Бахшҳо

Раҳоии журналисти тоҷик баъди 8 соати боздошт

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, ки аз сӯи марзбонҳои қирғиз бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз боздошт шуд, раҳо шудааст. Ӯро тақрибан соати ҳашти шом, баъди 8 соати боздошт озод кардаанд.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб гуфтааст, ӯро ба убури ғайриқонунии марз айбдор кардаанд, дар ҳоле ки дар он минтақа ягон аломати рӯшани ба Қирғизистон тааллуқ доштанаш дида намешуд. Дар посух ба эътирози ин хабарнигор марзбонҳои қирғиз аломатеро нишон додаанд, ки дар канори ҷӯ дар ҷойи нонамоён гузошта шудаву навиштаи “Рустои Мақсат”-ро доштааст.

Қаблан, манобеи “Озодагон” аз ҳукумати вилояти Суғд гуфтанд, миёни ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои раҳоии Маъсуми Муҳаммадраҷаб гуфтугӯҳои телефонӣ идома доранд. Ба қавли манбаи мо, бар асоси қоидаҳои байналмилалӣ санади маъмурӣ тартиб дода шуда, хабарнигор раҳо мешавад.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб рӯзи 8 феврал аз сӯи неруҳои марзбонии Қирғизистон боздошт шуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ оқои Муҳаммадраҷабро дар ҳудуди Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир кардаанд. Гулмира Борубоева, сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба ин расона гуфтааст, Маъсуми Муҳаммадраҷаб барои нақзи қоидаи марзи давлатӣ боздошт шудааст. Ба қавли ӯ, “ин ҷавобгарии маъмурӣ дорад. Шахсияти хабарнигор ва ҳуҷҷатҳояш тафтиш шуда, баъдан протокол тартиб дода хоҳад шуд”.

Хонум Борубоева афзуда, баъди тартиби санад Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз боздош раҳо мешавад: “Ман гуфта наметавонам, ки давоми як соати ё чанд соат озод мешавад. Вале давоми рӯз озод мешавад. Дар зери ин боздошт ягон нимкоса нест. Мо ба ҳамаи масъала омода ҳастем, проблема надорем. Фақат дар инҷо нақзи қоидаи марзи давлатӣ аст”.

Хабарнигори бахши тоҷикии Озодӣ дар пайи боло шудани парчмаи Қирғизистон дар болои хонаи ду сокини Овчӣ-Қалъача ба ин ҷамоат рафт, то вазъро аз наздик пайгирӣ кунад. Бино ба иттилои расида, нисфишабии 6 феврал ҳудуди 40 марзбони қирғиз вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар болои манзили зисти ду сокини ҷамоати Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парчами кишварашонро насб кардаанд. Ба иддаои сарҳадбонҳои қирғиз, ин ду манзил дар хоки Қирғизистон ҷойгир аст ва соҳибонашон бояд онҳоро холӣ кунанд.
Мӯҳр
аҷаб таззоди зиндагӣ. хонаи тоҷикро дар буму хокаш азхуд мекунанд, панрчамашонро меафрӯзанд ва мехоҳанд базӯрӣ пораи хоки Ватанаи азизро азхуд кунанд, вале касе вокуниш намесозад. Ба қавле генерал интизор аст, ки ин ҳамсоячҳои ғосиби мо чӣ ҷавоб хоҳанд гуфт. Нангу гомус куҷо шуд, фарру карри тоҷикӣ ку? Бояд парчамро поён фарофард ва ба даштҳои қирғиз фиристод то орзуи хоку марзи моро тдарт дил напарваранд. Бародар Маъсум барои шумо барори кор мехоҳам, ва Худо нигаҳбонатон.

Мы легко отдаем свои родные земли...не важно кому, кыргыз. или еще кто. Они сильнее нас и захватывают нашу территорию.
Странно, кучка на верху смогла навредить нашей нации, больше греков, арабов, монголов, чагатаев и прочих пришлых...хотя Родная земля самое святое...Тимурмалик всегда носил с собой горстку земли Родины. Яздигурд III был проклят из - за того, что отдал мешок земли арабам...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)