Бахшҳо

Вазири нақлиёт: Аз пулакӣ кардани роҳҳо даст намекашем

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, барои ширкатҳое, ки омодаанд, дар кишвар роҳҳои пулакӣ бунёд намоянд, иҷоза дода хоҳад шуд.

Ганҷалзода, имрӯз, 3 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе пулакӣ кардани роҳҳоро таҷрибаи роиҷ дар ҷаҳон ва яке аз роҳҳои ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи нақлиёт хонд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳукумат дар солҳои наздик нақшаи пулакӣ кардани ягон роҳи кишварро надорад: “Аммо аз ин таҷриба даст кашиданӣ ҳам нестем. Ширкатҳое ҳастанд, ки омада роҳи пулакӣ месозанд, якчанд сол истифода мебаранд ва пулашонро ҷамъ мекунанду роҳро боз супорида мераванд. Дар шароити кӯҳсори мо ин чизро карда намешавад, аммо дар минтақаҳои ҳамвор имкон дорад. Роҳи будагӣ мемонад ва агар ширкате пайдо шавад, ки аз нуқтаи А то Я роҳ созаду пулакӣ кунад, барои чӣ не?!”.

Дар Тоҷикистон роҳи пулакии Душанбе–Бӯстон-Чаноқ аз соли 2010 ин ҷониб фаъол аст, ки феълан ягона дар кишвар мебошад. Ба гуфтаи вазири нақлиёт ин роҳ ба муддати 30 сол ба ширкати IRS дода шудааст ва тибқи шартнома таъмиру тармими ин роҳ бар дӯши ширкат аст.
Мӯҳр
Мухтарам вазир шумо нагуфтед ки барои чи рох дар Бадахшону Хатлону Рашт пулаки нею дар Сугд пулаки шудааст? Е пешвои миллат ваъда дода буданд,ки рохи Бустон Чанох пулаша барзиед баровард акнун бояд ройгон бошад аммо афсус он дар руи когаз боки мемонад

Ба савол додан дер шуд? Як саволам буд..

Ягон илочаша ёбеду хаворо хам пулакй кунед!

баха
Дар хар хона учочик шинонда хаворо пулаки кунеж

шопир
Харч агар аз кисаи мехмон бувад,
Хотами тойи шудан осон бувад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)