Бахшҳо
25 янв 2016 09:18Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Пурсиш: Чаро нисфи мардум ба милиса эътимод надорад?

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, натиҷаи як назарпурсӣ ва таҳқиқоти сотсиологӣ миёни мардум нишон дода, ки сатҳи эътимоди мардум ба милиса 49,8 дарсадро ташкил медиҳад. Дар робита “Озодагон” аз чанд соҳибназар пурсид: ЧАРО НИСФИ МАРДУМ БА МИЛИСА ЭЪТИМОД НАДОРАД?


Ҷамила ҲУСЕЙНОВА, узви Шӯрои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Ба фикри ман солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва пас аз он теъдоди шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар мақомоти милитсияи тоҷик сар карда аз масъулин ва кадрҳои роҳбарикунанда зиёд шуданд, ки аксарияташон дар ин соҳа соҳибкасб набуда, бо мардум рафтори ғайрикасбӣ доштанд. Ин солҳои тулонӣ давом карду боиси аз боварии мардум баромадани милитсия гашт, ҳоло он ки шиори ҳамешагии мардум то пошхӯрии давлати Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ – “Милитсияи ман - муҳофизи ман” буд. То ҷое иттиллоъ дорам, ҳанӯз ҳам чунин кадрҳо дар мақомоти қудратӣ ҳастанд ва ислоҳоти соҳаи милитсия, ки пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа равона шудааст, мақомотро аз чунин кадрҳо тариқи аттестатсияву озмунҳо ва тренингҳои психологӣ ва системаи нави корӣ, пок хоҳад кард. Шиори политсияи ояндаи тоҷик – “Политсия - ин халқ ва халқ ин политсия” мебошад ва шояд бо таҷдиди системаи милитсия воқеан ҳам политсияи халқ бошаду сазовори боварии мардум гардад.

Умед ҶАЙҲОНӢ, фарҳангшинос

Ин гумон дуруст нест, ки милисаҳо ҳама ғоратгар ҳастанд ва шаҳрвандонро ҷуз ба чашми тамаъ намебинанд. Вале ҳамин, ки ниме аз пурсидашудагон бовару эътимодашонро аз милиса дареғ доштаанд, худ нишондиҳандаи кори ин ниҳод ва ҷойгоҳи он дар зеҳни ҷомеъа аст. Вале аз дигар сӯ, ниҳоде, ки таъмини амнияти шаҳрвандонро ки хешкорияш аст, канор гузоштаву риши мардону домани занонро гирифтааст, бештар аз ин ҳам наметавонад дар миёни мардум эътимод дошта бошад.

Маҳмудшоҳ КАБИРОВ, равоншинос

Милисаи мо ин масуният (иммунитет)- и давлати мост. Як бемориро бемории аутоиммуни меноманд; вақте ки қувваҳои дифоии бадан бар зидди сиришти хеш мехезанд. Солҳои 90- уми асри 20 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ шуд ва баъзе элементҳои ғайридавлатӣ дар сохтори ВКД кор карда, мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ мекарданд. Ин ранҷиши халқро оварда буд, вале ҳоло ин маврид дигар шуда истодааст. Боварии мардум ба милиса аз рўи пешдидҳо сол то сол зиёд шудан мегирад, чунки тинҷии давлат, ин нишондоди ҳуқуқшиносии давлат аст. Милиса вақте ганда мешавад, ки ҷанг бошад. Ба ғайр аз ин, милиса дар зинаи фарҳанг омадааст ва тарбияи ахлоқиро сар кардааст; масалан моро даъват мекунанд, ки масъалаҳои равонӣ-иҷтимоӣ ва тиббиро ба онҳо фаҳмонем. Бе милиса ҷамъият бемор мешавад. Назорати халқӣ аз болои онҳо лозим аст.

Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия

Аҷиб! Агар дар воқеъ қариб 50 дарсади мардум ба милиса боварӣ дошта бошад, ин воқеан дастоварди хуб аст. Масалан, дар Русия ахири соли гузашта омор нишон дода буд, ки ҳамаги 13% ба пулис боварии комил доранду зиёда аз 41% ба кормандони пулис тамоман эътимод надоранд. Пас, кормандони милисаи Тоҷикистонро табрик бояд кард! Як нафар гуфт: ҳамин ҳисоботҳои вазорату сохторҳои Тоҷикистонро мехонаму гумон мекунам, ки Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои истеҳсолкунанда ҷойи аввалро мегирад. Аммо, маҳсулаш “сухан” аст.

Бобоҷони ШАФЕЪ, ҷомеашинос

Ба назари ман ин омор ҳам шубҳаангез аст. Оморе, ки ниҳод барои шуҳрати худаш расонаӣ мекунад, ҳеч вақт дуруст буда наметавонад. Оморгирӣ бояд аз ҷониби ниҳоди мустақил ва бетараф сурат гирад. Дар Тоҷикистон мо ин гуна созмон надорем, ки пурсиш гузаронад ва бетарафонаву шаффоф натиҷаи онро эълон кунад. Аз ин рӯ ман гумон мекунам сатҳи боварии мардум ба ниҳодҳои қудратӣ, на танҳо ба милиса, хеле поинтар аз ин аст, ки эълон шудааст. Ҳарчанд баъзе дигаргуниҳо дар фаъолияти ин ниҳод дида мешавад. Аз қабили тафтиши арзу шикояти шаҳрвандон аз болои кормандонашон.

Маҳдӣ СОБИР, коршинос

Имрӯз милиса ҷавобгӯи хостаҳои мардуми Тоҷикистон нест. Ин сохторест, ки дар замони шӯравӣ дар заминаи калтакдорони сурх ташкил шудааст. Дар замони имрӯза, ки тамоми арзишҳои давлати абарқудрати шӯравиро аз беху бунаш нест кардаанд, дигар мондани милиса маъное надорад.
Бояд он бо арзишҳои имрӯзаи ҷомеаи демократӣ мувофиқ карда шавад. Полиси имӯза бояд аз милиса 100% фарқ кунад. Зеро ҳоло арзишҳои ҷомеа, талабот ба риояи қонун дигар шудааст. Набояд мисли милисаи давраи шӯравӣ ҷои мубориза бо маводи мухадир худ сарпастии гуруҳи паҳнкунандагони маводи мухаддирро дошта бошад. Бояд нақши полис он қадар боло бурда шавад, ки ӯ ба ягон чиз эҳтиёҷ надошта бошад. Аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавӣ мусаллаҳ бошанд. Бахусус он қадар моҳона гиранд, ки ришвадиҳиву ришваситонро онҳо душмани аввали ҷомеа донанд. Бояд полис нафари донишманд ва ба миллату давлат содиқ бошад.

Маъруф АБДУҶАББОРОВ, сокини шаҳри Душанбе

Масъалаи “эътимод” бисёр печида аст. Инсон баъзан ба худ низ эътимод надорад. Аммо дар мавриди милитсия ва эътимоди мардум ба он бояд қайд намоям, ки ин эътимод чун худи милитсия дар ҳоли ташаккул қарор дорад. Зеро милитсияи тоҷик дар ҳоли камол қарор дошта, ниёз ба ислоҳоти ҷиддӣ дорад. Вале омили ҷиддие, ки асли коҳиши эътимоди мардум ба милитсия мебошад, фикр мекунам бамаротиб афзун будани кирдорҳои коррупсионӣ дар фаъолияти ин ниҳод аст. Барои боло бурдани на танҳо эътимод, балки эҳтироми мардум ба милитсия таҳияи “Одобномаи милитсия” хеле муҳим мебошад.
Мӯҳр
Саид
Шахсони тасодуфи зиед шуда аст дар баини онхо афроде хастанд ки максадшон факат аз мардум пул гирифтан хамин хел шахсонро ба чавобги кашед

Милицияи имруза аз милицияи солхои 90- батар шудааст. Аз дасти онхо рост дар рох рафтан мушкил афтодааст. Маколи мардум "худо корат ба милисаю больница наафтад" Дар хакикат 2- сохтори фалачгардида дар мо солхои сол амал мекунад, ки боиси истисмору ранчиши мардум гаштааст. Дар хама сохахо дахолати милитцияро мебинем. Милиция бояд рохи худро дошта бошад, наинки имруз милиция ревизёр, милитция прокурор, милиция муфти, милиция ва гайраю ва гайра. Милиция кори худро дар асоси ваколатхои додашуда бояд ичро кунад. У хак надорад ба мардум дагали ва бехуда тахдит кунад. Хисоби фоизи эътимоди мардум ба милиция нодуруст оварда шудааст. Мардум 10% хам ба милиция эътимод надоранд.

Айби кабири гуйеду равед милитсия гунаҳкор не

nabi farhor
Ман бошам гапро зиёд намекунам.Бо Кухистони хамфикрам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)