Бахшҳо
23 янв 2016 11:20Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Эмомалӣ Раҳмон: Қурби пул бояд дар Бонки миллӣ муайян шавад, на дар кӯча

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки мафҳумҳои “қурби давлатӣ” ва “қурби бозор” аз байн бурда шавад. Ӯ ин нуктаро дар машварати корӣ рӯзи 22 январ иброз доштааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, машварати мазкур бо ҳузури сарвазир, муовини аввали сарвазир, раиси Бонки миллӣ, роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисоду молия, мақомоти андоз, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палати ҳисоб ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шудааст: “Чунонки зикр гардид, коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар бозори қарзию молиявӣ ва асъории Тоҷикистон, асосан ба таври сунъӣ аз ҷониби доираҳои алоҳидаи манфиатдор, роҳандозӣ мешавад”.

Манбаъ мегӯяд, дар ин машварати корӣ таъкид шуда, ки мубодилаи асъор бояд танҳо дар сарбонкҳо, филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкҳо сурат бигирад, то ин ки ба ҳар гуна қаллобию ҳаннотӣ аз ҷониби доираҳои манфиатдори бехабар аз манофеи миллию давлатӣ роҳ дода нашавад. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “тамоми корҳои вобаста ба сиёсати пулию қарзию асъорӣ ва тартиби амали он дар ҳамаи муассисаҳои ин соҳа, новобаста аз шакли моликият, бояд ба таври шаффофу назоратшаванда ба роҳ монда шавад ва мафҳумҳои “қурби давлатӣ” ва “қурби бозор” аз байн бурда шавад. Қурб бояд як то бошад ва он на дар кӯча, балки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян ва танзим карда шавад.

Президенти Тоҷикистон ба масъулин дастур додааст, дар кӯтоҳтарин муҳлат барои ба қонунгузории амалкунандаи низоми бонкӣ доир ба танзими асъор ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани он тағйиру иловаҳо таҳия ва пешниҳод намоянд: “Тибқи дастури Сарвари давлат дар таҳрири нави Кодекси ҷиноятӣ ва дигар санадҳои дахлдори қонунгузорӣ бояд ҷавобгарӣ, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ, барои ба хориҷи кишвар баровардани ҳаҷми зиёди асъори байналмилалӣ ва барои хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ дар қаламрави мамлакат пешбинӣ шавад”.
Мӯҳр
900 сомони: Курби доллар дар бонкхо. 850-870 дар бозори сиёх!
Аз Озоди:"Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 22 январ қурби расмии як долларро ҳудуди 7 сомониву 78 дирам муқаррар кардааст.Аммо дар “бозори сиёҳ” қурби доллар дар муқобили сомонӣ кайҳо аз марзи 8 сомонӣ барои як доллар гузаштааст ва аз гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон ҳатто дар бораи ба 9 – 9,50 сомонӣ фурӯхта шудани як доллар гузоришҳо ба даст мерасанд".
Мехохам инчо ба арзи хамкасбон расонам, ки курби фуруши доллар на дар бозори сиёх, балки дар бонкхои кишвар алъон 9 - 9.20 аст. Мархамат агар Шумо корти дилхох бонкро дошта бошед, бо он ба бонк биравед ва гуед, ки ба кортам мехохам доллар гузаронам. Ана он гох мебинед курби вокеии доллар дар бонкхо чанд аст. Масалан дар Точиксодиротбонк алъон 100 долларро Шумо бо арзиши на камтар аз 900 сомони бо рохи ба корти худи хамин бонк гузаронидани пул харидори мекунед, вале аз Шумо долларро бо курби 7 сомониву 78 дирам харидори мекунанд. Яъне миёни хариду фуруши доллар 120 сомони аз нархи муайяннамудаи Бонки милли фаркият аст. Дар бозори сиёх бошад Шумо 100 долларро метавонед бо нархи 850 сомони харидори намоед. Ин гувохи он аст, ки арзиши доллар дар бозори сиёх нисбат ба бонкхо арзонтар асту киматтар не.
Ба назари ман Бонки милли бо бастани нуктахои мубодилаи асъор ва танхо ба бонкхо додани бартарият сахви бузурге кард. Зеро алъон мардум барои иваз кардани доллар ба бонкхонамераванд ва кушиш мекунанд, ки долларро бо нархи вокеии он ба шахсони шиноси ба он эхтиёчдошта фуршанду аз он зарар набинанд. Зеро бо бурдан ба бонк ва иваз намудан аз хар сад доллар то сад сомони ва аз 1000 доллар то 1000 сомони зарар мебинанд.
Дирузакак як нафар занг зада аз ман мепурсид, ки мехохам пуламро иваз кунам, ба кучо мурочиат кунам?
Гуфтам: - Ба бонк мурочиат кун.
Гуфт:- Дар бонк ман кариб 120 сомони зарар мебинам. Ончо миёни харид ва фуруш то 120 сомони фаркият аст.
Ин чи аз чи гувох медихад? Ин аз он гувох медихад, ки мардум дигар барои иваз намудани доллар ба Бонк мурочиат намекунанд ва кушиш мекунанд, ки долларро бо нархи вокеии он иваз кунанд.
Аз манъ кардани нуктахои мубодилаи асъор натича чи шуд? Натича хамон шуд, ки гардиши доллари накд дар бонкхо катъ мегардад ва гардиши доллар дар кишвар аз назорати Бонки милли охиста охиста мебарояд. Барои хамин хам фикр мекунам, ки Бонки миллиро зарур аст, ки Бонкхоро назорат кунад. Зеро алъон курби фуруши доллар дар бонкхо баландтар аст аз курби доллар дар "бозори сиёх".
Бовар намекунед? Рейд гузаронед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)