Бахшҳо
08 фев 2016 10:54Тоҷикистон / Сиёсат

Додситонӣ мансабдоронро дар фурӯши амвол ба Кабирию Назарзода айбдор хонд

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Абдуҳалим Назарзода, собиқ ноиби вазири мудофиаи кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи 151 миллион сомонӣ мулу мулкро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд.

Сафаралӣ Мирзозода, сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон имрӯз, 8 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, алайҳи амволи Кабирию Назарзода аризаҳои даъвогиро дарёфт кардаанд: “Аризаҳои даъвогӣ барои рӯёндани молу мулк ба маблағи 7 миллион сомонӣ ворид гардидаанд”.

Сарпрокурори ҳарбӣ дар фурӯши ғайриқонунии амволи давлатӣ ба Назарзодаю Кабирӣ мансабдоронро низ гунаҳкор хонда, афзуд, дар бархе ҳолатҳо вақти хусусигардонӣ дар мақомот ҳам қонуншиканӣ сурат гирифтааст: "Вобаста ба он ки аз пеш чаро зери назорат нагирифтанд ва чаро баъд ошкор карда шуд? Дар ҳақиқат ҳаст ҳолатҳое, ки ғайриқонунӣ амавол аз тарафи мақомот ба моликияти шахсӣ гузаронида шудаанд ва аъзои дастаи террористӣ аз ин сӯиистифода карданд. Тафтишоти пешакӣ қарорҳои ғайриқонуниро ошкор кард ва онҳо бекор карда шуданд”.

Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ки масъули идора ва хусусигардонии амволи давлатӣ дар кишвар мебошад, 3 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки дар мавриди амволи ғайриқонунӣ хусусикардаи Назарзода ва Кабирӣ феълан тафтишот идома дорад ва "мо ахбори иловагӣ надорем".

Қодири Қосим афзуд, ки баъди ба моликияти давлат ворид намудани амволи ғайриқонунии ин афрод, масъулини Кумита барои истифодабарии минбаъдаи он чораандешӣ хоҳанд кард.

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 2 феврал иттилоъ дод, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Абдуҳалим Назарзода, собиқ ноиби вазири мудофиаи кишвар даҳҳо амволи давлатиро ғайриқонунӣ хусусӣ кардаанд.

Тибқи иттилои Оҷонсии зидди фасод дар 12 биною иншооти хусусигардонидаи Абдуҳалим Назарзода ва наздикони ӯ санҷиши дурустию асоснокии хусусигардонии амволи давлатӣ гузаронида шуда истодааст: “Танҳо дар 8 иншоот муайян гардид, ки ҳангоми хусусигардонии амволи давлатӣ ва ҷалби қарзҳои бонкӣ бо роҳи сохтакорӣ ба давлат 5,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст”.

Дар мавриди амволи Муҳиддин Кабирӣ масъулини Оҷонсӣ изҳор доштанд, ки гуруҳи фаврӣ - тафтишотӣ 42 биноҳои маъмурию манзилҳои истиқоматӣ ва 70 номгӯи молу амволи дигари ӯ ва наздиконашро ошкор гардидааст. Оҷонсӣ мегӯяд, Кабирӣ низ даҳҳо амволро ғайриқонунӣ аз худ кардааст.
Мӯҳр
Сорбони Ошик.
Эх Мухиддин Мухиддин,сохиби илму маьрифати бузург будиву хатохо карди.. Минбархои баланд,обуру хурмату эхтиром,хамсару фарзандони худодод,..Боз дилбаорне будаанд,ки арзи ишку мухаббати худро хаккони ошкор сохтаанд.Чи намерасид.?Дар хаети кутохи одами,кисмати инсон хар хел будааст,чое марде хатто имкон надорад,ки хонумеро дустдориш кунаду зиндагиро шириниашро фахмад,муяссараш намешавад,е умри у кутохи мекунад,е умри он хонум,Е фазое руи кисматро мепушонад,ки ин орзухо ба чуз мачозиву хаели динар суробе нест..Хело хам марди хушбахт буди.Ба марде худо намедихад,ки тпбассуми зебоеро дар ру ба руяш бинад, .Ба бисер мардон олами табассум хело ва хело ....арзон будааст.

ШОХИД
ЧУМЧИ??????????????????????? ХЕЧИ НТОНИСТМ БФАХМАМ........

хак
Ин кас ягон курсии хукумат надошта ин кадар биноу амвол доштабошад чи расад вакти ин хукуматихо аз мансабравнд чи бойигари доштабошан бай бай бай

Инхели ки пеш меравад аз 8 милиён чамъияти точикистон дар сурати лузум метавон хамаашро чинояткор номид агар болонишинон бихоханд.
Зайд саид намунаи бориз.

Чанобон ба нохияи Спитамен хам омада тафтиш кунен бо бахонаи легализация хама заминхои оби иншоотхои ичтимои майдонхои истирохати кудакистонхо иншоотхои обтаминкуни иншоотхои фарханги фермахо истгоххои наклиётхои хочагии кишлок корхонахои истехсолию коркард гайриконуни несту нобуд карданд ки имруз онхо дар байни мардум раис пулдор сохибкор ва мансабдор ном доранд. Аз хама ачибаш аъзои ХХДТ аст. Кай ин иншоотхои ичтимоию фарханги ба холати аввалаш баргардонида мешавад. Баргардонед бо дер нашавад.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)