Бахшҳо
03 фев 2016 16:57Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Афзоиши ҷиноятҳои террористӣ, қаллобӣ, худсарона ишғол намудани замин дар Суғд

Додситони вилояти Суғд мегӯяд, дар соли 2015 ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, дуздӣ, қаллобӣ, сохтакорӣ, расонидани зарари миёна ба саломатӣ, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва ва худсарона ишғол намудани замин зиёд ба қайд расидааст.

Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, давоми соли сипаришуда 344 ҳолати ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистидошта сабт гардидааст, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли 2014 ҳамагӣ ба 179 мерасид. Ҷаноби Воҳидов гуфт, вобаста ба ин ҷиноятҳо алайҳи 408 нафар 210 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст: “Дар соли 2014 алайҳи 123 нафар ҳамагӣ 43 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буду халос”.

Додситони вилояти Суғд дар идома афзуд, соли сипаришуда дар ҳудуди вилоят дар маҷмӯъ 5 ҳазору 982 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба соли 2014 801 адад ё 15,4 дарсад зиёд мебошад. Ӯ афзуд, дар як соли ахир 920 ҷинояти дуздӣ, 896 қаллобӣ, 140 сохтакорӣ, 107 расонидани зарари миёна ба саломатӣ, 379 вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, 16 ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ ва 228 ҳолати худсарона ишғол намудани замин сабт шудааст.
Мӯҳр
шер
яке аз коидахои худсарона аз худ кардани замин дар д.рукнободи ш.панчакент аз чониби заминсоз чамоат мебошад.ачоибии кор ин аст ки замигсоз Абунасров Т. гуë маркази ангишттаъминкунии чамоатро месохта бошад.дар асл гирем дар панч е шаш квадрат чой дах дувоздах копча ангишт мебараду монд то ки рузе хангоми тафтишот онхоро ба раисон нишон дихад.е пас аз як бурда нону ду тухми нимпаз онхо хам мераванд.
Ангиш дар Айниву маркази ангишттаъминкуни дар рукнободи панчакент...хаахахаааа....чоп кунед озодагон.

косим
салом
Чи омори ваҳшатноке аст оё пулис бо бизнесе ки дар зиндоҳо хотима медиҳад. ё дубора дузду нашъаҷалобро гирифта аз ӯ пулу пора мегиранду боз ба озоди ва миёни ҷомеъа раҳо месозад.
чаро пулсҳо бо ин маоши кам бозам пулис мешавад? манбаи даромадашон аз куҷост? Оё ғайр аз ҷеби ҷинояткорон ва хонаводаи гумонбаршудаҳо аст?
сабаби асосии зиёд шудани дузди ва ҷиноят ғайр аз бекорию бепули, батавҷуҳии масулон ну мансабдорони марбута аст. ки бояд ба ҷавонон ва шаҳрвандон таваҷҷуҳ кунад? роҳҳои чора чист? Оё роҳҳоро медонанду амал намекунанд мақомот, ё воқеан намедонанду сардаргуманд, ё кадраҳои бесавод ва бо тағо ба мансабҳо мерасад ки натиҷааш ҷуз бесуботтар шудану зиёдтар шудани ҷиноят нест? ва .....
100000 .... сулои дигар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)