Бахшҳо

“Пешниҳоди президент дар бораи захира кардан ба Бонки миллӣ ҳам дахл дошт?”

Дар пасманзари бастани дари саррофиҳо, Бонки миллӣ ҳамроҳ бо ниҳодҳои дигар тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро таҳия кардааст, ки тибқи он барои мубодилаи ғайриқонунии асъор то 9 соли ҳабс пешбинӣ мешавад. “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид, ИҚДОМИ БОНКИ МИЛЛӢ ТО КУҶО МЕТАВОНАД ПЕШИ БЕҚУРБШАВИИ СОМОНИРО БИГИРАД?


Шуҳрат ЛАТИФОВ, коршинос

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд ҳеч дигаргунӣ ва иловаҳо дар қонунгузорӣ ҳангоми буҳрон самараи хуб намедиҳад. Зеро ин дигаргуниҳо дар ҳолати “форсмажор” коркард шуда, тавре дар халқ мегӯянд, “шалғамбаркаш” ё аз ноилоҷист. Бояд нахуст сиёсати пулӣ-молии Тоҷикистон комилан баррасӣ гардида, баъдан сиёсати дурнамои Бонки миллӣ коркард шавад. Илова ва дигаргунӣ дар қонун бояд аз натиҷаҳои пиёда намудаи сиёсати пулӣ-молии ҷумҳурӣ ва сиёсати дурнамои Бонки миллӣ сарчашма гирад. Сиёсати “антибуҳронӣ”-и мо дар ҳолати сар задани буҳрони иқтисодӣ коркард шуда, заминаи мустаҳкам надорад. Аз ин лиҳоз бо назардошти нуқтаҳои боло гуфта метавонам, ки ин дигаргунӣ ба устувор нигоҳ доштани асъор таъсире расонида наметавонад.

Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, иқтисодшинос

Ба назари ман ин роҳи ҳал нест. Зеро худи доллар дар Тоҷикистон кам аст ва он ҳам дар дасти мардум ва бонкҳост, ки ба фурӯш намебароранд. Яъне, бо ин роҳ мо наметавонем пеши роҳи болоравии долларро гирем, зеро мо дар ҳоли ҳозир ба доллар ниёз дорем. Бубинед, хариду фурӯши доллар дар саррофиҳо коҳиш ёфт ва агар касе доллар хариду фурӯш кунад, мисли замони шӯравӣ ӯро муҷозот кунанд, маънии онро надорад, ки бонкҳо ба зудӣ пур аз доллар мешаванду мардум рафта аз онҷо доллар мехаранд. Пеши роҳи болоравии асъор тавлиди моли бозоргир дар Тоҷикистон аст, ки онро ба хориҷа бароварда, бар иваз доллар ворид кунанд. Ба маҳбас кашидан роҳи ҳал нест. Бинобар сабаби бад шудани вазъи муҳоҷират, ки воридкунандаи аслии доллар ба кишвар буданд, воридоти доллар 70 то 90 дар сад коҳиш ёфт. Мо дигар сарчашмаи ворид кардани доллар надорем, қаблан нахи пахта ва алюмини мефурӯхтем, ки истеҳсоли ин маҳсулотҳо низ коҳиш ёфтааст.

Асомиддин РАМАЗОНӢ, омӯзгор

Ба фикри ман камчинии доллар дар Тоҷикистон ба саррофон нею ба соҳибкорон вобастагӣ дорад. Чунки миқдори зиёди доллар аз Тоҷикистон ба воситаи соҳибкорон ба хориҷ меравад. Вақте камчинии доллар бошад, ҳеч гоҳ ин ба қурби пули миллӣ бе таъсир намемонад. Вақте дари саррофиҳо баста шавад, бо ин восита шояд Бонки миллӣ тавонад баъзе омилҳои берунравии асъори хориҷиро ошкор кунад. Чунки дигар ҳамаи амалиётҳои хариду фурӯш ба бонкҳо вобаста мегардад.

Мавҷуда СОҲИБНАЗАРОВА, рӯзноманигор

Агар бо тағйиру иловаҳо ба Кодекси чиноӣ барои мубодилаи ғайриқонунии асъор ба саррофон 9 соли ҳабс пешбинӣ шуда бошад, пас ба роҳбарияти Бонки миллӣ ва блоки иқтисодии ҳукумат бояд ҳабси якумрӣ таҳдид кунад. Чаро ки чанд рӯз пеш Сарвари давлат зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки барои асъор қурби давлатӣ ва қурби бозорӣ вуҷуд надорад. Ин суханон шӯълаи умедро дар дили садҳо ҳазор қарздорон афрӯхт. Мутассифона, ин суханони аз минбари баланд гуфташуда низ чун дигар ваъдаҳо ба бод рафтанд ва имрӯз фарз кардем, агар қурби доллар мутобиқи нишондоди Бонки миллӣ 7, 7 бошад, қарздорон аз он шиква мекунанд, ки дар бонкҳои тиҷоратӣ бо қурби 8, 68 қарзро мепардозанд. Акнун тасаввур кунед, ки ба ҷайби бе ин ҳам холии мардум кӣ дастдарозӣ мекунад. Магар, Бонки асосии кишвар, ки фаъолияти бонкҳо зери назораташ аст, ин омилро ҷилавгирӣ карда наметавонад? Албатта, метавонад, аммо... Дар ин ҷо суоле ба миён меояд. Хуб, имрӯз фаъолияти саррофиҳоро маҳдуд карданд, оё бо ин болоравии асъори хориҷӣ ва коҳиш ёфтани асъори миллиро нигоҳ дошта тавонистанд? Юанро ба муомилот бароварданд, аммо боз ҳам натавонистанд, ки қурби сомониро нигоҳ доранд. Дигар суол ин аст, ки чанд сол боз Сарвари давлат мегӯянд, ки захира кунед, оё пешниҳоди захира кардан ба Бонки миллӣ ҳам дахл дошт ва чаро Бонки асосии кишвар, ки медонист буҳрон ба тамоми кишварҳо таҳдид мекунад, сари вақт чорае наандешиду имрӯз тамоми гуноҳро ба сари саррофони бечора, ки дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти кишвар андозсупорандагони асосӣ ба ҳисоб мерафтанд, мезанад? Дар хотима ҳаминро иброз медорам, ки имрӯз на бояд нисбати тағйиру иловаҳо ба Кодекси чиноӣ дар масъалаи саррофиҳо фикр кунанд, балки фикр кунанд, ки армияи бузурги қарздоронро чӣ гуна дастгирӣ намоянд, то ҷомеа натаркад.

Зулфиқор ФОТЕҲЗОД, сокини шаҳри Душанбе

Таҳияи тарҳи мазкур дар сурати амалӣ гардиданаш фикр мекунам аз як ҷиҳат хуб аст, агар воқеан болоравии қурби долларо бо ин роҳ нигоҳ дошта тавонанд. Фикр мекунам ин равандро дар ин шароит намешавад, комилан зери назорат гирифт. Хубтар мебуд барои рушди соҳибкории дохилӣ ва истеҳсолоти дохилӣ барномаҳоеро таҳия мекарданд ва иқтисодро рушд дода, аз доллару мушкилоти қурби он халос мешуданд. Вале қабули ин қонун метавонад то ҷое саррофонро бим диҳад, ки ба ин амал даст назананд. Бояд тазаккур дод, ки халқ мегӯяд, “кори одаткарда балои ҷон ва тарки одат амри маҳол”, ин саррофон ки маззаи чӣ будани долларо чашидааанд, фикр намекунам, ки зуд аз қонун тарсида ба иҷрои он пардозанд. Ба ҳар ҳол, ин хуб аст, метавонад қурби долларо то ҷое нигоҳ дорад ва фикр мекунам ин ҳам муваққатист, зеро аз он вақте ки худро мешиносам ҳеч надидаам, ки қурби доллар аз пулҳои миллии бештари давлатҳо поён уфт карда бошад, ҳамеша ба боло ҳаракт мекунад.

Сироҷиддин ҲАСАНОВ, тоҷир

Барои мо ин муҳим аст, ки қурби доллар дар баробари сомонӣ поён равад ва сари вақт аз бонкҳо онро бо нархи арзонтар ёбем, чун ки вақте рӯз то рӯз боло рафтан мегираду камёфт мешавад, барои мо низ мушкил мешавад. Ҳар касе ки дар самти иваз намудани асъор қонуншиканӣ мекунад, бигузор ба ҷавобгарӣ кашида шавад, то барои дигарон намудани ибрат гардад. Ин иқдом то куҷо ба болоравии қурби доллар ва устувор нигоҳ доштани пули сомонӣ мусоидат мекунад, вақт нишон медиҳад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)