(ВИДЕО) Орумбекзода: Нияти бастани рӯзномаҳои ғайридавлатиро надорем

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, эътирози ҷомеаи журналистӣ то андозае сабаби қабул нашудани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуот ва дигар ВАО” дар парлумон гардид.
Оқои Орумбекзода баъди ҷаласаи парлумон дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, меъёри радкардаи вакилони парлумон то ҷое ба қонунгузории феълӣ мухолифат дошт. Тибқи ин меъёр, ки вакилони парлумон онро рад карданд, мақомоти баҳисобгиранда - Вазорати фарҳанг ҳуқуқ пайдо мекард, дар асоси пешниҳоди додситонӣ фаъолияти ВАО-ро то се моҳ мутаваққиф кунад.
Вазири фарҳанг инчунин дар пасманзари сарусадо оид ба маҳдудшавии озодии сухан ва бастани матбуоти ғайридавлатӣ изҳор дошт, мақомот чунин мақсад надоранд. Ӯ афзуд, Вазорати фарҳанг ҳавасманду манфиатдор аст, ки теъдоди нашрияҳо бештар гардаду ҷойҳои бештари корӣ муҳайё шаванд.
Шамсиддин Орумбекзода ҳадафи пешниҳоди тағйирот ба қонуни матбуотро ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо хонд, зеро ба гуфаи ӯ феълан дар бархе расонаҳо матлабҳои зиддинажодию миллӣ ба назар мерасанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |