломӣ” баъди марги шавҳарашон моли ҷангиёни дигар мешаванд.
Мӯҳр
Барзуяи табиб
Инхо точик нестанд. точик ба харфхои Фирдавсию Хайём гуш медихад на ба суханхои арабхо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)