Бахшҳо
01 фев 2016 12:49Хабарҳои ҷаҳон

Чаро Эрон калиди буҳрони минтақа аст?

Рӯзномаи “Ҳофингтон Пост”-и Ню-Йорк дар матлабе навиштааст, Ғарб бояд аз мавқеияти мунҳасир ба фарди Эрон дар наҷоти минтақа, ки дар ниҳоят муҷиби ноамнии Ғарб хоҳад шуд, қадрдонӣ кунад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамалоти исломихоҳони тундрави вобаста ба гуруҳи ба истилоҳ “Давлати исломӣ” дар Париж дар пайи беш аз як даҳа даргириҳое рӯй дода, ки пас аз ҳаводиси 11 сентябр эҷод шуда буд. “Аз замони ҳамалоти 11 сентябр ба баъд ҳамла ба Афғонистон ва Ироқ бо ҳадафи тарвиҷи арзишҳои демократӣ дар Ховари Миёна чизе ҷуз фоҷиаи мутлақ набуд. Ҷанги Ироқ барои Амрико беш аз 2 милиард доллар ҳазина дошт. Ва ҳазорон нафар дар ин ҷанг ҷони худро аз даст доданд. Акнун даргириҳо дар минтақа ба авҷи худ расида ва бештарин мавҷи муҳоҷиронро аз замони ҷанги ҷаҳонии дуюм то кунун ба дунбол доштааст”,-менависад манбаъ.

Дар идомаи матлаб гуфта мешавад, бо аз байн рафтани тавозун, ки дар кишварҳое монанди Ироқ, Сурия ва Либия вуҷуд дошт, танишҳо ва ноамнии минтақавӣ ба сатҳи бесобиқае расида, зеро танишҳо миёни шиъа ва суннӣ ба он суръат бахшида ва ваъдаҳои дуруғии баҳори арабӣ онро ташдид кардааст: “Дар натиҷа суботи куллии минтақа ва тавозун миёни ҷавомеи мухталиф нобуд шудааст. Талошҳо барои барканор кардани Саддом ва Муаммар Қаззофӣ боиси бесуботӣ ва ифротгароии минтақа ва зуҳури гуруҳҳои нафратангез ва ҳатто ифротитаре монанди “Давлати исломӣ” ё ДОИШ шудааст”.

Муаллифи матлаб таъкид кардааст, талошҳои фаровон дар панҷсоли гузашта барои барканории Башор Асад дар Сурия бо кумаки теъдоде аз муттаҳидони минтақавӣ, монанди Арабистон ва Қатар на фақат натавонист муҷиби барканории режими худкомаи секулори вай шавад, балки режими ӯ табдил ба режими фирқагаро ва тундраве шуд, ки фарқи зиёде бо ДОИШ надорад: “Аз тарафи дигар, ҳаводиси ғамангез дар Париж ва Калифорния ин паёмро дар пай дошт, ки Ғарб дигар аз масуният бархӯрдор нест”.
Дар идомаи ин мақола омадааст: “Барои фуру нишондан ва аз байн бурдани ифротгароии суннӣ берун рондани ДОИШ аз ҳамаи мақарҳои роҳбурдии он дар Ироқ ва Сурия бояд дар аввлавият қарор гирад. Аз байн бурдани идеологияи ифротгароёна, ки бисёреро маҳсур ва ифротӣ карда, фароянди баландмуддат аст, ки ниёз ба замон, барномарезӣ ва тааҳуд дорад. Барои расидан ба ин ҳадаф ҳимояти касоне лозим аст, ки метавонанд ба таври қотеона дар ин замина мушорикат кунанд. То кунун муҳимтарин бозигари мухолифи ДОИШ дар минтақа Эрон будааст. Аз онҷое, ки ихтилофи ҳастаии Эрон ва ҷомеи байналмилалӣ ҳаллу фасл шуда, акнун ин имкон барои Ғарб фароҳам шуд, ки асри ҷадиде аз ҳамкориро бо ин кишвар на фақат дар арсаи иқтисодӣ, балки дар талош барои хунсо кардани бунёдгароёни суннии тундрав дар минтақа оғоз кунад. Эрон ба унвони ҳомии ҳамаи шиаён ангезаи зиёде барои ҳамкорӣ зидди ин гуруҳҳои ифротигаро ва куштори шиаён дар минтақа дорад. Бо вуҷуди таблиғоти манфии Ғарб ва кишварҳои минтақа зидди Эрон, ҳақиқат ин аст, ки аз замони ҳазораи ҷадид фақат аъроби суннӣ, афғонҳо, покистониҳо ё урупоиҳои арабтабор дар иқдомоти террористӣ, аз ҷумла ҳамла ба марокизи ғайринизомӣ дар Ғарб, монанди Ню-Йорк, Мадрид, Лондон ва Париж даст доштаанд”.

Рӯзнома менависад, таҳдиди аҳамияти ҳаётии Эрон дар ин замина аз сӯи Ғарб манбаи нигаронии зиёди бархе аз кишварҳои минтақа будааст, ки аз инзивои Эрон дар се даҳаи гузашта суд бурдаанд: “Эъдоми номуваҷҷаҳи шайх Намр дар Арабистон бидуни шак иқдоми таҳрикангези амдӣ буда, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз равобити ҳасана миёни Эрон ва Ғарб буд”.

Дар поёни мақола таъкид шудааст, бо вуҷуд, авлавияти муҳим барои ҳамаи тарафҳои масъул ҳамчунон фуру нишондани таҳрикоти минтақаӣ аст. Таҳрикоте, ки метавонад ба роҳатӣ муҷиб шавад ихтилофоти шиа ва суннӣ авоқиби ғайриқобили тасаввуре барои амнияти байналмилалӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, Ғарб бояд бедор шавад ва аз мавқеияти мунҳасир ба фарди Эрон дар наҷоти минтақа аз чунин натиҷаи фоҷиаборе қадрдонӣ кунад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)