Бахшҳо

Муҷозоти 1117 масъул барои ҳисоботи дурӯғ дар соли 2015

Гулнора Ҳасанова, раиси Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, барои камбудӣ дар пешниҳоди ҳисобот дар соли 2015 1 ҳазору 117 масъули давлатию дигар сохторҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Ҳасанова имрӯз, 29 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, масъулини давлатӣ ва дигар сохторҳо аз ҷумла барои изофанависӣ, хатоӣ дар ҳисобот ё умуман пешниҳод накардани ҳисобот бар асоси Кодекси маъмурӣ ҷаримабандӣ шуданд. Раиси Кумитаи омор ҳаҷми ҷаримабандиро беш аз 316 ҳазор сомонӣ арзёбӣ намуд.

Ӯ афзуд, ки соли гузашта инчунин 7 масъули омор-4 нафар дар Хатлон ва 3 нафар дар Суғд барои номутобиқатии ҳисобот ва камбудӣ дар фаъолият аз мақомашон барканор гардиданд.

Соли гузашта ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар тағйирот ворид гардид, ки тибқи он шахсони мансабдор ва афроди ҳуқуқӣ дар сурати нодуруст ва ё нопурра пешниҳод намудани омор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳадаф аз ин навгонӣ роҳандозии омори дурусти давлатӣ дар кишвар арзёбӣ шуд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо соҳибкорони тоҷик гуфт, ҳам намояндагони бахши хусусӣ ва бахши давлатӣ ба пешниҳоди ҳисоботи бардурӯғи оморӣ даст мезананд: “Айни замон ҳисоботи оморӣ дар аксари ҳолатҳо ба воқеият рост намеояд. Маълумоти оморӣ оид ба истеҳсоли маҳсулот ё хизматрасонӣ бо дарназардошти манфиатҳои шахсӣ ё идоравӣ, аз ҷумла бо мақсади аз андозбандӣ пинҳон кардани истеҳсоли маҳсулот, барзиёд нишон додани иҷрои нақшаи истеҳсол ва дигар сабабҳо кам ё зиёд нишон дода мешавад, ки ин боиси мураккаб гардидани банақшагирии истеҳсоли маҳсулот, воридот ва содироти он мегардад”.
Мӯҳр
Мехмон
Омор ва хисоботи омории чумхурии Точикистон 90% дуруг. Ба мисоли хочагихои дехконии нохияхои кухистони , ба ном хастанду амалан не. Онхоро факат барои хисоботи омор,супоридани андози ночиз ва обуна ба газетахо нигох медоранд. Амалан ягон шахрвандро ба кор таъмин карда маош дода наметавонанд.

Nn
Омори Точикистон ин спетакл аст. Шарм надошта ба Президент омори хато пешнихо мекунанд. сад хайфи точик бдантон.

Беомор
Гульнораи чуун, ягон майда гам нахурен! Бхур бчар бгард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)