Бахшҳо

Эронҳаросӣ: Он дар Осиёи Марказӣ ба тадриҷ доман паҳн мекунад

Қосими БЕКМУҲАММАД

Бештари корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ дар заминаи баҳсҳои марбут ба Эронро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки дорои эҳсосоти баланди, ба истилоҳ, исломӣ мебошанд. Вале афкору ҷаҳонбинии исломиашон бисёр маҳдуд ва дар бештари заминаҳо ҳамроҳ бо таассуб аст. Онҳо мехоҳанд, ки нигоҳи мардуми тоҷик ба Эрон фақат ва фақт аз зовияи тафовуту ихтилофоти мазҳабӣ бошад.


НИГОҲЕ БА ПАДИДАИ ЭРОНҲАРОСӢ

Эрон кишварест, ки дар тӯли таърих ҳамеша бо таҳдидҳои зиёди хориҷӣ рӯбарӯ будааст, ки бахши зиёде аз онҳо бо масъалаи нуфузи тамаддунӣ, фарҳангӣ ва сиёсии он иртибот доштааст. Аммо пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ дар соли 1979, чӣ дар сатҳи минтақавӣ ва чӣ байналмилалӣ, таблиғоти алайҳи Эрон ба шакле дунбол шуд, ки онро ба тадриҷ ба як падидаи собит ва ҳадафманд табдил дод, ки инак аз он бо номи “эронҳаросӣ” ёд мешавад. Бахусус тайи беш аз як даҳаи ахир муаррифии Эрон ба унвони “ҳомии терроризми байналмилалӣ”, “меҳвари шарорат” ва “кишвари дар ҳоли дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ” аз он шаҳодат медиҳад, ки эронҳаросӣ бахши муҳиме аз сиёсати хориҷӣ ва дастгоҳҳои таблиғотии ғарбӣ дар робита ба Ховари Миёна ва куллан ҷаҳони Исломро ташкил медиҳад. Ҳатто бо вуҷуди имзои тавофуқи ҳастаӣ байни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ ва фароҳам шудани замина барои аз сар гирифтани ҳамкориҳои иқтисодӣ байни кишварҳои ғарбӣ бо Теҳрон, тарҳи эронҳаросӣ ва ҳатто эронситезӣ аз сӯйи бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва муттаҳидонашон дар ҷаҳони Ислом бо таассуби бештаре дунбол мешавад.

Тарҳи эронҳаросӣ, ки аҳдофи хоси стратегиро дунбол мекунад, бар асоси чандин омили муҳим бунёд ёфтааст. Қабл аз ҳама бояд гуфт, ки дар сиёсати ҷаҳонӣ масъалаи қудрат аз муҳимтарин шохисҳое ба шумор меравад, ки мавқеу ҷойгоҳи кишварҳоро муайян менамояд. Ин масъала махсусан барои қудратҳои ҷаҳонӣ то ҷое аҳамият дорад, ки дар баробари пайдо шудани марказҳои нави қудрат дар ҳар гӯшае аз дунё вокуниш нишон медиҳанд. Вақте масъала ба минтақаи стратегие чун Ховари Миёна иртибот пайдо мекунад, аҳамияти он хеле бештар мешавад.

Мусаллам аст, ки Эрон дар тӯли таърих аз лиҳози қудрат (бо дар назар гирифтани шохисҳое монанди собиқаи тамаддунӣ ва ҳукуматдорӣ, вусъату паҳнои сарзамин, миқдори аҳолӣ, мавқеияти геополитикиву геостратегӣ, мавҷудияти манобеи табиии саршор ва ғайра) дар қиёс бо ҳамсоягонаш аз шароити бартаре бархурдор будааст. Аммо пас аз пирӯзии инқилоб бар шохисҳои ёдшудаи қудрати Эрон унсуру омилҳои наве илова шуданд, ки ин кишварро дар масири табдил шудан ба қудрати минтақаи Ховари Миёна қарор дод. Имрӯз Эрон на танҳо дорои захираҳои бузурги энергетикист, балки бо мавқеияти ҷуғрофии худ ва қарор доштан дар қалби минтақа кутоҳтарин, камҳазинатарин ва амнтарин масири интиқоли энержӣ ва бору колоҳои транзитӣ ба шумор рафта, аз тамоми зерсохтҳои лозима низ бархурдор мебошад.

Махсусан дар муодилоти энержии ҷаҳон дар ихтиёри Эрон қарор доштани танга ё худ гулӯгоҳи стратегии Ҳурмузро, ки 40 дарсади нафти мавриди ниёзи ҷаҳон аз он убур мекунад, наметавон нодида гирифт. Агар он ба сурати нисбатан тӯлонӣ баста шавад, натанҳо бӯҳрони энержӣ, балки ҳатто суқути иқтисоди ҷаҳониро низ метавонад дар пай дошта бошад. Назорати Эрон бар ин оброҳи роҳбурдӣ имтиёзи истисноиест, ки боиси ҳассосияти рақибони геополитикии Теҳрон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ шудааст.

Тайи солҳои ахир бар шохисҳои қудрати Эрон таъсири унсурҳои дигаре чун тавон ва зарфиятҳои васеи дифоӣ ва фанновариҳои пешрафта (ба шумули ҳастаӣ) афзуда шуд. Албатта, ин назар низ вуҷуд дорад, ки низоми хоси ҳукуматии Эрон бо маҷмӯе аз омилҳои боздорандагӣ имкони таъсирпазирии қудрати ҳоким аз хориҷро ба ҳадди ақал расондааст. Бо вуҷуди ин, дар тӯли беш аз се даҳаи ахир ба манзури маҳдуд кардани қудрати Эрон ва ба яке аз меҳварҳои собити сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил додани тарҳи эронҳаросӣ чандин эътилоф байни Амрико, Ғарб, Исроил ва кишварҳои Халиҷи Форс эҷод шудаст. Чунин иқдомот дар баъзе аз заминаҳо натиҷа доштаанд, вале дар маҷмуъ натавонистаанд монеи рушду пешрафти Эрон дар заминаҳое шаванд, ки аз табдили он ба қудрати минтақавӣ ҷилавгирӣ ба амал ояд.

ҲАДАФИ ФАРОТАР АЗ ҚУДРАТИ МИНТАҚАВӢ

Таҳлилгарони масоили геополитикӣ нигаронии имрӯзи Ғарб аз Эронро фақат ба қудрати минтақавӣ будани он маҳдуд намедонанд, балки аз он ёд мекунанд, ки ин кишвар бо зарфияте, ки дорад метавонад ба қудрати бартар ё худ гегемонияи минтақавӣ низ табдил шавад. Агар чунин иттифоқе биафтад, пас манофеи низомӣ ва геополитикии Амрико ва Ғарб дар Ховари Миёна хеле ҷиддитар аз оне ки имрӯз ҳаст, ба чолиш кашида хоҳад шуд. Чаро ки қудрати бартар ҳеч гоҳе бо ҳузури низомии дигарон ва бахсус қудратҳо ва кишварҳои хориҷии рақиб дар перомуни марзҳои худ розӣ нахоҳад буд. Тайи солҳои ахир тавассути Теҳрон андешида шудани маҷмӯе аз тадбирҳои боздорандагӣ (низомӣ-дифоъӣ) ин воқеиятро бештар тасдиқ мекунад.

Тавре ишора шуд, Эрон дар заминаи фанновариҳои пешрафта ва аз ҷумла ҳастаӣ, ки корбурди дугона дорад, дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа ба дастовардҳои зиёде ноил шудааст. Вижагӣ ва хусусияти хоси шароити Эрон дар он аст, ки бо қарор гирифтан таҳти таҳримҳои Ғарб муваффақ ба бумисозии дониши ҳастаӣ шуд. Ин буд, ки Эрон бо такя ба мутахассисони хеш, ки умдатан ҷавонанд, ба марҳилаи ғанисозии саноатии уран ва чархаи комили сӯхти ҳастаӣ даст ёфт. Бидуни шак дар низоми феълии ҷаҳонӣ дастёбӣ ба чархаи комили сӯхти ҳастаӣ иқтидори сиёсии ҳар кишвареро афзоиш дода, имкони муомилаҳои дипломатӣ бо мақсади ба даст овардани имтиёзро бештар менамояд. Ба иборати дигар, тавони ҳастаии Эрон боиси тағйири мувозинаи қудрат ва ҳатто дар бархе аз заминаҳо бознигарии қоидаи бозӣ дар Ховари Миёна шудааст, ки натоиҷи музокироти Теҳрон ва гурӯҳи шаш ин масъаларо бештар тасдиқ намуд.

Роқибони геополитикии Эрон ва махсусан Ғарб барои муаррифии симои манфии ин кишвар на танҳо аз абзорҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ истифода мекунанд, балки ба эҳсосоти қавмӣ, нажодӣ ва мазҳабии ҳамсоягони Теҳрон низ доман мезананд. Барои афзоиши нигаронии онҳо аз Эрон рӯзона теъдоди бешумори хабар, мақола, таҳлил ва гузоришҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш шуда, дар фазои маҷозӣ ё худ интернетӣ баҳсу мунозираҳои зиёде сурат мегирад.

Чунин таблиғот боис шудааст, ки кишварҳои Халиҷи Форс дар масъалаи пешрафтҳои Эрон эҳсоси биму нигаронӣ дошта бошанд ва ба талошҳои Теҳрон барои эътимодсозӣ ва оғози ҳамкориҳои стратегӣ бо кишварҳои араб бо шакку тардид нигоҳ кунанд. Ин масъала барои рақибони асосии геополитикии Эрон ва махсусан Амрико ва Ғарб суди зиёде дорад. Зеро ба ҳар мизоне, ки кишварҳои Халиҷи Форс аз Эрон нигаронӣ дошта бошанд, ба ҳамон мизон бозори фурӯши аслиҳаашон гарм хоҳад шуд. Афзоиши 300 дарсадии фурӯши аслиҳа ба ин кишварҳо дар соли 2011 ин воқеиятро таъйид мекунад.

ТАҲРИМҲОЕ, КИ БОИСИ ЭЪТИМОД БА НАФС ШУД

Масъалаи барномаи ҳастаии Эрон аз дигар омилҳоест, ки тайи даҳаи ахир вобастагии низомӣ ва амниятии кишварҳои Халиҷи Форсро ба Амрикову ғарб бештар кардааст. Аз нигоҳи сиёсатмадорон ва коршиносони эронӣ масъалаи густариши ҳузури низомӣ ва истиқрори сипари дифои мушакии Амрико дар халиҷи Форс, таъкиди чандинбораи Исроил ба рӯи миз қарор доштани “гузинаи низомӣ”, ҷанги Сурия ва фаъолияти васеи гуруҳҳои террористӣ дар минтақа пеш аз ҳама ҳадафи дар вазъияти душвор қарор додани Эронро дунбол мекунад. Дар ин робита ба фишоршҳои Ғарб ба кишварҳои ҳамкори Эрон ва аз ҷумла ба сарфи назар кардани Русия аз фурӯши системаи мушакии С-300 дар соли 2010 низ ишора мешавад. Тавре медонем, бо сард шудани муносиботи Вашингтону Маскав дар масъалаи Украина ахиран роҳбарияти Русия аз омодагии худ барои вогузории чунин система ба Эрон хабар дод.

Ҳамон гуна ки ишора шуд, иқдомоте, ки тайи муддати нисбатан тӯлонӣ ва бахусус солҳои ахир бо ҳадафи инзивои Эрон сурат гирифт, ба истиснои ба бор омадани бархе аз мушкилоту маҳдудиятҳои иқтисодиву молӣ, натавонист ба натиҷаҳои мавриди интизори тарроҳонашон даст пайдо кунад. Ин як падидаи воқеан ҳам истисноист, ки Эрон дар шароити таҳримҳои шадиду тӯлонӣ тавонист муқовиматитарин иқтисоди минтақа ва шояд ҳам ҷаҳонро бисозад, ки эътимод ба нафси мардуми ин кишвар дар сахттарин вазъиятро нишон медиҳад. Пешратфҳои Эрон то ҷоест, ки аз назари нанотехнология ҳафтумин кишвари дунё буда, дар тавлиди илм дар миёни 20 кишвари муҳими ҷаҳон қарор дорад. Зимнан номи баъзе аз кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ дар ин феҳрестҳо пас аз Эрон омадааст.

Амалкарди чанд соли ахири Эрон дар робита ба буҳрони Сурия нишон дод, ки мувозинаи қудрат дар минтақаи ҳассоси геополитикии Ховари Миёна тағйир ёфтааст. Ин масъала ҷиддитарин таҳдид ба манофеи Ғарб ва ҳампаймононаш дар ин минтақа аст, зеро бархилофи гузашта акнун дар барномарезиҳои калону роҳбурдии худ маҷбуранд омил ё худ фактори Эронро мадди назар қарор диҳанд. Аммо ин воқеиятро низ наметавон нодида гирифт, ки эътимод додани Теҳрон ба кишварҳои Халиҷи Форс дар ин масъала, ки қудрат гирифтани Эрон на таҳдид, балки фурсат барои рушду тавсиаи муштарак ва муқобила бо чолишҳои амниятӣ, аз ҷумла ҳузур ва фаъолияти гуруҳҳои террористист, кори фақулода душвор мебошад. Чаро ки кишварҳои зиёде барои иҷрои ин тарҳ солҳо боз даст ба кор буда, аз сӯи дигар ҳам бузург ҷилва додани хатари Эрон ба бақо ва идомаи қудрати бархе аз ҳокимони минтақа низ кумак мекунад.

ЭРОНҲАРОСӢ ВА МО

Нукоте, ки ба он ишора шуд, бештар барои коршиносон ва афроде қобили дарк аст, ки на танҳо ба рӯ, балки пушти саҳнаи таҳаввулоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ низ таваҷҷуҳ доранд. Вале дар сатҳи васеъ дар бештари кишварҳои ҷаҳон афкори умумӣ асосан таҳти таъсири таблиғоти зиддиэронии расонаҳои ғарбӣ шакл мегирад. Ҳатто дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки мардуми он то гузаштаҳои наздик нисбат ба Эрон ва тамаддуну фарҳанги он таваҷҷуҳи хосе доштанд, имрӯз руҳияи эронҳанросӣ ба тадриҷ доман паҳн мекунад.

Таблиғоте, ки тайи солҳои тӯлонӣ дар ин замина сурат гирифтааст, боиси шудааст то бештари кишварҳои дорои гузаштаи муштарак бо Эрон бо чашми кишварҳои севум ба он нигоҳ кунанд. Бирхилофи шароит ва рақобатҳои мавҷуди геополитикӣ дар Ховари Наздику Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ вазъияти Осиёи Марказӣ ба суратест, ки ҳар гуна қасди Эрон барои кумак ба гуруҳҳои исломии минтақа боиси тавҷеҳи бештари ҳузури низомӣ ва амниятии қудратҳо хоҳад шуд, ки дар дарозмуддат ба нафъи манофеи миллии Эрон нахоҳад буд. Ба ин далел аст, ки дар нишастҳои коршиносие, ки имрӯзҳо дар Эрон сурат мегирад, кумак ба ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ барои ҳифзи исломи таърихӣ дар чорчӯби мазҳаби ҳанафӣ дар муқобили нуфузи ҷараёнҳои воридотии мазҳабӣ ба суди манофеи миллии Эрон дониста мешавад.

Инҷо бояд ба як нуктаи муҳим низ ишора шавад. Дар солҳои ахир аз тариқи бархе расонаҳо ва бавижа тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғоти зиддиэронӣ бо меҳварияти мазҳаб беш аз пеш шиддат гирифтааст. Бояд гуфт, ки дар ин баҳсҳо бештари ҷонибдорони ҳифзи равобити ҳасана бо Эрон ба унвони конуни тамаддун ва фарҳанги форсӣ афроде мебошанд, ки аз таърих ва гузаштаи мардуми тоҷик иттилоъ доранд ва нигоҳашонро ба Эрон фақат маҳдуд ба масъалаи дину мазҳаб намекунанд. Аммо бештари корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ дар заминаи баҳсҳои марбут ба Эронро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки дорои эҳсосоти баланди, ба истилоҳ, исломӣ мебошанд. Вале афкору ҷаҳонбинии исломиашон бисёр маҳдуд ва дар бештари заминаҳо ҳамроҳ бо таассуб аст. Онҳо мехоҳанд, ки нигоҳи мардуми тоҷик ба Эрон фақат ва фақт аз зовияи тафовуту ихтилофоти мазҳабӣ бошад.

Ин тарзи тафаккур бисёр хатарнок аст. Чаро ки ҳадафи онҳо аз доман задан ба тафовуту ихтилофоти мазҳабӣ беэътимод кардани мардум ва бахусус насли ҷавон дар баробари таъриху тамаддун ва ифтихороти фарҳангиву адабист. Ин ҷо зикри ин нукта кофист, ки дигар барои ҷавонони, ба истилоҳ, ҳувиятхоҳ (ба маънои исломхоҳии таҳти нуфузи ҷараёнҳои ифротии воридотӣ) осори Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҷомӣ, Ҳофизу Бедил ва амсоли ин бузургон арзише надорад, ки дар гузашта ҷузъе аз барномаҳои таълимии ҳавзаҳои динии Мовароуннаҳр будааст. Барои эҷоди фосила байни насли имрӯзии, ба истилоҳ, ҳувиятхоҳ (исломхоҳ) бо таърих ва ифтихороти фарҳангиву адабии худ доман задан ба эронҳаросӣ (бо меҳвар қарор додани масъалаи мазҳаб) беҳтарин фурсат дониста мешавад.

Биноан дар муқобили ин хатар, ки ба мизони афзоиши нуфузи ҷараёни ифрот қавитар мешавад, бояд ҳама фикр кунем ва чора андешем. Масоиле, ки дар равобити байни кишварҳо пеш меоянд, табиатан аз сӯйи ҳукуматҳо ва ниҳодҳои марбутаи онҳо пайгирӣ ва ба натиҷа расонда мешаванд, ки муносиботи Тоҷикистону Эрон ҳам аз ин қоида истисно нест. Пас набояд ин мавзӯъ ба сурате рӯйи шароит соя афканад, ки аз он натанҳо мухолифони рушти равобити ду кишвар, балки бадхоҳони таъриху тамаддуни миллати мо низ сӯйистифода намоянд.
Мӯҳр
Карими Даврон
Маколаи нагз. Рахмат ба муаллиф. Агар масъалаи эронщароси дар Точикистонро бештар мекушод, нагзтар мешуд, вале ба хаминаш хам ташаккур.

...Benihoyat oli ovarda shudaast! Rohat kardam.Ana inro fahmondadihi e chud muboriza alayhi ifrotgaroi az rohi bad gardonidani javonon va g.va h.k.guftan mumkin ast.

Точики асил
Ба ин коршиносон савол дода мешавад, ки чаро харфе аз сиёсати нодуруси мазхабии Эрон намегуеду факат таъриф мекунед??? Охир Руссия, ИМА, Арабистон ва ЭРОН хам барои мо кистанд, ки таърифу тавсифи онхоро вазифаи мукаддаси худ мешуморед??? Як бор бо чашми худ назар ва андеша намекунед, ки чаро мардум эронситез шудаанд??? Бо сабаби он ки Эрон гайр аз арзишхои мазхабиаш арзишеро намешиносад, аммо шумо инро намебинед, ба хама чиз дигарон гунахкоранду Эрониён ба кавли шумо комилан дар рохи "хак"!

Нокоршинос
Агар хазор дафъа хам ба эрондусти даъват намоед вале бархурди рузмараи эрону охундхои эронки,ки хамакораи ин кишвар хастанд мавзуъи хамзабониву хамшоириро ба як пули сиёх намхаранд.барои онхо мавзуъи мазхаб аз хама чиз муккадамтраи азизтар аст ва барои шиъахои Ироку озарбойчон чону диашонро мебахшанд ва ба точикони афгонистону Точикистон ба беэхтироми ва булхаваси назар мекунанд. Ин вокеъияти имрузи мост,ки чун офтоби тамузи тобистон возеху равшан аст

чаводого
Ин як маколаи супориши ва е шояд муаллифи асосиаш ягон эронии Чумхурии исломи е хатто эронии зидди низоми Чумхурии исломи хаст ва дар ин хеч шаке нест!!! Нуфузи эрон дар минтака махсусан дар Точикистон боиси камранг ва хатто но падид шудани номи Точикистон аст! Асосан бигирем эронхароси неву эронгароиро бар хилофи акидахои ин муаллифи макола мазхабиени тахсил дида дар эрон ва касоне ки ба кавли худашон хабарнигору адабиетшиносанд вориди чомеаи Точикистон кардаанд ва хатто иддао мекунанд ки точик ва кишваре бо номи Точикистон сохтаи афкору дасти русхо хаст ки комилан вучуди чунин кишварро хато мепиндоранд!! Ин андеша мухолифони зиедеро ба вучуд овардааст ва сабаби асосии эронхароси хам шудааст ки комилан дуруст аст ва мо точикону Точикистониен бояд аз ин кишвари хамзабону хамдин харос дошта бошем!!!!!!


Шодӣ Муқим
Мақолаи бисёр хуб. Дар ин мавзӯъ ҳоло ҳарф задан ба хелеҳо маъқул нест, аммо воқеият он чизест, ки муаллиф ба он ишора кардааст. Эронҳаросӣ барои он аст, ки Эрон қудрат дорад, ба гапи абарқудратҳо мисли арабҳо гӯш намекунаду ҳарчӣ гуфтанд, ҳамонро иҷро намояд. Дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон эронҳаросӣ ва эронситезӣ ҳамроҳи салафият омадааст. пеш бурдани чунин сиёсат ба фоидаи салафиҳост, ки дар мамлакати мо рӯз ба рӯз реша давонда истодаанд.
Албатта Эрон бояд сиёсати худро дар кишварҳои минтақа бештар шаффоф кунад ва ҳеч гуна баҳона барои шакку гумонҳои рақибонаш боқӣ нагузорад. Дар масъалаи барномаи ҳастаӣ тавонист, пас бояд дар масъалаи мазҳабӣ ҳам тавонад. Ин мавзӯи алоҳида аст, ки умед дорем ба он коршиносонамон таваҷҷуҳ хоҳанд кард.

Зинда бод мардуми сарбаланди Форс. Пешравии Эрон пешравии тамоми мардуми Мусулмонон аз чумла Форсизабонони дунë мебошад.

Эрондӯсти шиаҳарос
Қосими Бекмуҳаммад хуб мешуд, ки ин мақоларо ба дур аз таассуб менавишт. Онгоҳ метавонист ҳарду тарафи сиккаро ба мардум нишон диҳад. Тоҷикон аз Эрон ҳеҷгоҳ безорӣ намекунанд, балки Эронро дӯст медоранду эрониро эҳтиром мекунанд. Мардуми мо аз охундҳои нафспарасти он бим доранд. Чаро бим надошта бошанд, чун диданд, ки Бо Ироқу Сурия чи карду бо ҳамсоягон чи муносиботи "ҳасана" дорад? Охундҳое, ки бар Эрони ҳукумат мекунанд туркони қизилбош ва арабҳои Ҷабаломул мебошанд, ки ҳеҷ нисбате на ба Эрону эронӣ доранду на ба Ислом. Инро ҳар фарди огоҳ хуб медонад.

Bale janobi mualif eronharosy barnomaest ki az sui Amriko va Isroil ba vositai din rohandozi shudaast. Kudrat va tavonmadihoi ruzafzuni milati buzurge bo nomi fors dushmanonro ba on vodor kardaast ki tamomi kuva va neruro bahri az po aftondani on ravona sozand. Ammo in Arabho nertand ki har hammazabi khudro zeri poi yahudiyon binand. Iron to dami okharin dar pahlui Surya bud. Ofain ahsan ba in milati sharafmand va nomdori dunyo.

Ofarin ahsan janobi mualif.

Нокоршинос
Эрондӯсти шиаҳарос,Асли матлабро шумо баён доштед.Ин чо бояд шаф-шаф нагуфта якбора шафтолуи максадро изхор кард. Хеч кас аз шоиру адибу мухандиси эрони харос надорад. Балки хадафи мо хамон охундхое хастанд ки зимоми хукумат 100 фоиз дасташон хаст. Барои онхо як ирокии шиъа,озарии шиъа,ямании шиъа аз 8 миллион точик хазорхо бор азизтар аст.гузашта аз ин ин Охунхо мардуми шарифи Бадахшони точикистонро кабул надоранд ва онхоро мушрик мешуморанд.

Abdullo
Magolai bisyor hub. Tashakkuri ziyod ba muallif. Mushkili Garb bo Iron siyosist va masalai mazhab bahona ast. Arabho az istedodi forsho metarsand va mo tojikho yaboyad ba arabho taqlid kunem.

[b]Нокоршинос[ Бародари нокоршинос агар эронихо дар фикри мазхабгароии шиаву сунни мебуданд, дар солхои чанги шахрванди ба Точикистон кумак намекарданд ва дар баркарор кардани сулх дар Точикистон низ сахмгузор намешуданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)