Нигаронии вазири кишоварзӣ аз зимистони гарм: Умед ба барф дорем
Маҳмадтоир Зокирзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, имрӯз, 22 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз гармии зимистони имсола изҳори нигаронӣ кард.
Зокирзода гармои зимистонро мояи нигаронии на танҳо кормандони Вазорат, балки тамоми деҳқонони кишвар хонд: “Ин ки зимистон гарм омадааст хуб нест, зеро он намие, ки тирамоҳ буд ва он намнокие, ки дар заминҳои лалмӣ аст, хеле кам мебошад. Мо ғалладонагиҳои зиёд коштем. Бо чунин намӣ мо наметавонем, ҳосили банақшагирифтаамонро гирем”.
Вазири кишоварзӣ изҳори умед кард, ки зимистон ҳанӯз дар пеш аст ва дар кишвар барфрезӣ хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки обуҳавошиносони тоҷик моҳи феврал ва мартро низ дар Тоҷикистон аз меъёри муқаррарӣ гармтар пешбинӣ кардаанд. Соли гузашта баъди гармои тӯлонӣ сард омадани ҳаво боиси сармозада шудани меваҳо дар шимоли Тоҷикистон шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран ҳаҷми хисороти сармои баҳори соли 2015-ро садҳо миллион сомонӣ арзёбӣ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |